Дар Душанбе шуруъ аз 22 апрел хатсайри нави автобус ба роҳ монда мешавад. Тавре Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии пойтахт хабар медиҳад, автобуси №61 аз Терминали Ғарбӣ (Дарвозаи Ҳисор) то Маркази савдои «Ховарон» (7 км) равуо хоҳад кард.
«Автобус дар роҳи мошингарди “Душанбе-Ҳисор”, тариқи кӯчаву хиёбонҳои А.Навоӣ, В.Карамов, Н.Ганҷавӣ, И.Сомонӣ, Шероз, Ш. Шотемур, М.Турсунзода, Н.Муҳаммад, “Дӯстии халқҳо”, А.Дониш, М. Мастонгулов, Зебуннисо ва С.Айнӣ ҳаракат мекунад», - гуфта мешавад дар хабар.
Ҳамчунин шаҳрдории Душанбе ба маълумоти сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки шуруъ аз 22 апрел дар нақшаи ҳаракати хатсайри автобуси №41 (Маркази савдои «Кушониён»-Терминали ғарбӣ) тағйирот ворид карда мешавад. Тағйирот дар қисмате, ки тариқи кӯчаҳои марказӣ ва хиёбонҳои пойтахт мегузарад, сурат мегирад.
Акнун ҳаракати автобуси №41 тавассути кӯчаву хиёбонҳои Ҳ. Шерозӣ, А. Рудакӣ, С. Носирова, В.Карамов, А. Навоӣ ва шоҳроҳи “Душанбе-Ҳисор” ба роҳ монда мешавад.
Пардохти ҳаққи роҳкиро ғайринақдӣ буда, тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда шудааст.