Хабарҳо

slider_img
slider_img

МУҲЛАТИ ИҶРО – ТО 10 ИЮН. Вазири нақлиёт ба ВМКБ сафари корӣ анҷом дод

Санаи нашр: 28-04-2025 Просмотрено: 8477

Тибқи супориши  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 -26 апрели соли 2025 Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим  ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон сафари корӣ анҷом дод.

Вазири нақлиёт, тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат, бо ҷараёни сохтмону таҷдиди қитъаҳои роҳҳои автомобилгард ва дигар иншооти муҳими марбут ба соҳаи нақлиёт шинос шуд.

Вазири нақлиётро дар ҷараёни сафари корӣ Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот, муовини якуми Вазир Фаррух Неъматзода, Директори МД «Маркази татбиқи лоиҳаи “Душанбе – Чаноқ”» Зафар Шарифзода, Директори КВД «Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ» (ПЛИН) Валиҷон Махсум, ҳамоҳангсози Гуруҳи татбиқи лоиҳаҳои «БРАМОМ-4» Усмон Сиддиқов, менеҷери лоиҳаи «БРАМОМ-4»  дар ВМКБ Ҳикмат Имомназаров, Сардори МД «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард» Далер Мукаррамшо, Сардори  Раёсати МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» дар ВМКБ  Фирӯза Бахтиёрзода, Сардори КВД «Бадахшонроҳсоз» Саидқудрат Саидмасумов, Сардори Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар ВМКБ Неҳру Баймаҳмадзода, Сардори Раёсати КВД «Маркази сертификатсиякунонии кору хизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёт» дар ВМКБ Аъзам Зеваршозода ҳамроҳӣ намуданд.

Азим Иброҳим  ҳангоми шиносоӣ бо  корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи «Қалъаихум –  Ванҷ – даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон», роҳи автомобилгард то маркази ноҳияи Ванҷ, бунёди бинои нави МД «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард» (ИХРА) дар минтақаи Теми шаҳри Хоруғ, пули автомобилгард аз болои дарёи Ғунд, долони зиддитармавӣ дар минтақаи Барсеми ноҳияи Шуғнон, пули мошингард дар ҳамин мавзеъ аз болои  Шорфдарё ва сохтмони роҳҳои нақшавии лоиҳаи «БРАМОМ-4» ба суръату сифати корҳо аз рӯи меъёрҳои муқарраршуда баҳогузорӣ намуд.   

Дар ҷаласаи сайёр дар шаҳри Хоруғ Вазири нақлиёт ба масъулин барои тезонидани корҳои сохтмонӣ дар ин иншоотҳо ва то 10 июни соли 2025 бо сифати баланд ба анҷом  расонидани онҳо  чунин  супоришҳои мушаххас дод:

ҚИТЪАИ РОҲИ   «ҚАЛЪАИХУМ - ВАНҶ -  ДАРОМАДГОҲИ  НОҲИЯИ  РӮШОН:   

- корҳои сохтмонӣ дар тамоми қитъа вусъат дода шаванд;

- сохтмони ҳама иншооти сунъӣ (пулҳо, долонҳо, такядеворҳо, қубурҳои обпарто, новаҳои кушод ва ҷӯйборҳои канорӣ) бо сифати баланд ва саривақт анҷом дода шаванд;

- сохтмони нақби №1 пурра ба анҷом расонида, ҳаракати нақлиёт тавассути он таъмин карда шавад;

- дар нақби №2 корҳои сохтмонӣ пурзӯр ва то анҷом ёфтани сохтмон роҳи таворавӣ ба масофаи 3,5 км ҳамвор ва мумфарш карда шавад;

- суръати сохтмони новаҳои кушод  тезонида шавад.

- хати баландшиддати барқ, ки дар назди пули мавзеи Хехик ҷойгир аст, дар ҳамкорӣ бо ширкати «Pamir Energy» кӯчонида шавад;

- тадбирҳои бехатарӣ дар сохтмони нақб ва пулҳо бояд тибқи талабот пурра таъмин карда шаванд.

 РОҲИ АВТОМОБИЛГАРД ТО МАРКАЗИ НОҲИЯИ ВАНҶ:  

- қитъаи мазкур пурра мумфарш карда шавад;

- дар пули дорои як хати ҳаракат ҳаракати дутарафаи воситаҳои нақлиёт таъмин карда шавад;

-сохтмони новаҳои кушод (5-7 адад) таъмин гардад.

БИНОИ НАВИ ИХРА ДАР МИНТАҚАИ ТЕМИ ХОРУҒ: 

- сохтмони бинои асосӣ, озмоишгоҳ ва дигар иншооти ёрирасон пурра анҷом дода шавад;

- корҳои ободу сабзгардонӣ, инчунин низоми обёрӣ тибқи талаботи муҳандисӣ ба роҳ монда шавад;

- роҳҳои дохилии ҳудуди бино  мумфарш карда шаванд.

ПУЛИ АВТОМОБИЛГАРД АЗ БОЛОИ ДАРЁИ ҒУНД:  

- сохтмони роҳҳои пайвастшаванда ба пул бо дарозии умумии 1,1 км, аз ҷумла фарши роҳ, қабатҳои асос, новаҳо ва роҳравҳо анҷом дода шаванд;

- қисмати мошингарди пул, насби сутунҳои равшанкунонӣ ва монеаҳои муҳофизатӣ  ба анҷом расонида шаванд.

 ДОЛОНИ ЗИДДИТАРМАВӢ ДАР МИНТАҚАИ БАРСЕМ:  

- корҳои боқимондаи долони зиддитармавӣ бо дарозии 100 метр пурра анҷом дода шаванд;

- қисми болоии долон тибқи лоиҳа  анҷом дода шавад.  

ПУЛИ МОШИНГАРД АЗ БОЛОИ ШОРФДАРЁ

-корҳои заминии зери пул ва мустаҳкамкунии соҳилҳо тибқи нақша анҷом дода шаванд;

-сохтмони роҳҳои пайвастшаванда ва қисми мошингарди пул ба анҷом расанд;

-насби равшанӣ ва монеаҳои муҳофизатӣ иҷро шавад;

-болорҳои пули мавҷуда таҷзия карда шуда, ба Раёсати ИХРА ВМКБ супорида шаванд.

РОҲҲОИ НАҚШАВИИ ЛОИҲАИ  «БРАМОМ-4»:

- корҳои сохтмонӣ дар масири 4,5 км (1,1 км дар Хоруғ, 3,4 км дар мавзеи Барсем) ва 0,9 км роҳ то бинои нави ИХРА ба анҷом расонида шаванд.

        Хотиррасон мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки асри 21-ро «Асри рушду тараққиёти Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон» эълон кардаанд, тирамоҳи соли гузашта дар рафти сафари қаблии худ ба ин вилоят бунёди иншоотҳои зикршудаи роҳу нақлиётро муҳим арзёбӣ намуданд.

«Дар заминаи ҳадафҳои стратегии миллӣ тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар вилоят барои бунёди роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилалӣ 12 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 2,3 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, 250 километр роҳ, як нақб ва 26 пул ба истифода дода шуд, - иброз доштанд Сарвари давлат дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ВМКБ дар шаҳри Хоруғ 14 октябри соли 2024. – Дар даврони соҳибистиқлолӣ илова ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ маблағгузорӣ барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои мошингарди вилоят аз ҳисоби буҷети давлатӣ низ сол ба сол зиёд гардида, бо ин мақсад беш аз 330 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст. Дар натиҷа 980 километр роҳҳои маҳаллӣ ва 200 пул таъмиру азнавсозӣ гардидаанд».

Пешвои миллат зикр намуданд, ки «тавассути ин роҳҳо, ки аҳаммияти транзити байналмилалӣ доранд, ҳоло боркашонӣ, хусусан, бо ҳамсоякишвари бузургамон – Ҷумҳурии Мардумии Чин рӯз ба рӯз афзуда истодааст».

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, «ҳоло дар ҳудуди вилоят дар ин самт 5 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии беш аз 3,2 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст ва, илова бар ин, боз ду лоиҳаи сармоягузории давлатӣ барои бунёду таҷдиди роҳҳои мошингард ва пулҳо ба маблағи умумии 2,7 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст».