Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

«ХУРОФОТ ҶАҲОЛАТ АСТ ВА БАРОИ МИЛЛАТ ТАНҲО БА БАДБАХТӢ МЕОРАД». Дар Вазорати нақлиёт нуктаҳои асосии суханронии Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро баррасӣ карданд

Санаи нашр: 17-04-2024 Просмотрено: 1168

Имрӯз дар ҷараёни як муколама дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон нуктаҳои асосии суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони динии мамлакат, ки 9 марти соли 2024 баргузор шуд, баррасӣ гардиданд. 

Нуктаҳои асосии суханронии Сарвари давлатро ба иштирокчиёни ҳамоиш Раиси комиссия оид ба танзими анъана ва  ҷашну  маросимҳои вазорат Бегиҷон Давлатзода хотиррасон намуд.

Яке аз мушкилоти  нигаронкунандаи ҷомеаи мо, ки Сарвари давлат ҳангоми суханронии худ ба таври муфассал перомуни он андеша ронданд, таассуб ва хурофот аст, ки ҳамчун заҳрпечак тамоми соҳаҳои ҳаёти динӣ, ахлоқ ва маънавият, бахусус урфу одатҳо, анъанаҳо ва расму оинҳои моро фаро гирифтаанд. Онҳо ягон асоси илмӣ надоранд, аммо ба ҷанбаҳои гуногуни ҳаёт ва рафтору кирдори одамон таъсири назарраси манфии худро мерасонанд.

Сухан дар бораи ба ҳадди ифрот расонидани адои ҳаҷ ва одоту маросимҳои вобаста ба он, бегонапарастӣ дар либоспӯшӣ аз қабили сатру ҳиҷоби сохта, дур мондан аз илму дониш ва касбу ҳунар, пайвастан ба ҳаракату равияҳои бегона ва ифротгарою экстемистӣ  ва ғайра меравад.

Президенти Тоҷикистон аз ходимони динӣ хоҳиш карданд, ки ба мардум муқаррароти маросими ҳаҷ, шартҳои он, фарқияти ҳаҷи асосӣ аз «умра»-ро фаҳмонанд.

Танҳо соли 2023-юм 63 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар маросими ҳаҷ ва «умрар» - ро адо кардаанд ва маблағи ба ҳисоби миёна харҷнамудаи онҳо ба беш аз 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ баробар шудааст. Маблағи барои ҳаҷ сарфкардаи шаҳрвандони мо дар замони соҳибистиқлолӣ қариб 12 миллиард сомониро ташкил додааст, ки дар шароити имрӯза, яъне дар замоне, ки дар аксари кишварҳои ҷаҳон раванди манфии пастравии иқтисодиёт мушоҳида мегардад ва дар қариб 80 кишвари дунё мардум аз нарасидани ғизо ва гуруснагӣ азият мекашанд, барои кишвари мо маблағи хеле калон ба ҳисоб меравад.

«Агар маблағи мазкур барои бунёди манзили истиқоматӣ, беҳтар кардани шароити зисту таҳсили фарзандон, таъмини ғизои босифат, сару либос ва ашёи хониш, инчунин, дастгирии ниёзмандон ё корҳои ободонӣ сарф мегардид, шароити зисти чӣ қадар оилаҳо беҳтар мешуд», - изҳор доштанд Сарвари давлат ва илова намуданд: - Мо зидди рафтани мардумамон барои адои ҳаҷ нестем, аммо таъкид месозам, ки ин раванд набояд хусусияти таассубу тақлид ва мусобиқаро касб намояд, чунон ки имрӯзҳо дар мо ҳаст».

Бино ба суханони Пешвои миллат, «мо бояд аввал шароити зиндагии худ ва фарзандонамонро беҳтар намоем, аҳволи ҳамсояи чапу ростро пурсем, хешу табори ниёзмандамонро дастгирӣ намоем ва баъд нияти зиёрати хонаи Худо кунем».

Президенти мамлакат ба роҳбарон ва мутахассисони соҳаи дин, ходимони динӣ, кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар олимон муроҷиат намуда, онҳоро даъват намуданд, ки бо мардум кор карда, роҳи дурусти иҷрои аҳкоми диниро нишон диҳанд, то мардум сафедро аз сиёҳ ва фоидаро аз зарар фарқ кунанд.

«Мо, мардуми Тоҷикистон, ҳамеша дар дини мӯътадилу таҳаммулпазири Имом Абуҳанифа будем ва намегузорем, ки ақидаҳои  тундгарои динию экстремистӣ бо истифода аз ҳиссиёту эътиқоди динӣ дар байни аҳолии кишвар паҳн шаванд», - таъкид намуданд Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар робита ба ин, Сарвари давлат як андешаи худро, ки борҳо гуфтаанд, бори дигар хотирнишон намуданд: «Хурофот ҷаҳолат аст ва барои миллат танҳо бадбахтӣ меорад. Хурофот хатарест, ки ба имрӯзу ояндаи Тоҷикистон ва минтақа таҳдиди ҷиддӣ дорад».