Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

Бинобар баргузории ниммарафони байналмилалӣ дар Душанбе чанде аз роҳҳо муваққатан баста мешаванд

Санаи нашр: 18-04-2024 Просмотрено: 864

Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт Ниммарафони XIV байналмилалӣ  доир карда мешавад. Тавре Мақомоти итҷроияи ҳокимияӣти давлатии пойтахт  хабар дод,  ин  мусобиқа рӯзи шанбеи 20 апрел  дар назар дошта шудааст.

Дар робита ба ин ҳаракати нақлиёт дар як қатор кӯчаҳо муваққатан қатъ карда мешавад.

Ҳамин тариқ, пойга аз ипподром оғоз шуда, дар хиёбонҳои Шерозӣ ва Рӯдакӣ идома ёфта, дар майдони Дӯстӣ дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ба охир мерасад.

Ин тадбирҳо барои таъмини бароҳатӣ ва бехатарии иштирокчиён ва тамошобинон дар ҷараёни марафон андешида шудаанд, омадааст дар хабар.

Интизор меравад, ки дар ниммарафони феълӣ варзишгарони Қазоқистон, Узбекистон ва Эфиопия ва варзишгарони ҳирфаӣ аз Тоҷикистон ширкат кунанд.

Ниммарафон ба тақвими Ассотсиатсияи байналмилалии варзиши сабук (IAAF) дохил карда шудааст. Аввалин ниммарафони Душанбе (21 км 97,5 м) соли 2010 баргузор шуда буд.