Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

РОҲ БА СӮИ УҚЁНУСИ ҲИНД. Тоҷикистон ба зудӣ дар бандари «Чобаҳор»-и Эрон маркази логистикӣ таъсис медиҳад

Санаи нашр: 14-05-2025 Просмотрено: 4395

Тоҷикистон ният дорад дар бандари «Чобахор»-и Эрон маркази логистикии худро таъсис диҳад ва дар он бо ширкати соҳибкорони тоҷик терминолҳо ва анборҳо бунёд намояд. Дар ин бора дар ҷаласаи 17 - уми Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникии Тоҷикистону Эрон, ки аз 5 то 6 майи соли 2025 дар шаҳри Шероз баргузор гардид, хабар дода шуд.      

Ҳайати Вазорати нақлиёти Тоҷикистон таҳти сарварии муовини Вазири нақлиёт Шоиста Саидмуродзода, ки аз 5 то 9 майи соли равон бо сафари корӣ дар ҶИЭ қарор дошт, аз маҷмааи бандарии «Чобаҳор», ки дар ҷанубу шарқии Эрон, дар шимоли баҳри Умон ва уқёнуси Ҳинд ҷойгир аст, дидан кард.

Ҳайати кишвари мо, ки ба он намояндагони дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, МД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониҳои логистикӣ» ва ширкати ҶСП «Холдинги Осиё Гурӯҳи Тоҷикистон»  шомил буданд, бо муовини Вазири роҳ ва шаҳрсозӣ,  Раиси Созмони банодир ва дарёнавардии ҶИЭ Саид Расулӣ, инчунин бо роҳбарияти Минтақаи озоди иқтисодӣ ва бандари баҳрии «Чобаҳор» мулоқот карданд.

Намояндагони Тоҷикистон бо имконот ва иқтидори МОИ ва бандари баҳрии «Чобаҳор» шинос шуданд. Ба онҳо иттилоъ дода шуд, ки бандар масоҳати умумии 450 гектарро дарбар гирифта, 10 лангаргоҳи фаъол дорад, ки қодиранд киштиҳои боркашониро бо ғунҷоиши 50 ҳазор тонна қабул кунанд.   Зикр карда шуд, ки  дар МОИ ва бандари «Чобаҳор» лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ, аз қабили сохтмони нерӯгоҳи барқӣ, роҳи оҳан, биноҳо барои нигоҳдории молу маҳсулот, инчунин васеъ кардани бандар барои афзоиши имкониятҳои боркашонӣ амалӣ карда мешаванд, ки ин эътибори ин маркази нақлиётиро миёни дигар бандарҳои ҷаҳон баланд мебардорад.

Ҳайатҳои ду кишвар ба мувофиқа расиданд, ки  то охири нимсолаи аввали соли 2025 ҷониби Тоҷикистон лоиҳаи бунёди маркази логистикиро таҳия ва ба ҷониби Эрон ирсол  мекунад. Пас аз қабули ин санад, ҷониби Эрон дар давоми як моҳ онро баррасӣ карда, ба ҷониби Тоҷикистон лоиҳаи шартномаи ҳамкориро бо назардошти имтиёзҳои давлатӣ ва муайян намудани маблағи дақиқи сармоягузорӣ  пешниҳод месозад.

Ҳамин тариқ, бо таъсиси маркази логистикии худ дар бандари «Чобаҳор», ки дар вилояти Сиистону Балуҷистони Эрон ҷойгир аст, Тоҷикистон, ки то ҳол ба баҳр баромади мустақим надорад ва мехоҳад иқтисоди худро диверсификатсия кунад, ба зудӣ метавонад дар доираи долони байналмилалии мултимодалии нақлиётии «Чин-Тоҷикистон-Узбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия-Аврупо» ба уқёнуси Ҳинд роҳ ёбад ва равобити фаъоли иқтисодиро бо кишварҳои минтақаи Осиёву уқёнуси Ором ва ҳошияи ин уқёнус, кишварҳои Халиҷи форс ва ҳатто Африқои шарқӣ  ба роҳ монад.

Ёдовар мешавем, ки  расо се сол пеш, моҳи майи соли 2022 дар Теҳрон  зимни нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои сафари расмии худ ба ҶИЭ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки Тоҷикистон ба дастрасӣ ба обҳои кушоди Эрон, инчунин истифодаи бандарҳои «Чабаҳор» ва «Бандар-Аббос» барои интиқоли молу маҳсулот манфиатдор аст.

Моҳи ноябри соли 2023 дар доираи сафари расмии Президенти ҶИЭ  Саид Иброҳим Раисӣ ба Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкории ду кишвар оид ба масъалаҳои ҳамлу нақли байналмилалии бор ва транзит тавассути бандари «Чобаҳор» ба имзо расид.  Санади мазкурро Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим ва Вазири корҳои хориҷии ҶИЭ Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён имзо карданд.

Моҳи январи соли 2025 аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён дар Душанбе Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Созмони  банодир ва дарёнавардии Эрон  ҷиҳати рушди транзити борҳо тавассути бандари «Чобаҳор» ба имзо расид. Зери ин ҳуҷҷат Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим ва Вазири роҳ ва  шаҳрсозии ҶИЭ Фарзона Содиқӣ имзо гузоштанд.