Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

Тоҷикистон ва Туркманистон тасмим гирифтанд, ки нархгузории ягонаро барои интиқолдиҳандагон ба роҳ мемонанд

Санаи нашр: 05-04-2024 Просмотрено: 1746

Тоҷикистон ва Туркманистон низоми ягонаи нархгузориро дар соҳаи нақлиёт ва логистика таҳия ва ҷорӣ хоҳанд кард. Дар ин бора Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Директори еенералии Агентии нақлиёт ва коммуникатсияи назди Девони вазирони Туркманистон Маметхон Чакиев ба мувофиқа расиданд.

 Роҳбарони мақомоти нақлиёти ду кишвар  дирӯз, 4 апрел дар Душанбе пас аз анҷоми вохӯриҳои расмӣ ва гуфтушунидҳои сатҳи баланд дар доираи сафари расмии Пешвои миллии мардуми Туркманистон, Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбангулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот карданд.

 Азим Иброҳим ва Маметхон Чакиев ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкории зич ва мутақобилан судмандро миёни марказҳои логистикии ду кишвар ба роҳ мемонанд, ба нархгузорӣ муносибати ягона зоҳир намуда, барои хизматрасониҳои байналмилалии боркашонӣ нарҳое ҷорӣ мекунанд,  ки барои интиқолдиҳандагон қулай бошанд.

 Ёдовар мешавем, ки зимни мулоқоту гуфтушунидҳои расмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Халк Маслаҳатии Туркманистон, Пешвои халқи туркман Қурбангулӣ Бердимуҳаммадов масъалаҳои рушду густариши робитаҳо дар соҳаҳои ояндадори иқтисодиёт, аз ҷумла нақлиёт ва боркашониро баррасӣ намуданд.

 Ба дурнамои густариши интиқоли транзитии борҳои тоҷик тавассути Туркманистон ва бунёди  долони нақлиётӣ, ки ду кишварро бо дастрасӣ ба баҳри Каспий ба ҳам мепайвандад, диққати махсус дода шуд. Ҷонибҳо зикр карданд, ки талошҳои ҳарду кишвар бояд барои расидан ба ҳадафи асосӣ – бунёди инфрасохтори боэътимод ва муосир, ки  системаҳои нақлиётии Осиеи Марказӣ ва дигар минтақаҳоро таъмин метавонд, равона карда шаванд.

 5 августи соли 2021 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари давлатии худ ба Туркманистон ҳамроҳ бо Президенти ин мамлакат муҳтарам Қурбангулӣ Бердимуҳаммадов аз Бандари байналмилалии баҳрии Туркманбошӣ дидан намуданд. Сарвари давлати Тоҷикистон бо роҳбарияти бандар оид ба ташкили ҳамкории судманд бо мақсади интиқоли бор аз Тоҷикистон, истифодаи ин марказ барои ворид шудан ба бозорҳои кишварҳои дигар, ба роҳ мондани воридот ва содироти маҳсулоти гуногун аз Тоҷикистон сӯҳбати  гарму самимона анҷом доданд.

 Таъкид гардид, ки ба роҳ мондани алоқа тавассути Бандари байналмилалии Туркманбошӣ яке аз омилҳои муҳими таҳкиму густариши муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон дар самти ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт хоҳад буд, ки барои ҳарду ҷониб судманд аст.

 Дар он ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати нақлиёт, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва роҳбарияти Корхонаи воҳиди Давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҷиҳати истифодаи самарабахши имкониятҳои ин бандар дастуру супоришҳо доданд.

 Аз рӯи натиҷаи гуфтушунидҳои сатҳи баланд миёни Тоҷикистону Туркманистон дар қатори дигар санадҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт се санади дигар – Созишнома байни Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамлу нақли бору мусофирон ва Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи интиқоли маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ба имзо расиданд.

  Тоҷикистон ва Туркманистон соли гузашта муносибатҳои байни ҳамдигарро ба сатҳи шарикии стратегӣ бардоштанд. Ин натиҷаи асосии музокироти Президентҳои ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Сардор Бердимуҳаммадов дар ҷараёни сафари давлатии Сарвари Туркманистон ба Тоҷикистон буд, ки 10 - 11 майи соли 2023 сурат гирифт. Ашқобод ба нишони дӯстӣ ба Душанбе роҳи баромадан ба бандарҳои Туркманистон дар баҳри Каспий ва якҷоя сохтани долони нави нақлиётиро пешниҳод кард.