15 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳоеро ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва дастгирӣ гардиданд, имзо карданд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид, ки тибқи он аз ин ба баъд барои пардохт накардани истифодаи қувваи барқ ҷаримаи сангин ва ҳатто маҳрум шудан аз озодӣ пешбинӣ шудааст.
Мутобиқи иловаҳо ба моддаи 253 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон («Расонидани зарари молу мулкӣ тавассути бо роҳи фиреб ё сӯиистифода аз боварӣ») барои вайрон кардани қоидаҳо ва меъёрҳои истифодаи нерӯи барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар карда шудааст.
Мутобиқи қисми 1 моддаи 253, барои дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисобкунии қувваи барқ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи барқ, инчунин истифодаи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисобкунии қувваи барқ, агар чунин кирдор давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, ҷазои ҷиноятӣ дар шакли ҷарима ба андозаи аз 365 то 547 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда барои ҳисобҳо айни замон ба 75 сомонӣ баробар аст) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол татбиқ карда мешавад.
Тибқи қисми 2-юми ин модда, агар кирдори қисми якуми модда «ба миқдори калон аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ ё аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад», бо ҷарима ба андозаи аз 800 то 1000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то шаш сол бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
Дар асоси қисми 3-и ин модда, кирдорҳое, ки дар қисмҳои якум ё дуюми ин модда пешбинӣ шудаанд, агар онҳо дар ҳаҷми махсусан калон ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил е ҷомеаи ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) содир шуда бошанд, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз шаш то даҳ сол бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки 25 апрели соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону масъулони як қатор сохторҳои давлатӣ ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика машварати корӣ доир намуданд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ хабар дод.
Сарвари давлат зикр намуданд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади зиёд намудани иқтидорҳои истеҳсоли нерӯи барқ, таҳкими инфрасохтори системаи энергетикӣ, сарфакорӣ ва истифодаи оқилонаи нерӯи барқ 36 лоиҳаи давлатии сармоягузориро ба маблағи 89 миллиард сомонӣ амалӣ намуд.
Аз ҷумла, дар самти кам кардани талафоти нерӯи барқ 3 лоиҳа ба маблағи умумии 1,1 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, татбиқи 3 лоиҳаи дигар ба маблағи 2,9 миллиард сомонӣ идома дорад.
Соли 2024 дар соҳаи энергетика боз 11 созишномаи нав оид ба татбиқи 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 9,6 миллиард сомонӣ ба имзо расид, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии рушди иқтисоди миллӣ мусоидат менамоянд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тазаккур доданд, ки дар натиҷаи татбиқи ташаббусҳои Ҳукумати мамлакат оид ба рушди соҳаи энергетика зиёда аз 2000 мегаватт иқтидори нав ба истифода дода шуда, ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ аз 17 миллиард киловатт-соат дар соли 1991 то 22,4 миллиард киловатт-соат дар соли 2024 зиёд карда шуд.
Бо вуҷуди нн, ба гуфтаи Сарвари давлат, масъалаи талафоти нерӯи барқ ва истифодаи ғайриқонунии он дар кишвар нигаронкунанда боқӣ мемонад.
Дар робита ба ин, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфакорӣ ва истифодаи самараноки нерӯи барқро амри муҳим ва ногузир номиданд.
Таъкид гардид, ки барои амалӣ намудани назорат аз болои баҳисобгирии дуруст ва истифодаи нерӯи барқ Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, қонунгузории мамлакат барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ кардааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои баррасишударо ҷамъбаст намуда, дар назди шахсони масъул вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Аз ҷумла, Президенти мамлакат дастур доданд, ки ҷиҳати кам кардани талафоти нерӯи барқ ва истифодаи самараноки он ҳамчун масъалаи калидии таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат тадбирҳои ҳамаҷониба андешида шаванд.
Илова бар ин, бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ва баланд бардоштани самаранокии татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ба вазорату идораҳои дахлдор, роҳбарони лоиҳаҳо бори дигар таъкид намуданд, ки назорати раванди татбиқи онҳо, бахусус дар самти кам кардани талафоти нерӯи барқ, ҷиҳати саривақт ва босифат гузаронидани тендерҳои харид ва иҷрои шартномаҳои басташуда тадбирҳои зарурӣ андешидан зарур аст.
Сарвари давлат ба масъулини соҳа супориш доданд, ки имкониятҳои мавҷударо, аз ҷумла тавассути васоити ахбори омма бо ҷалби зиёиен ва фаъолони ҷамъиятӣ барои ба таври мушаххас шарҳ додани моҳияти муқаррароти нави қонунгузорӣ, ки ба вазнинии ҷавобгарии ҷиноятӣ барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ дахл доранд, истифода баранд.