Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

«СИФАТ – ДАР МАДДИ АВВАЛ!». Вазири нақлиёт бо ҷараёни таҷдиду азнавсозии китъаи роҳи «Қалъаихумб - Ванҷ - дарвозаи ноҳияи Рӯшон» шинос шуд

Санаи нашр: 15-04-2024 Просмотрено: 1752

Бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои таҷдиду азнавсозии қитъаи роҳи «Қалъаихумб - Ванҷ - дарвозаи ноҳияи Рӯшон» рӯзҳои 11 – 12 -уми апрели соли 2024 Гуруҳи корӣ таҳти роҳбарии Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим  ба ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷи Вилояти  мухтори куҳистони Бадахшон  сафари корӣ анҷом дод.

Ба ҳайати Гуруҳи корӣ муовини якуми Вазири нақлиёт Раҳим Бобозода, директори КВД «Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ» Валиҷон Махсум, директори Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе – Чаноқ» Зафар Шарифзода ва мутахассисони дигар шомил буданд.

Давоми ду рӯзи сафар Гуруҳи корӣ аз ҳамаи нуқтаҳои сохтмонӣ дидан намуда, бо ҷараёни корҳо шинос шуд ва бо роҳбарону мутахассисони дохиливу хориҷӣ ва кормандон суҳбатҳои ҳирфаӣ доир намуд.

Вазири нақлиёт зимни вохӯрӣ бо сохтмончиён таъкид дошт, ки таҷдиду азнавсозии ин қитьаи роҳ, ки дар доираи Лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди «Душанбе – Қулма» амалӣ мегардад, аҳамияти стратегӣ дошта, таҳти назорати бевосита ва  пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.  Зеро беҳтар намудан ва ба талаботи замон ҷавобгӯ сохтани инфрасохтори соҳаи роҳу нақлиёт баъди раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ба татбиқи ҳадафи дигар - табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ мусоидат мекунад.

Зимни вохӯрӣ бо Вазири нақлиёт иттилоъ дода шуд, ки ба ҳолати 11 –уми апрели соли равон дар ҳамаи қитъаҳо корҳои сохтмонӣ тибқи нақша идома доранд. Нақби №1, аз даромадгоҳ (деҳаи Кеврон) ба дарозии 921 метр канда шудааст. Дигар корҳо, аз ҷумла,  нақбканӣ, мустаҳкамкунии муваққатӣ, торкретбетон, бетонкунии қисмати поёни нақб ва арматурбандию бетонкунии қисмати болоии нақб идома дорад.  

Нақби №2 (деҳаи Тоғмай - Курговад) аз даромадгоҳ бо дарозии 164 метр канда шуда, корҳои нақбканӣ, мустаҳкамкунии муваққатӣ, бетонкунии қисматҳои поёнӣ ва болоии нақб тибқи нақша идома доранд.

Сохтмони пулҳои мошингузар низ тибқи нақша ҷараён доошта, корҳои бетоникунии сутунпояҳо дар пули №1 (деҳаи Калъаихум) 33%,  пармакунӣ ва арматурбандии мехсутунҳо дар пули №2 (воқеъ дар деҳаи Кеврон) 13%, корҳои бетонӣ дар пули №3 (деҳаи Ҷорф) 76%, бетонкунӣ дар пули №5 (деҳаи Вишхарв) 85%, пармакунӣ ва бетонкунии мехсутунҳо дар пули №6 (деҳаи Шодак) 30% ва пармакунии мехсутунҳо дар пули №10 (деҳаи Пшихарв) 3 % иҷро гардидаанд.

Аз тарафи паймонкор дар қисматҳои алоҳидаи роҳ дар ҳолати резиши сангреза ё фуромадани сангҳо саривақт чораҷӯӣ карда мешавад.

Ба ҳолати имрӯза бо дарозии 57 км корҳои заминӣ ба сомон расонида шудаанд ва инчунин дар 35,3 километрии роҳи мазкур корҳои заминӣ идома доранд ва қисмате аз онҳо дар арафаи анҷомёбӣ мебошанд. Дар ҳудуди қитъаҳои роҳи таҷдидшаванда корҳои кӯчонидани хатҳои коммуникатсияи муҳандисӣ (алоқа ва барқ) идома доранд, аз ҷумла ин корҳо 19,8 км хатҳои алоқа ва 14,6 км хати барқ иҷро гардидаанд.

Пас аз боздиду санҷиши корҳои иҷрошуда, ташкил ва раванди кор дар иншоот, шароити коргарон дар ҳамаи нуқтаҳо Вазири нақлиёт Азим Иброҳим бо ҳайати Гуруҳи корӣ, муҳандисон ва мутахассисон машварати корӣ доир кард.

Вазири нақлиёт таъкид намуд, ки дар ҳама ҳолат аввал бояд ба сифати иҷрои корҳо диққати ҷиддӣ дода шавад. «Сифати корҳо дар мадди аввал бояд истад! -  гуфт ӯ ва илова намуд: - Новобаста аз он ки кор тибқи нақша идома доранд, дар баъзе аз иншоот суръати онро тезонидан зарур аст».

Баъд аз таҳлилу баррасии масъалаҳои марбут ба раванди иҷрои корҳои сохтмонӣ Вазири нақлиёт ба масъулин супоришҳо дод, ки сохтмони пулҳои №1 (сентябр) ва № 2 (август) анҷом дода, кор дар бунёди пулҳои №4, 6, 7 тезонида шавад. Сохтмони пурраи такядеворҳои оҳанубетонӣ ва сангу омехтаи семент бояд моҳҳои май – июл пурра ба  аныом расанд. Хобондани лӯлаҳо ва новаҳои обпарто дар нуқтаҳои аҳолинишин, корҳои пармакуниву таркишӣ ва хокканӣ аз моҳи май то сентябр бояд пурра  ба охир расанд.

Ҳамчунин Вазири нақлиёт дастур дод, ки барои суръатбахшии кор дар сохтмони ин қитъаи роҳ Ситоди корӣ таъсис дода шавад. Ситод пас аз ҳар 15 рӯз аз рафти сохтмони иншоот дидан намуда, аз ҷараён, сатҳу сифат ва суръати  корҳо ахборот пешниҳод намояд. Муовини якуми Вазири нақлиёт Раҳим Бобозода роҳбари ситод таъин гардид.

Ёдовар мешавем, ки дар ин қитъа дар асоси лоиҳа сохтмони 15 пули мошингузар, ду нақб бо дарозии 5 ҳазору 200 метр, 5 долони зиддитармавӣ бо дарозии 438 метр, 22 ҳазор метр канорадеворҳои оҳану бетонӣ ва сангӣ, гузоштани 150 лӯлаи обпарто ва чароғонкунии 14 деҳаи ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ бо дарозии 17,7 километр ба нақша гирифта шудааст. Ин қитъаи роҳ 109 километрро дарбар гирифта, ҳудуди ноҳияи Дарвоз ва Ванҷро убур мекунад. Он аз байни қаторкӯҳҳои Дарвоз гузашта, дар миқёси ҷумҳурӣ роҳи душворгузар маҳсуб меёбад ва солҳои тӯлонӣ таъмири асосиро надидааст. Баъди пурра таҷдиду азнавсозӣ кардан, ин қитъа 16 километр кӯтоҳ мегардад ва дар умум 92,3 километрро ташкил хоҳад дод.

Маблағи сохтмон кумаки Ҷумҳурии мардумии Чин буда, зиёда аз 200 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Фармоишгари лоиҳа Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоҳангсози он Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди “Душанбе-Чаноқ”» ва паймонкори асосӣ корпоратсияи чиноӣ оид ба сохтмони роҳ ва пулҳо «Чайна Роуд энд Бридҷ Корпорейшн» мебошанд. Раванди корҳои сохтмонӣ дар ин масир зери назорати пайваста қарор дорад.

Дар ин иншооти муҳим 906 коргар фаъолият доранд, ки 752 нафари онҳо коргарони маҳаллӣ мебошанд. Шумораи техникаву механизмҳои ба кор ҷалбшуда 225 адаро  ташкил медиҳанд.

Корҳои сохтмонӣ ва татбиқи лоиҳа дар ин масир 27 сентябри соли 2021 дар рӯзҳои таҷлили 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз оғоз гардида буд.