Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img

ТОҶИКИСТОН НИЯТ ДОРАД БА УҚЁНУСИ ҲИНД ДАСТРАСӢ ПАЙДО КУНАД. Дар Теҳрон ҳайатҳои Тоҷикистону Эрон оид ба истифодаи бандари «Чобаҳор» гуфтушунид карданд

Санаи нашр: 24-04-2024 Просмотрено: 1300

Дар Ҷумҳурии Исломии Эрон 22 апрел гуфтушунидҳо дар бораи дастрасии Тоҷикистон ба бандари «Чобаҳор» ва имкониятҳои транзитии он аз сар гирифта шуданд. Ҳайати Тоҷикистонро, ки ба Теҳрон сафар кардааст, муовини Вазири нақлиёти ҶТ Шоиста Саидмуродзода роҳбарӣ мекунад.

Дар доираи ин сафари корӣ дар пойтахти Эрон ҷаласаи Кумитаи муштарак оид ба гузаргоҳҳои байналмилалии нақлиётии Тоҷикистон ва Эрон таҳти раёсати муовини Вазири роҳҳо ва рушди шаҳрҳои ҶИЭ Дориюш Амонӣ баргузор гардид.

Ҷонибҳо масъалаи баромадани Тоҷикистон ба бандари баҳрии «Чобаҳор» ва ҳамкории транзитӣ  миёни  давлатҳоро баррасӣ карданд.

 Ёдовар мешавем, ки қаблан мавзӯи ҳамкории нақлиётию логистикӣ 8 ноябри соли 2023 дар Душанбе дар ҷараёни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Иброҳим Раисӣ баррасӣ шуда буд. Дар натиҷаи гуфтушунидҳои онҳо  Ёддошти ҳусни тафоҳум миёни ду кишвар оид ба ҳамлу нақли байнгалмилалӣ ва транзитӣ тавассути бандари «Чобаҳор» ба имзо расид. Санади мазкурро дар ҳузури сарони ду давлат Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим ва Вазири корҳои хориҷии  ҶИЭ Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён имзо карда буданд.

 Тибқи санади мазкур, ҷонибҳо барои роҳандозии тадбирҳои зерин  ба мувофиқа расидаанд:

1) соддакунӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёт ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии хатсайрҳои нақлиётӣ тариқи бандари «Чобаҳор» аз ҷиҳати вақт ва хароҷоти транзитӣ, инчунин коҳиши мутақобилаи боҷҳо ва пардохтҳо барои нақлиёти автомобилӣ;

2) ҷалби борҳои кишварҳои дигар ба хатсайрҳое, ки бандари «Чабаҳор»- ро убур мекунанд, бо мақсади осон кардани дастрасӣ ба бозорҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ тавассути нақлиёти баҳрӣ, роҳи оҳан ва  роҳҳои автомобилӣ;

 3) ҳамкорӣ оид ба сармоягузории мутақобила дар татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтори нақлиётӣ дар хатсайрҳое, ки аз бандари «Чобаҳор» мегузаранд;

4) таъмини бехатарии мусофиркашонӣ, ҳаракати воситаҳои нақлиёт, нигоҳдории бор ва ҳифзи муҳити зист тибқи меъёрҳои  байналмилалӣ.

Барои ноил шудан ба ҳадафҳои Ёддошт, ҷонибҳо Кумитаи муштараки  роҳбарикунанда таъсис доданд, ки аз аъзои расмии дастрас иборат буда, барои ҳамоҳангсозӣ ва назорати тадбирҳо оид ба таъмин ва дастгирии тамоми захираҳои институтсионалӣ, инсонӣ ва моддию техникӣ масъул хоҳад буд. Ҷонибҳо инчунин тасмим гирифтанд, ки дар соҳаҳои дахлдори татбиқи  Ёддошти ҳусни тафоҳум санҷишу таҳқиқоти доимӣ доир мекунанд, муқаррароти онро барои пешбурди имкониятҳои мутақобила шарҳ медиҳанд.

 Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар  Анҷумани соҳибкорони ду кишвар моҳи ноябри соли гузашта иброз доштанд, ба роҳ мондани ҳамлу нақли автомобилӣ аз тариқи хатсайри «Тоҷикистон-Узбекистон-Туркманистон-Эрон» бо  истифодаи самаранок аз  иқтидорҳои бандари «Чобаҳор» ба густариши минбаъдаи имконияти ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Эрон мусоидат хоҳад кард.

 Ёдовар мешавем, ки «Чобаҳор» бузургтарин бандари  Эрон воқеъ дар  устони Сиистон ва Балуҷистон дар соҳили Халиҷи Усмонӣ мебошад. Аҳамияти стратегии бандар дар он аст, ки он ба уқёнуси Ҳинд дастрасии мустақим дорад. Уқёнуси Ҳинд   аз ҷиҳати умқу масоҳат пас аз Уқёнуси Ором ва Уқёнуси Атлантика дар ҷои сеюм қарор дорад. Дар айни замон, он дар 1/5   қисмати сайёраи мо ҷойгир шудааст. Масоҳаташ беш аз 76 миллион  километри мураббаъ буда, сарҳади он хати соҳили 4 қитъаро убур мекунад: аз ҷониби ҷануб - Антарктида, сарҳади шарқӣ - соҳили Австралия, сарҳади ғарбӣ - соҳили Африқо ва аз ҷониби шимол - Осиё.

Қобили зикр аст, ки аз Уқёнуси Ҳинд тавассути канали Суэтск баромадан ба калонтарин уқёнуси ҷаҳон – Уқёнуси Аитлантика низ имкон дорад.

 Дар айни замон, дар Осиё 16 давлат ба Уқёнуси Ҳинд дастрасӣ доранд: Ҳиндустон, Бангладеш, Исроил, Яман, Урдун, Эрон, Ироқ, Қатар, Кувайт, Мянма, Малайзия, Умон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Покистон, Таиланд ва Арабистони Саудӣ.

Тоҷикистон дар ояндаи наздик  метавонад ба қатори ин давлатҳо ҳамроҳ шавад, яъне аз тариқи долони байналмилалии мультимодалии «Чин-Тоҷикистон-Узбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия-Аврупо» тавассути бандари «Чобаҳор» ба Уқёнуси Ҳинд барояд.