Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

Қарордоди хизматрасониҳои машваратӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи истифодаи тасмаи бехатарӣ дар автомобилҳо ба имзо расид

Санаи нашр: 03-04-2024 Просмотрено: 1185

Дар доираи марҳилаи чоруми лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ (БРАМОМ-4)» 3 апрел дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарордод  оид ба баланд бардоштани масъулияти ронандагон вобаста ба истифодаи  тасмаи бехатарӣ зимни ҳаракати воситаҳои нақлиёт ба имзо расид. Онро аз ҷониби фармоишгар  Вазири нақлиёти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва аз ҷониби татбиқкунанда  Директори Ширкати  консалтингии EASST Expertise LTD-и Британия Кабир Эмили Карр имзо  карданд.

      Дар маросими ба имзо расонидани қарордод сардори шуъбаи ташвиқотиву тарғиботии Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҶТ Саидмуъмин Ҳасанзода,, сардори Шуъбаи кор бо сармоягузории хориҷии Вазорати нақлиёти ҶТ Суҳроб Нурулло ва ҳамоҳангсози лоиҳаи «БРАМОМ-4»-и Гуруҳи татбиқи лоиҳаҳои назди Вазорати нақлиёт Усмон Сиддиқов ҳузур доштанд.

       Мақсад аз ба имзо расонидаи қарордоди мазкур тақвият бахшидани санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ оид ба баланд бардоштани масъулияти ронандагони воситаҳои нақлиёт, истифодаи ҳатмии  тасмаи бехатарӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳ, ба роҳ мондани  маъракаи васеи иттилоотӣ оид ба зарурат ва афзалиятҳои истифодаи тасмаи бехатарӣ ва дар маҷмуъ якҷоя татбиқ намудани ин воситаҳои ҳифзи ронандагону мусофирон мебошад.

     Мавриди зикр аст, ки мутобиқи муқаррароти моддаи 333 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳолати истифода набурдани тасмаи бехатарӣ тибқи қонунгузорӣ муҷозоти маъмурӣ пешбинӣ шудааст. 

Вобаста ба ин аз ҷониби Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳо таҳия  ва мавриди амал қарор дода шудааст, ки, аз ҷумла, ташвиқу тарғиби истифодаи тасмаи бехатарӣ, пахши филм тавассути шабакаҳои телевизион дар ҳудуди 12 дақиқа дар бораи оқибатҳои вазнин ба бор овардани истифода набурдани тасмаи бехатарӣ, гузаронидани рейдҳои муштараки назорати иҷрои истифодаи тасмаи бехатарӣ ва ғайраро дарбар мегирад.  

Аз ҷониби Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати таъмин намудани назорати доимии истифодаи тасмаи бехатарӣ Гуруҳи алоҳида таъсис дода шудааст.

       Ширкати машваратии EASST Expertise LTD тасмим гирифт, ки   5 апрели соли ҷорӣ  оид ба оғози корҳо дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намояндагони вазорату  идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои дахлдори кишварамон лоиҳаи мазкурро муаррифӣ менамояд.

      Тибқи қарордод, муҳлати иҷрои тадбирҳои машваратӣ 18 моҳро ташкил медиҳад.