Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ҶАМЪБАСТИ СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2024. Тавассути нақлиёти автомобилӣ қариб 24, 5 млн тонна бор ва 232,6 млн нафар мусофирон интиқол дода шуданд

Санаи нашр: 13-04-2024 Просмотрено: 1056

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Парлумони мамлакат, ки 28 декабри соли 2023 ироа гардид, соҳаи роҳу нақлиётро омили рушди иқтисодӣ ва яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати мамлакат номиданд. Дар ин бора 12 апрели соли равон дар ҷаласаи щайати мушовараи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар семоҳаи аввали соли 2024 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда зикр  карда шуд.

«Вазорати нақлиёт, муассисаю ташкилотҳои тобеи он дар давраи ҳисоботӣ оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи стратегияу барномаҳои давлатӣ ва дигар нақшаҳои таҳияшуда корҳои муайянеро анҷом доданд», - гуфт муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Нематзода, ки ба аъзои ҳайати мушовара дар бораи натиҷаҳои семоҳаи якуми соли ҷорӣ гузориш дод.

 Ба гуфтаи ӯ, дар се моҳи аввал тавассути ҳамаи намудҳои нақлиёти Тоҷикистон 26,2 миллион тонна бор бо гардиши 2,7 миллиард тонна/км ва 232,9 миллион мусофир бо гардиши 3,1 миллиард мусофир/км интиқол дода шудааст. Дар муқоиса бо соли гузашта ҳаҷми боркашонӣ 12,1%, гардиши бор 12,4%, ҳаҷми мусофиркашонӣ 6,7% ва гардиши мусофиркашонӣ 15,7% афзоиш ёфтааст.

                        Ҳамлу нақли автомобилӣ

Зикр карда шуд, ки нақлиёти автомобилӣ вобаста ба шароити мушаххаси иқлимӣ ва мавқеи ҷуғрофии кишвари мо дар бозори хизматрасониҳои нақлиётӣ аҳамияти калон дорад: интиқоли беш аз 93,4% борҳо ва 99,8% мусофирон маҳз тавассути нақлиёти автомобилӣ амалӣ карда мешавад.

 Дар семоҳаи аввал қариб 24,5 миллион тонна бор ва 232,6 миллион нафар мусофирон тавассути нақлиёти автомобилӣ интиқол дода шуданд. Ҳамин тариқ, дар муқоиса бо семоҳаи аввали соли 2023 ҳаҷми боркашонӣ 112,8%, гардиши бор 112,6%, ҳамлу нақли мусофирон 106,6% ва гардиши мусофиронбарӣ 111,9% афзоиш ёфтааст.

 Бояд тазаккур дод, ки ба ҳиссаи нақлиёти автомобилии тобеи Вазорати нақлиёти ҶТ зиёда аз 30,9% (8 млн.104,9 ҳазор тонна) ҳаҷми умумии интиқоли бор ва тақрибан 95,8% (223 млн. 274,2 ҳазор) интиқоли мусофирон рост меояд.

Дар ҷаласа таваҷҷуҳи иштирокчиён ба як қатор камбудию норасоиҳо ҷалб ва таъкид карда шуд, ки вазифаи ҳайати мушовара таҳияи тадбирҳои иловагӣ оид ба баланд бардоштани сифати кор мебошад.

 Бо вуҷуди он ки нишондиҳандаҳои фарогирии борхату роҳхатҳо ва коркарди онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,6% ва 8,8% афзудааст, то ҳол 12973 адад (ё 23,8%) воситаҳои нақлиёти дар иқтисодиёт фаъолияткунанда ҳанӯз бо роҳхатҳо ва коркарди онҳо фаро гирифта нашудаанд.

 Дар робита ба ин, ба идораҳо ва сохторҳои дахлдор супориш дода шуд, ки  тадбирҳои заруриро оид ба таъмини фарогирии ҳарчи бештари фаъолият дар бозори хизматрасониҳои нақлиётӣ бо истифода аз борхату  роҳхатҳо ва истифодаи васеи шаклҳои электронии онҳо таҳия ва амалӣ намоянд.

 Интиқоли байналмилалӣ бо нақлиёти автомобилӣ дар муқоиса бо семоҳаи аввали соли 2023 мутаносибан чунин буд: ҳаҷми интиқоли бор 81,9% (506,2 ҳазор тонна), гардиши боркашонӣ 87,1% (876,7), интиқоли мусофирон 35,1% (2,19 ҳазор мусофир) ва гардиши мусофиркашонӣ 35,3% (1,54).

 Дар ин давра аз 19 кишвари хориҷӣ 51820 ҳазор иҷозатномаи сафар (дозвол) барои интиқоли байналмилалӣ дастрас карда шуд, ки аз он дар давраи ҳисоботӣ 2968 адад истифода бурда шудааст. Ҳиссаи интиқолдиҳандагони ватанӣ дар ҳамлу нақли байналмилалӣ 56,6% - ро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 8,9% кам аст.

                             Нақлиёти роҳи оҳан

Дар интиқоли байналмилалии бор нақлиёти роҳи оҳан нақши муҳим мебозад. 75,7% борҳо дар логистикаи байналмилалӣ дар ин давра ба ин намуди нақлиёт рост меояд.

Дар се моҳи аввали соли 2024 тавассути роҳи оҳан 1 млн.687 ҳазор тонна бор ва 95,8 ҳазор мусофир интиқол дода шуд. Дар муқоиса бо се моҳи аввали соли 2023 ҳаҷми боркашонӣ 5,7% ва гардиши мусофиркашонӣ 100,2% афзоиш ёфтааст. Таҳлили ҳамлу нақли байналмилалӣ нишон медиҳад, ки аз ин шумора 92,1%-ро интиқоли воридотӣ, 4,6% -ро интиқоли содиротӣ ва 3,3%-ро интиқоли маҳаллӣ (дохилӣ) ташкил медиҳад.

 Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар ин давра дар корхонаҳои таъмирии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба маблағи 13,3 миллион сомонӣ 32 вагон (30 боркаш ва 2 мусофиркаш) аз таъмири асосӣ ва 97 вагон (96 боркаш ва 11 мусофиркаш) аз таъмири умумӣ бароварда шуданд. Дар айни замон ба маблағи 2 млн.410 ҳазор сомонӣ корҳои таъмири хатти роҳ, бардоштан ва иваз кардани релсҳо анҷом дода шуданд.

Бо вуҷуди ин тадбирҳо, фарсудашавӣ ва аз кор баромадани вагонҳо ва локомотивҳо барои корхона мушкилоти ҷиддӣ боқӣ мемонад.

 Аз ин рӯ, ба масъулини КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» супориш дода шуд, ки дар ҳамкории зич бо идораи робитаҳои байналмилалии Вазорат, дигар вазорату идораҳои дахлдор  барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва дохилӣ ҷиҳати марҳила ба марҳила азнавсозӣ намудани парки локомотивҳо, вагонҳои боркаш ва мусофирбар, инчунин дар доираи имкониятҳо аз ҳисоби даромади корхона хариди вагонҳо ва маводи рагуборро амалӣ намоянд.

                                 Нигоҳдории роҳҳо

Дар давраи ҳисоботӣ дар маҷмӯъ бо истифода аз тамоми маблағҳои барои таъмир ва нигоҳдорӣ ҷудошуда 30,4 км роҳҳо (аз ҷумла 0,1 км асфалтпӯш ва 30,3 км шағалпӯш), 15 пул бо дарозии 887,5 метр ва 16 қубур бо дарозии 156 метр таъмир карда шуданд. Инчунин дар 1431 км бо масоҳати 1260,5 м2 таъмири ҷорӣ ва ба маблағи 285,9 ҳазор сомонӣ корҳои ободонӣ гузаронида шуданд.

                              Реализация проектов

Таъкид гардид, ки татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт таҳти таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Айни замон тавассути Вазорати нақлиёт 12 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 1 миллиарду 51 миллион доллари ИМА тибқи созишномаҳои қарзию грантӣ ва  қрордодҳои  имзошуда амалӣ карда мешаванд.

 Аз ин шумора 7 лоиҳа ба маблағи 705,4 миллион доллари ИМА дар ҳоли татбиқ аст. Татбиқи 5 лоиҳаи дигар ба маблағи 345,4 миллион доллари ИМА ба анҷом расидааст ва онҳо дар давраи кафолат қарор доранд.

Соли 2024 тибқи нақша бояд 5 лоиҳа ба маблағи 585 миллион доллари ИМА ба истифода дода шаванд, ки аз ҷумла 65 пули иборат аз 1,9 км, 5 нақби иборат аз 11,1 км, 5 долон(гузаргоҳ) бо дарозии 06 км ва 278 км роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявиро дарбар мегиранд. Инҳо лоиҳаҳои сохтмон ва таҷдиди роҳҳои зерин мебошанд:

  1.  «Роғун – Оби гарм – Нуробод», 76 км.
  2. «Бохтар – Леваканд – Лолазор – Данғара», 69 км.
  3. «Калаихум – Ванҷ –  сарҳади ноҳияи Рӯшон», 93 км.
  4.  Аз шоҳроҳ то маркази ноҳияи  Ванҷ, 18 км.
  5. Аз шоҳроҳ то маркази шаҳри Роғун, 11 км.

 Марказҳо ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳо вазифадор карда шуданд, ки иҷрои саривақтии корҳоро тибқи нақшаҳо ва бо сифати баланд таъмин намоянд.