Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ДАР ЧАНД САТР. Рӯйдодҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон

Санаи нашр: 13-05-2025 Просмотрено: 4586

Дар ин бахш хабарҳои кӯтоҳ дар бораи рӯйдодҳо, ҳодисаҳо, изҳорот, дастовардҳо, арзёбиҳо, раддабандиҳо, пешгӯиҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон ҷойгир карда мешаванд.

ДАР ТОҶИКИСТОН     

Дар Бохтар ҷалби занон ба бахши нақлиёти ҷамъиятӣ баррасӣ шуд. Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон конфронси «Нақш ва фаъолияти занон дар бахши нақлиёти ҷамъиятӣ: мушкилот, имкониятҳо ва ташаббусҳо» баргузор шуд. Данр ин бора 10 май АМИТ «Ховар» хабар дод.

Ҳамоиш дар доираи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар вилояти Хатлон» ташкил карда, ба вазъи занон дар соҳаи нақлиёти ҷамъиятӣ бахшида шуд. Мақсади асосии конфронс рушд ва васеъ кардани имкониятҳои баробар барои занон дар идоракунии бахшҳои гуногуни соҳаи нақлиёт буд.

Роҳбарияти Идораи нақлиёти ҷамъиятии «Бохтарнаклиётхизматрасон»  зикр кард, ки яке аз самтҳои муҳим ҷалби занон ба соҳаи нақлиёт мебошад. Дар доираи лоиҳа, чунин занон дастгирӣ меёбанд ва метавонанд категорияи ронандаи нақлиёти ҷамъиятиро ба даст оварда, ҳамчун ронандаи автобус кор  кунанд.

***

Ширкати «Тоҷик Эйр» парвози ҳавопаймоҳоро дар масири «Душанбе – Ховалинг» ба роҳ мемонад. Дар ин бора 17 апрел дар хадамоти матбуотии интиқолдиҳанда хабар дод.

Парвозҳо ҳар ҳафта рӯзи шанбе соати 12:00 анҷом дода мешаванд. Чиптаҳоро танҳо дар кассаҳои ширкати дигари ҳавопаймоии Тоҷикистон «Сомон Эйр» харидан мумкин аст.

Қаблан «Тоҷик Эйр» парвозҳоро аз Душанбе ба Хоруғ, Кӯлоб ва Панҷакент барқарор карда буд. Дар ояндаи наздик роҳандозии парвозҳо ба минтақаҳои душворгузари Лахш ва Рашт низ дар назар аст.

***

Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон ҷуғрофияи парвозҳо васеъ шуддааст. Дар семоҳаи аввали соли 2025 КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ва филиалҳои он дар натиҷаи аз сар гирифтани парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва афзоиши ҷуғрофияи парвозҳо дар фурудгоҳҳои байналмилалии Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар ба 14868 ҳавопаймо хидмат расониданд, хабар дод 21 апрел  АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуотии «Тоҷикаэронавигатсия».

Сабаби асосии афзоиши шумораи парвозҳо иҷрои парвозҳои транзитӣ аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ ва ватанӣ буд. Дар ин давра шумораи парвозҳои транзитӣ 9578 ададро ташкил дод.

***

Ширкати «Сомон Эйр»  адади парвозҳоро дар хатсайри «Душанбе –  Мюнхен» зиёд мекунад. Шуруъ аз 7 май парвозҳо дар як ҳафта ду маротиба — рӯзи чоршанбе ва шанбе анҷом дода мешаванд.

Парвозҳо аз Душанбе соати 00:10, аз Мюнхен соати 17:00 (вақти маҳаллӣ) бо ҳавопаймоҳои «Boeing 737-800» ва «Boeing 737-900» анҷом дода мешаванд.   

Чиптаҳо аллакай дар сомонаи расмии ширкати ҳавопаймоӣ www.somonair.com,  дар замимаи мобилӣ ва агентиҳои шарик дастрасанд.   

«Сомон Эйр» дар бозори байналмилалӣ бомуваффақият фаъолият мекунад ва узви Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) мебошад. Ба шабакаи хатсайрҳо самтҳо ба Олмон, АМА, Туркия, Чин, Қатар, Арабистони Саудӣ, Миср, Эрон, Ҳиндустон, Русия, Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистон дохил мешаванд.

Чанд рӯз пеш «Сомон Эйр» дар ҳамкорӣ бо ширкати «Антарес» (fly.tj) парвози мустақимро ба истироҳатгоҳи машҳури Миср Шарм-уш-Шайх эълон кард. Парвози аввал 11 май сурат мегирад.

Парвозҳо ҳафтае як маротиба, рӯзи якшанбе бо Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 анҷом дода мешаванд. Вақти сафар аз Душанбе ба Шарм-уш-Шайх 5 соату 30 дақиқа, дар самти баръакс - 5 соатро ташкил медиҳад.

***

Дар Деваштич моҳи май ба таъмири роҳе, ки ба наздикӣ бо маблағи муҳоҷирони меҳнатӣ ва сокинони маҳаллӣ сохта шуда буд, шурӯъ мекунанд.

Роҳ дар ҷамоати «Ваҳдат»- и ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд дар охири соли гузашта бо маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва сокинони маҳаллӣ бунед карда шуд. Аммо пас аз се моҳ яке аз қитъаҳои роҳ барои истифода номувофиқ шуд. Барои санҷиши ҳолати роҳ Гурӯҳи корӣ ташкил карда шуд. Мутахассисон тасдиқ карданд, ки қабати роҳ қисман вайрон шудааст ва сабаби он шароити номуносиби обу ҳаво дар вақти бунёди он арзёбӣ гардид.

Бояд зикр кард, ки дар соли 2024 дар ноҳияи Деваштич 45 километр роҳ таъмир карда шуд, ки 5 километри он аз буҷети ноҳия ва 40 километри боқимонда бо иштироки сокинони маҳаллӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ маблағгузорӣ карда шуд.

***

Дар шаҳри Ҳисор асфалтпӯш кардани роҳи автомобилгарди «Чимтеппа-Шарора-даромадгоҳи шаҳри Ҳисор» оғоз ёфт. Корҳо оид ба таъмири асосии роҳи автомобилгард дар доираи супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии мамлакат гузаронида мешаванд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти  МИҲД шаҳри Ҳисор.

Маросими оғози расмии корҳо 23 апрел бо иштироки роҳбарияти шаҳр   ва намояндагони муассисаи давлатии нигоҳдории рооҳҳои Вазорати нақлиёти ҶТ ва ташкилотҳои пудратӣ баргузор шуд.

Таъмири ин қитъаи роҳ, ки пас аз таваққуфи муваққатӣ дар моҳи феврал бо сабаби шароити номусоиди обу ҳаво тӯл кашид, аз ҳисоби буҷети шаҳри Ҳисор ва бо иштироки сармоягузории хусусӣ анҷом дода мешавад. Дар ҷараени корҳо мустаҳкам кардани роҳ, навсозии системаи дренажӣ, ҳамвор кардани сатҳ ва гузоштани якчанд қабати асфалти баландсифат ба нақша гирифта шудааст.

***

Дар ноҳияи Ҳамадони вилояти Хатлон 12 км роҳ таъмири асосӣ карда мешавад. Дар ноҳия корҳои таъмири асосии 12 километр роҳи автомобилгард, ки аз ҷамоати деҳоти Саидқул Турдиев мегузарад, оғоз ёфт.

Лоиҳа дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Тавре Раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ҷомӣ Кабирзода хабар дод, ташаббус бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва иштироки фаъолонаи аҳолии маҳаллӣ амалӣ карда мешавад.                                      

***

Таҷдиди роҳи автомобилгарди «Зарафшон – Искандаркӯл» имкон медиҳад, ки шумораи сайёҳон зиёд карда шавад. Корҳо оид ба таҷдиди роҳи  мазкур дар ноҳияи Айнӣ  идома доранд. Дар ин бора Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар медиҳад.

Навсозии роҳ дар доираи омодагӣ ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Таъмири роҳ аҳамияти стратегӣ дорад, зеро он дастрасии қулайро ба яке аз ҷойҳои сайёҳии Тоҷикистон – Искандаркӯл таъмин менамояд. Роҳи автомобилгарди дарозиаш 33 километр километри 104-уми роҳи автомобилгарди байналмилалии «Душанбе – Хуҷанд –  Чанак»-ро бо деҳаи Саратоғ мепайвандад.

***

Дар Душанбе ронандагони нақлиёти мусофирбарро барои вайрон кардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҷарима карданд. Дар пойтахти кишвар   ҳолатҳои вайронкунии шадиди қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба қайд гирифта шудааст, ки  дар натиҷаи шикоятҳо ва сабтҳои ирсолнамудаи шаҳрвандон ошкор гардидаанд, хабар медиҳад РВКД ҶТ дар шаҳри  Душанбе.

Дар хабар гуфта мешавад, ки аксари  вайронкунандагони қоидаҳои ҳаракат ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ мебошанд. Нисбат ба онҳо протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд.

«Ронандагон Ҷумъабой Гулов (мошини "AION", рақами давлатиаш 0268ТТ10), Бунёд Асомуддинзода (мошини "BYD", рақами давлатиаш 5013ТТ10) ва Сохиҷон Хоҷаев (мошини ҶДММ "Сорбон-14", рақами давлатиаш 1003ТТ09) тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима шуданд», —  тазаккур доданд  дар милитсия. сармоягузорӣ кард.

***

Бонки осиёии рушд (БОР) дар таҷдиди 90% роҳҳо дар минтақаҳои Тоҷикистон иштирок кардааст. БОР сохтмон ва таҷдиди 90% инфрасохтори роҳро дар Тоҷикистон берун аз Душанбе маблағгузорӣ кардааст. Дар ин бора Директори  генералии БОР оид ба Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ Евгений Жуков дар доираи ҷаласаи 58-уми солонаи Шӯрои идоракунандагони бонк, ки 4-7 май дар Милан (Итолиё) баргузор шуд, изҳор дошт, хабар медиҳад «Азия-Плюс».

Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон шарики деринаи БОР аст. Дар ин муддат бонк ба кишвар тақрибан 2,7 миллиард доллар, асосан ба бахши давлатӣ сармоягузорӣ кардааст.                                                                                        

ДАР МИНТАҚА  

Ба хотири таҳкими робитаҳои нақлиётӣ ва ҳамгироии тиҷоратию иқтисодӣ. 18 апрели соли 2025 дар Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон мизи мудаввар таҳти унвони «Рушди алоқамандии нақлиётӣ ва ҳамгироии тиҷоратию иқтисодӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Қафқози  Ҷанубӣ дар заминаи  Барномаи амали Ашқобод (2024-2035) ва  Даҳсолаи нақлиёти устувори СММ (2026-2035)» баргузор гардид. Дар кори мизи мудаввар роҳбарон ва кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Туркманистон, инчунин  рӯзноманигрон иштирок намуданд.

Муовини Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Аҳмад Гурбанов ва котиби иҷроияи Маркази байналмилалии дипломатияи нақлиётӣ Игор Рунов  зимни суханрониҳои худ бо зикри он, ки бунёди инфрасохтори васеъ ва бехатари байналмилалии нақлиётӣ яке аз омилҳои ҷудонашавандаи рушди устувори умумиҷаҳонӣ мебошад, дар бораи афзалиятҳо, вазифаҳо ва қадамҳои амалӣ оид ба рушди минбаъдаи иқтидори дипломатияи нақлиётӣ таъкид намуданд.

Кори мизи мудаввар дар доираи се сессияи мавзӯъӣ идома ефт: «Саҳми амалии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ дар татбиқи Даҳсолаи нақлиёти устувори СММ (2026-2035)», «Конфронси сеюми СММ оид ба кишварҳои рӯ ба инкишоф, ки ба баҳр рощи баромад надоранд: вазифаҳо ва лоиҳаҳои ояндадор», «Маълумот дар бораи  тадбирҳои оянда бахшида ба нақлиёт дар Туркманистон то охири соли 2025».                                                    

***

Дар Туркманистон фурудгоҳи нави байналмилалии Балканобод  мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин бора 2 май расонаҳои Туркманистон хабар доданд.

Ин иншооти нав аз ҷониби ширкати хусусии сохтмонии «Гундогда» бунёд шудааст, ки бо таҷрибаи татбиқи лоиҳаҳои мураккаби нақлиётӣ маъруф аст. Фармоишгари лоиҳа агентии «Туркменховаёллари» буд. Фурудгоҳи нав қодир аст дар як соат то ба 100 нафар мусофирон хизмат расонад.

Фурудгоҳи нави байналмилалии Балканобод дар 20 километрии шимолу ғарбии маркази маъмурии вилоят ва ҳамагӣ 4 километр дуртар аз истироҳатгоҳи маъруфи «Моллакара» ҷойгир аст. Бо кушодани фурудгоҳ дастрасӣ ба хизматрасониҳои фроғатгоҳ хеле беҳтар ва рушди сайёҳӣ дар минтақа ҳавасманд карда мешавад.

Ифтитоҳи фурудгоҳи нав рамзи эҳёи қитъаи Амул-Хазари Роҳи қадимаи Абрешим арзёбӣ гардид, ки ҳоло ҳамчун долони нақлиётии Шарқӣ-Ғарбӣ маъруф аст ва шаҳрҳои Туркманобод, Ашқобод, Балканобод ва Туркманбоширо мепайвандад.

Фурудгоҳ дар наздикии роҳи автомобилгард ва роҳи оҳани «Ашқобод- Туркманбошӣ» ҷойгир аст. Дар оянда дар наздикии шаҳраки Ҷебел сохтмони истгоҳи роҳи оҳан ба нақша гирифта шудааст.                                                 

***

Дар Қирғизистон қоидаҳои нави вуруд ва хурӯҷ барои мошинҳои хориҷӣ ҷорӣ гардиданд. Тартиби нави воридот, содирот ва истифодаи мошинҳои хориҷӣ 3 майи соли 2025  ба ҳукми амал даромад. Нақлиёте, ки дар хориҷа ба қайд гирифта шудааст ва ба талабот ҷавобгӯ нест,  барои  истифода  иҷозат дода намешавад, хабар медиҳад Economist.kg.

Қарор дар доираи иҷрои фармони президент дар бораи қонунигардонии нақлиёт қабул карда шуд. Мақсади он ба тартиб даровардани истифодаи мошинҳои хориҷӣ мебошад. Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон диққати махсус дода мешавад. Ба онҳо воридоти мошине, ки дар кишвари бақайдгирӣ, аз ҷумла Қазоқистон аз қайд  баровада нашуда бошад, манъ аст. Дар сурати  надоштани  рамзи VIN низ воситаи нақлиёт  ба қаламрави кишвар роҳ дода  намешавад.  

Ба расмият даровардани нақлиёт танҳо дар сурати мавҷуд будани бастаи пурраи ҳуҷҷатҳо  имконпазир хоҳад буд. Ҳамаи маълумот дар пойгоҳи иттилоотии ВКД санҷида мешаванд. Агар маълум шавад, ки мошин дар ҷустуҷў қарор дорад, дарҳол  дар ин бора ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  хабар расонида мешавад.

Барои ворид шудан ба  қаламрави Қирғизистон хориҷие нақлиети хориҷӣ бояд чунин санадҳои  амалкунанда дошта бошад: шаҳодатномаи бақайдгирӣ,  рақами давлатӣ, стикери байналмилалии кишвари истеҳсолкардаи, ҳуҷҷат дар хусуси гузаштани муоинаи техникӣ,  полиси суғурта  (ОГПО ВТС).

ДАР ҶАҲОН

Намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз яке аз бузургтарин корхонаҳои истеҳсоли нақлиёти ҷамъиятӣ дар ҷаҳон дидан карданд. Ба меҳмонон давраи пурраи истеҳсолӣ аз кафшери роботии чаҳорчӯбаи автобус то васлкунии ниҳоӣ ва санҷиш нишон дода шуд.

Ширкати чинии Yutong, яке аз бузургтарин истеҳсолкунандагони нақлиёти ҷамъиятӣ дар ҷаҳон, намояндагони кишварҳои гуногуни Осиёи Марказӣ - рӯзноманигорон, шарикон, дилерҳо ва мутахассисони нақлиёти ҷамъиятиро даъват кард, то  бубинанд, ки истеҳсолоти корхона чӣ гуна фаъолият  мекунад ва дар соҳаи нақлиёти «сабз» чӣ  дастовардҳо дорад.

Сафар дар доираи чорабинии «Саёҳат ба арзишҳои Yutong» аз 8 то 11 апрели соли 2025 дар корхонаи асосӣ дар  шаҳри Чжэн Чжоуи Чин  сурат гирифт.

Ба ҳайати Тоҷикистон намояндагони ширкатҳои AKIA Avesta, Asian Express ва гурӯҳи рӯзноманигорон шомил буданд, ки тавонистанд бо равандҳои истеҳсолӣ ва ҳалли масоили технологӣ бо дурнамои гуногуни касбӣ шинос шаванд.

***

Дар Аврупо ба мошинҳои ҳаҷман хурд савор шуданро афзал медонанд, дар ИМА бошад аз ҳаҷми муҳаррик парво надоранд. Афзалиятҳои автомобилӣ барои сокинони Аврупо ва ИМА фарқ мекунанд: дар ҳоле, ки аврупоиҳо ба мошинҳои хурд бартарӣ медиҳанд, амрикоиҳо ба мошинҳои калон бо  бо ҳаҷми зиёди  муҳарикҳои дарунсӯз содиқ мемонанд.

Пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Аврупо бо зарурати барқарор кардани саноати худ дар шароити захираҳои маҳдуд рӯ ба рӯ шуд. Ин ба мошинҳои ба истилощ «ҷамъу ҷӯр» оварда расонд, ки барои истеҳсол камтар мавод талаб мекарданд ва барои истифода сарфакоронатар буданд. Таъсири ин анъана то имрӯз ба бозори автомобилсозии Аврупо ба назар мерасад. ИМА дар қаламрави худ амалиёти ҷангиро анҷом надодааст.

Шаҳрҳои Аврупо инчунин бо кӯчаҳои танг ва биноҳои зич (таърихан) маъруфанд, ки истифодаи мошинҳои калонро душвор мекунад. Мошинҳои хурд дар ин ҷо ба туфайли чолокӣ ва қобилияти ба осонӣ таваққуф кардан ҳатто дар шароити тангтарин баратарӣ доранд.

Баръакси Аврупо, шаҳрҳои Амрико ва биноҳои наздишаҳрӣ бо назардошти автомобилсозӣ тарҳрезӣ карда шуданд. Кӯчаҳои васеъ, ҷойҳои зиёди таваққуфгоҳ ва баландкӯҳҳои тӯлонӣ ба маъруфияти мошинҳои калон мусоидат мекунанд. Дар ин ҷо барои «ҷамъу ҷӯр»  ташвиш кашидан лозим нест — фазо ба шумо имкон медиҳад, ки мошинҳои ҳар андозаро интихоб кунед.

***

Иттиҳоди Аврупо контент(муҳтаво)-ро дар мошинҳо тоза ё ки филтр мекунад. Дар ин бора 4 май Pravdaq.ru хабар дод.  ИА метавонад дар ояндаи наздик қоидаҳои навро  оид ба  системаҳои мултимедиявӣ дар мошинҳо то назорати мундариҷаи садои пахшшаванда ҷорӣ кунад.

Тибқи маълумоти пешакӣ, ҷорӣ кардани чунин стандартҳо барои системаҳои аудиои автомобилӣ баррасӣ мешаванд:

- Маҳдуд сохтани сатҳи овоз;

- Бастани намудҳои муайяни аудио ҳангоми ҳаракат (масалан, видео аз экран);

-Боздошти автоматии бозӣ ҳангоми фаъол шудани системаҳои тормози фавқулодда;

- Дар оянда-филтр кардани «муҳтавои саргармкунанда».                                                 

***

Полиси Латвия дар бораи шадидтар кардани санҷишҳои ронандагони воситаҳои микромобилӣ хабар медиҳад. Дар ин бора 2 майи соли 2025 дар сомонаи delfi.lt иттилоъ дода шудааст. Тадбирҳои зерин ба нақша гирифта шудаанд:

—  1-4 ва 18-20 май — санҷишҳои ҳушёрӣ.

— 21-23 май — ташаббуси ROADPOL, полис тафтиш мекунад, ки оё ронандагон Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя мекунанд.

— 29-31 май — санҷиши бехатарии ронандагони скутерҳо, риояи суръати муқарраршудаи ҳаракат, истифодаи  жилетҳои инъикоскунандаи равшанӣ ва  сарпӯшҳо (шлемҳо).

***

Ширкати озарбойҷонии ADOG ва Бандари байналмилалии Зира ҷиҳати сохтмони нақби зеризаминӣ, ки баҳрҳои Хазар ва Сиёҳро бо ҳам мепайвандад, ташаббус нишон доданд, хабар медиҳад Tengrinews.kz бо истинод ба Minval.az. Тибқи лоиҳа, сохтмони нақби зеризаминии диаметраш 10 метр пешниҳод карда мешавад, ки баҳри Сиёҳро (аз ҷониби Гурҷистон ё Русия) бо баҳри Хазар мепайвандад.

Бо сабаби фарқияти табиии сатҳи об, оби баҳри Сиёҳ метавонад бе истифодаи насосҳо ба Каспий ворид шавад. «Ташаббус барои ба эътидол овардани тавозуни оби баҳри Хазар равона шудааст, ки сатҳи он дар солҳои охир босуръат коҳиш ёфта, барои давлатҳои соҳилӣ хатари ҷиддии экологӣ, иқтисодӣ ва инфрасохторӣ  ба миён овардааст», - гуфта мешавад дар  хабар.

***

Мошини поп Франсис ба маркази тиббии кӯдакони Ғазза табдил меёбад. Яке аз мошинҳои поп Франсис ба маркази тиббии сайёр барои кӯдакон табдил дода, ба Ғазза фиристода мешавад, хабар медиҳад Tengrinews.kz бо истинод ба Soggiege Della Sere.

Ин яке аз охирин хоҳишҳои Франсис пеш аз марг буд. Вай ба ташкилоти хайриявии католикии Caritas Jerusalem барои кӯмак дар бартараф кардани вазъияти вазнини башардӯстона дар Навори Ғазза папамобилро васият кардааст, ки дар он ӯ соли 2014 ба зиёрати Заминҳои муқаддас сафар карда буд.

Мошин ба ихтиери Caritas Jerusalem дода шудааст, ки аллакай бо дастгирии Caritas Sweden бо таҷҳизоти он машғул аст.