Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ДАР ЧАНД САТР. Рӯйдодҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон

Санаи нашр: 08-04-2024 Просмотрено: 1198

Дар ин бахш бо хабарҳои кӯтоҳ дар бораи рӯйдодҳо, ҳодисаҳо, изҳорот, дастовардҳо, арзёбиҳо, раддабандиҳо, пешгӯиҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон  шинос шавед.

                                ДАР ТОҶИКИСТОН

29-30 майи соли 2024 дар шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарони  мақомоти нақлиётии кишварҳои хориҷии наздик ва дур ва созмонҳои байналмилалӣ баргузории Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Роҳ ба Тяньшань» ба нақша гирифта шудааст.

 Дар доираи конфронс масъалаҳои ҳамлу нақли байналмилалӣ, масъалаҳои марбут ба занҷири таъминоти бор тавассути хатсайрҳои амалкунанда баарасӣ гардида,вохӯриҳо бо масъулини кишварҳои хориҷии наздик ва дур доир карда мешаванд.

                                         ***       

25 март соати 18:30 ронандаи мошини «Мерседес-Спринтер», сокини шаҳри Душанбе Саидалӣ Саидхуҷаев ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи «Деҳқонобод» дар Ҳисор аз уҳдаи идораи мошин баромада натавонист ва сокини 10-солаи деҳаи мазкур Билол Комилҷоновро, ки дар скутери барқӣ савор шуда буд, пахш кард. Дар натиҷа, писарак бар асари ҷароҳатҳои вазнин дар ҷои  ҳодиса вафот кард.

Тафтиш гузаронида, сабабу ҳолатҳои садамаи нақлиётӣ муайян карда мешаванд, хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

                                           ***

  Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон масъалаи танзими ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ ва таъмири роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ баррасӣ гардид. Дар ин бора 29 март НИАТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар дод.

Раиси вилоят Алишер Мирзонабот зикр намуд, ки бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии молиявии Ҳукумати мамлакат роҳи мошингарди «Душанбе — Хоруғ — Кулма» таҷдиду навсозӣ гардид ва корҳо дар ин самт аз маркази ноҳияи Дарвоз то даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон идома доранд.  Гуфта шуд, ки роҳҳои маҳаллӣ дар қаламрави вилоят марҳила ба марҳила пурра нав карда мешаванд.

Дар робита ба ин, ба раисони шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки дар доираи имкониятҳои худ роҳҳои аҳамияти маҳаллиро таъмир кунанд, то ки  рафтуомади аҳолӣ ба маркази вилоят ва ноҳияҳо осон гардад.

Ҳамзамон, оид ба тавсеа бахшидани корҳои ободонӣ,  кабудизоркунӣ ва тоза нигоҳ доштани атрофи роҳҳо, шинонидани дарахтони ороишӣ ва сояафкан дар канори роҳҳо дар ҳар як ноҳия супоришҳо дода шуданд.

                                           ***

5 апреля 2024 года  дар толори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар вилояти Хатлон бо иштироки баргузор гардид.

Дар он аъзои Шуро  натиҷаҳои санҷишу тафтишоти ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, бахусус садамаҳои нақлиётӣ дар ҳудуди вилояти Хатлонро мавриди муҳокима қарор доданд.

  Прокурори вилоят Авазҷон Назарзода иброз дошт, ки масъалаи муҳокимашаванда яке аз мушкилоти ҷомеа маҳсуб ёфта, зиёд гардидани ҳодисаҳои роҳу нақлиёт боиси ташвиши мақомоти ваколатдори соҳа гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳудуди вилоят бар асари садамаҳои нақлиётӣ соли 2023-юм 237 нафар фавтидаанд, ки нисбат ба як соли пеш хеле зиёд мебошад.Сабабҳои ба вуқуъ пайастани садамаҳои нақлиётӣ бо суръати баланд ҳаракат кардан, қоидаҳои сабқатро риоя накардан, нигоҳ надоштани фосилаи дахлдор, риоя накардани қоидаҳои аз чорроҳа гузаштан, дар ҳолати мастӣ идора кардани воситаҳои нақлиёт, хоб бурдан дар сари чанбараки воситаи нақлиёт, бе ҳуҷҷати ронандагӣ рондани мошин арзёбӣ гардид.

Вобаста ба ин гуфта шуд, ки мақомоти дахлдорро лозим аст, ки ҷиҳати кам намудани садамаҳои нақлиётӣ корҳои назоратии иҷрои қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро ҷоннок намоянд.

                                        ***

Рузҳои 8 – 10 апрел дар шоҳроҳи «Душанбе-Чанок» ва ноҳияҳои ғарбии  ВМКБ хатари фаромадани тарма боқӣ мемонад, дар ноҳияҳои наздикӯҳии вилояти Хатлон эҳтимоли омадани сел пешбинӣ мешавад, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҶТ.

Дар робита ба ин, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ронандагон ва дӯстдорони кӯҳнавардӣ ва сайёҳии велосипедронӣ хотиррасон мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар минтақаҳои кӯҳӣ бояд техникаи бехатарӣ ва  фосилаи муқарраршудаи ҳаракат дар роҳро қатъиян риоя  намоянд.

                                    ДАР МИНТАҚА

Вазорати нақлиёти Қазоқистон қоидаҳои нави гирифтани иҷозатнома барои ҳамлу нақли автомобилиро таҳия кард. Хабаргузории Sputnik рӯзи 17 март иттилоъ дод, ки  вазорат лоиҳаи фармонро дар бораи ворид кардани тағйирот ба низоми тақсимоти бланкҳои иҷозатномаи хориҷӣ омода кардааст.

 Тарзи нав додани бланкҳоро ба интиқолдиҳандагони Қазоқистон бе ягон маҳдудият пешбинӣ мекунад.

 Тарзи кӯҳна барои маҳдуд кардани рақобат шароит фароҳам меорад – ба аксари интиқолдиҳандагон дар давоми сол бланкҳои барои кор зарур намерсанд, зикр мекунад Вазорати  нақлиёти ҶҚ.

Дар ин ҳолат, одатан шумораи зиёди иҷозатномаҳои истифоданашуда мушоҳида карда мешаванд, ки дар охири сол ба система бармегарданд. Ҳамин тавр, дар соли 2023 ҳудудан 53% варақаҳои истифоданашуда баргардонида шуданд.

Илова бар ин, тибқи низоми амалкунанда, бланки иҷозатнома ба интиқолдиҳандагон дар шакли холӣ ба мӯҳлати 100 рӯзи тақвимӣ дода мешавад. Ин равиш барои фурӯши бланкҳо дар бозори соя бо нархи тахминӣ замина фароҳам меорад.

Имрӯз Қазоқистон боркашонии байналмилалии автомобилро бо 42 кишвари ҷаҳон амалӣ менамояд, ки аз инҳо 40 кишвар системаи иҷозатдиҳиро пешбинӣ мекунанд. Соли 2023 бо ин давлатҳо табодули 270,8 ҳазор адад иҷозатномаҳо амалӣ гардиданд Бланкҳо дар байни интиқолдиҳандагони Қазоқистон бо системаи автоматикунонидашуда тақсим карда шуданд.

                                           ***

Вазорати корҳои дохилии Узбекистон лоиҳаи тағйиру иловаҳоро ба Коидаҳои ҳаракати роҳ таҳия кард, ки тибқи он ҳаракати воситаҳои ҳаракати инфиродӣ (ВҲИ) , аз ҷумла скутерҳои барқӣ танзим карда мешавад. Пешниҳод карда мешавад, ки идоракунии онҳо аз ҷониби шахсони то 14-сола манъ карда шавад.  ВҲИ метавонанд дар роҳравҳо бо суръати то 6 км/соат, дар қисми роҳ то 20 км/соат ҳаракат кунанд.

                                         ***

Дар Қазоқистон пешниҳод шудааст, ки нархи роҳҳои пулакӣ боло бурда шавад. Дар ин бора 15 феврали соли 2024 дар долонҳои Вазири нақлиёти ҶҚ Марат Карабаев изҳор дошт, хабар медиҳад Zakon.kz.

Ба гуфтаи ӯ, пешниҳод шудааст, ки нархи роҳҳои пулакӣ 2-3 маротиба боло бурда шаванд.

«Ман дафъатан мегӯям, ки 2-3 маротиба-чунин нахоҳад шуд, аммо % хоҳад буд. Мутахассисони мо бояд ҳисоб кунанд, ки барои хидматрасонии роҳҳо барои хариди 1100 адад техника чӣ қадар маблағ лозим аст. Албатта, мо наметавонем ҳамаи инро якбора ба пардохт гузорем. Мебинем, ки тадриҷан  кадом хазина меафзояд ва кадом қисми хароҷоти моро мепӯшонад ва  бо назардошти ин мо қарорро нашр хоҳем кард», - гуфт Вазир. Вай итминон дод, ки болоравии тарифҳо барои роҳҳои пулакӣ бо ҷомеа баррасӣ хоҳад шуд.

                                         ***

Аз 1 марти соли 2024 дар ҳашт минтақаи Қазоқистон маҳдудият барои мошинҳои гаронвазн ҷорӣ карда шуд. Дар ин бора Вазорати нақлиёти ҶҚ ба хабаргузории Zakon.kz. иттилоъ додааст.

Вазорат шарҳ дод, ки ҳар сол дар фасли баҳор маҳдудияти муваққатии ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо бори зиёда аз 8 тонна ба меҳвари ягона барои ҳифзи роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ  ҷорӣ карда мешавад  

                                  ДАР ҶАҲОН

 Ширкатҳои ҷопонии Suzuki ва Skydrive ба истеҳсоли мошинҳои (болдор) парвозкунанда шурӯъ намуданд. Ин мошинҳо бори аввал дар доираи Намоишгоҳи ҷаҳонии Expo-2025 дар шаҳри Осака  ба маърази тамошо гузошта мешаванд. Истеҳсолкунандагон эълон карданд, ки ба сохтани чунин  мошинҳо шурӯъ мекунанд.

Дар назар аст, ки пас аз чанд сол онҳо паркҳои таксиро пур кунанд ва инчунин барои зуд ба назди беморон расонидани табибон истифода шаванд.

Ширкатҳо ният доранд, ки соли 2026 ба шахсони хусусӣ фурӯш кушояд ва модели аввал SKYDRIVE (SD-05) хоҳад буд, ки барои се нафар, аз ҷумла халабон пешбинӣ шудааст.

 Масофаи  дуртарини парвоз 15 км хоҳад буд ва чунин мошин бо ёрии 12 муҳаррики барқӣ ба ҳаракат дароварда мешавад.

 Истеҳсолкунандагон хабар доданд, ки суръати баландтарини ҳаракати мошин 100 км/соатро ташкил медиҳад. Он ба таври рост (вертикалӣ) парвоз мекунад ва фуруд меояд.

                                            ***

Имрӯз саҳнаҳои филмҳои илмӣ-фантастикӣ ба воқеият табдил меебанд: 18 марти соли 2024 аввалин дар ҷаҳон «таксии ҳавоӣ» - и бесарнишин ба фурӯш бароварда шуд. Дар ин рӯз дар яке аз бозорҳои Чин фурӯши  нахустин «таксии ҳавоӣ»-и бесарнишини ҷаҳон EHang EH216-S, ки аз ҷониби  ин кишвар мустақилона таҳия ва истеҳсол шудааст, оғоз ефт, хабар медиҳад «Жэнмин жибао».

Соли гузашта аэротакси сертификати қобилияти парвозро гирифта буд, ки танҳо ба парвозҳои тиҷоратӣ дахл дорад. Арзиши ҳавопаймо 2,39 миллион юанро (тахминан $ 327 867) ташкил медиҳад. Дарозии аэротакси дуҷоя EH216-S 6,05 м, паҳнояш 5,73 метр ва баландии 1,93 метр мебошад. Зоҳиран ҳавопаймои бесарнишини зеҳнӣ бо парвоз ва нишасти амудии EHang EH216 – S ба чархбол монанд аст, аммо бо 8 ҷуфт винт муҷаҳҳаз карда шудааст. Суръати баландтарини ҳаракати он ба 130 км/соат мерасад, масофаи дуртарини парвоз - 30 км. Дастгоҳ аз замин бо системаи фармондеҳӣ ва идоракунӣ дастгирӣ карда мешавад.

                                           ***

Акнун шумо дар бораи мошини худгард (бесарнишин) маълумот доред. Вале оё медонед, ки киштии худгард низ ҳаст? 

Дар шаҳри Даляни вилояти Ляонин Гурӯҳи илмию тадқиқотии Чин киштии дар ҷаҳон пешрафтаи бесарнишинро месозад, хабар медиҳад «Жэнмин жибао».

Ин киштӣ метавонад ҳамзамон барои таҳқиқоти илмӣ ва омӯзиш истифода шавад. Дар киштӣ зиёда аз 15 ҳазор нуқтаҳои автоматикунонидашудаи идоракунӣ насб карда шудаанд, ки нисбат ба киштии оддӣ 30 маротиба бештар аст. Шабакаҳои  иловашудаи 4G ВА 5G интиқоли босуръати маълумоти зиёдро таъмин мекунанд.

Дар айни замон озмоишҳои васлкунии киштӣ идома доранд. Мувофиқи суръати кор, моҳи майи соли равон озмоиши ҳаракат оғоз меёбад ва дар охири моҳи июн супоридан ва қабул кардани киштӣ амалӣ карда мешавад, сипас марҳилаи санҷиши зеҳнӣ, таҳқиқоти илмӣ ва омӯзиши зеҳнӣ  шуруъ мегардад. Тибқи нақша, дар давоми шаш моҳи пас аз супоридани ин киштӣ, идоракунии  аз масофаи дур дар  заминаи соҳил гузаронида мешавад ва як сол пас интизор меравад, ки озмоишҳои мустақили навигатсионӣ таҳти назорати мутахассисон  сурат мегиранд.

                                         ***

Аз 1 апрели соли 2024 дар Русия қонун дар бораи бекор кардани андозбандии дукарата барои дилерҳо ба ҳукми амал медарояд. Агар пештар ҳангоми фурӯши мошинҳои истифодашуда    байни шахсони ҳуқуқӣ онҳо маҷбур буданд, ки андози арзиши иловашударо дубора пардохт кунанд (дар асл аллакай ба арзиши мошини нав гузошта шудааст), пас акнун ин корро кардан лозим нест.

Танҳо фарқи байни арзиши фурӯш ва хариди мошин андозбандӣ карда мешавад.

                                         ***

Дар Челябински Русия трамвайҳои «ҳушманд» ба кор дароварда шуданд, ки метавонанд шумораи мусофирони воридшуда ва теъдоди чиптаҳои пардохтшударо муайян кунанд. Дар ин бора  ОТРхабар медиҳад.

Дар вагонҳо системаи назорати обу ҳаво пешбинӣ шудааст. Инчунин, вазъи саломатии ронанда назорат карда мешавад.

Трамвайҳо дар заводи вагонсозии Усть-Катав истеҳсол карда мешаванд.

«Бо ҳар як вагони нав ҷолибтар ва ҷолибтар мешавад ва барои ронандагони мо беҳтар ва беҳтар кор кардан лозим аст. Худи кабина тағйир ёфт, яъне мо аз ҳамтои худ дур шудем, ба идоракунии электронӣ, ба идоракунии сенсорӣ расидем. Аллакай системае, ки вагонро идора мекунад, ба ронанда кӯмак мекунад», — изҳор дошт Владимир Старицын, ронандаи трамвай.

 Қаблан НСН  хабар дода буд, ки сохтмони  Шоҳроҳи ҷанубӣ дар Маскав то охири соли 2024 ба анҷом мерасад.

                                         ***

Мутобиқи барномаи нақлиётии Маскав, то соли 2030 сафарҳо бо мотороллерҳои барқӣ ва дигар воситаҳои ҳаракати инфиродӣ (ВҲИ) аз 350 ҳазор то 750 ҳазор дар як шабонарӯз зиёд мешаванд. Чунин маълумотро дар блоги худ 6 марти соли 2024 шаҳрдори пойтахти Русия Сергей Собянин нашр кард.  Вай зикр кард, ки ин рақамҳо бо ҷараёни ҳамлу нақли мусофирони метро қобили муқоисаанд.    

                                        ***

Дар Русия шаҳодатномаҳои ронандагие, ки муҳлати истифодаашон солҳои 2024 ва 2025 ба охир мерасанд, ба муддати се сол тамдид карда шуданд.

Акнун шаҳрвандон метавонанд дар давоми се сол шаҳодатномаи ронандагии муҳлаташ дар соли 2024 ё 2025 ба охир расидаро истифода баранд. Тағйироти дахлдор аз 28 декабри соли 2023 эътибор пайдо кард.

                                           ***

Ҳукумати Федератсияи Русия бо қарори № 243 аз 29 феврали соли 2024 содироти бензини молиро аз Русия муваққатан манъ кард.

Манъи содироти бензини молӣ (кодҳои ТН ВЭД ЕАЭС) 2710 12 411 0 - 2710 12 590 0), аз ҷумла молҳои дар савдои биржавӣ харидашуда. муқаррар карда шудааст.

 Манъкунӣ ба молҳое, ки аз қаламрави Русия барои расонидани кӯмаки башардӯстона бароварда мешаванд, молҳое, ки дар доираи созишномаҳои байналмилалии байниҳукуматӣ ва ҳамлу нақли байналмилалии транзитӣ содир карда мешаванд, татбиқ намегардад.

Қарори мазбур аз 1 марти соли 2024 то 31 августи соли 2024 эътибор дорад.