Рӯзи ҷумъа, 25 апрел, дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти кормандони маҷмааи роҳу нақлиёт бо сарнозири Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники адлия Алихон Розиқзода баргузор гардид.
Мулоқот дар доираи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва бо мақсади иҷрои Нақшаи тадбирҳои Вазорати нақлиёти ҶТ оид ба муқовимат ба коррупсия баргузор гардид.
Ҳамоишро муовини Вазири нақлиёт Шоиста Саидмуродзода ифтитоҳ намуда, аҳамияти назорати мунтазами таъмини иҷрои тадбирҳои зиддикоррупсиониро дар ташкилоту муассисаҳо, инчунин тавсеаи маърифати зиддикоррупсионии аҳолиро таъкид кард.
Дар ҷараёни вохӯрӣ подполковники адлия Алихон Розикзода муқаррароти асосии қонунгузории зиддикоррупсиониро ёдовар шуда, сабабҳо ва шароитҳоеро, ки ба содир намудани амалҳои ғайриқонунӣ мусоидат менамоянд, мушаххас намуд, инчунин ҳолатҳои амалӣ ва маълумоти омории Фаъолияти Агентиро дар солҳои охир мисол овард.
Намояндаи мақомоти зиддикоррупсионии кишвар ба роҳбарияти вазорат барои натиҷаҳои дар мубориза бо коррупсия ба даст овардашуда ташаккур гуфт. Ба гуфтаи ӯ, сол аз сол шумораи кормандони соҳаи роҳу нақлиёт, ки ба фасод айбдор мешаванд, кам мешавад. Агар дар соли 2023 барои амалҳои коррупсионӣ 19 нафар дастгир шуда бошанд, пас дар соли 2024 шумораи онҳо то 9 нафар коҳиш ёфта, дар се моҳи соли 2025 ҳамагӣ 1 нафар ошкор карда шудааст.
Гуфта шуд, ки Агентӣ ҳамчун мақоми ваколатдор оид ба назорати давлатии молиявӣ истифодаи самараноки маблағҳо ва амволи давлатиро барои таъмини амнияти иқтисодии кишвар тавассути пешгирӣ, тафтиш, ошкор ва рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ амалӣ менамояд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат дар қатори дигар мушкилоти рӯз ба яке аз масъалаҳои мубрами ҷомеаи муосир - коррупсия ва мубориза бо он дахл намуда, чунин иброз намуданд: «Мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест.Дар ин мубориза тамоми ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ набояд бетафовут бошанд. Танҳо бо ин роҳ мо метавонем сатҳи фасодро дар кишвар коҳиш диҳем».