Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

НАҚЛИЁТ ТОРАФТ «САБЗТАР» МЕШАВАД. Тайи се моҳи аввали соли равон ба Тоҷикистон 6047 адад мошинҳои барқӣ ворид карда шуд

Санаи нашр: 25-04-2025 Просмотрено: 7473

Тайи се моҳи аввали соли 2025  ба Тоҷикистон боз  6047 адад мошини барқӣ ворид карда, шумораи ин навъи воситаҳои нақлиёт (электромобилҳо, автобусҳо ва микроавтобусҳо, воситаҳои нақлиёти барқии боркаш в воситаҳои махсуси борбардорӣ) ба 27580 адад расидааст, ки ин нисбат ба як соли пеш 9885 адад зиёд аст.

Тоҷикистон хариди мошинҳои барқиро афзоиш додааст. Ҷумҳурӣ тасмим гирифтааст, ки ҳиссаи мошинҳои барқиро дар қаламрави ҷумҳурӣ дар шумораи умумии мошинҳо то 20-30% зиёд кунад.

Воридоти мошинҳои барқӣ дар доираи «Барномаи давлатии рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» амалӣ карда мешавад, ки лоиҳаи он аз ҷониби Вазорати нақлиёти  кишвар дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати мамлакат аз 31 октябри соли 2022 таҳти рақами 532 қабул шудааст.

Ҳукумати кишвар соли 2022 воридоти мошинҳои барқиро аз андоз ва боҷҳои гумрукӣ озод намуд. Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ «Консепсияи гузариш ба системаи барқии нақлиёти мусофиркашонии шаҳри Душанбе барои солҳои 2023-2026» ва қарор дар бораи гузариши пурра то 1 сентябри соли 2025 ба хизматрасонии мусофирони таксӣ бо истифода аз нақлиёти барқӣ» - ро имзо карданд.

Ҳоло афзоиши шумораи нақлиёти «сабз» дар қаламрави давлат вазифаи  авлавиятнок эълон шудааст. Аз ин ба баъд ҳамаи соҳибони мошинҳои барқӣ дар Тоҷикистон ҳангоми бақайдгирии давлатӣ дар БДА бояд  рақами давлатии сабз гиранд.

Нақлиёти ҷамъиятии Тоҷикистон низ навсозӣ мешавад. Ба наздикӣ дар пойтахт микроавтобусҳои барқии истеҳсоли Чин ба кор дароварда шуданд. ҶДММ «Aкиа Avesto» истеҳсоли намудҳои нави автобусҳои барқӣ ва инчунин тавлиди системаҳои дастгирии батареяро барои мошинҳои барқӣ ба нақша гирифтааст.