Дар Душанбе барои мошинҳое, ки аксар вақт дар маркази пойтахт ҳаракат мекунанд, ҷиҳати истифода аз таваққуфгоҳҳои пулакӣ абонемент ҷорӣ карда шуд. Мо дар зер дар бораи чӣ гуна ба даст овардан ва истифода бурдани ин гузарномаҳо маълумот медиҳем.
Абонементҳо дар таваққуфгоҳҳо барои содда кардани раванди пардохт ҷорӣ карда шудаанд. Онҳо пеш аз ҳама барои истифодабарандагони доимии хизматрасониҳои таваққуфгоҳи пулакӣ пешбинӣ шудаанд. Ронандае, ки ин абонементро харидааст, метавонад бе пардохти соатбайъ аз таваққуфгоҳҳо истифода кунад, ба шарте ки маблағи муқарраршуда бо пардохти якдафъаина амалӣ карда шавад. Яъне, ронанда дар сурати доштани абонемент ҳуқуки дастрасии номаҳдуд ба ҳамаи таваққуфгоҳҳои шаҳрро барои мӯҳлати интихобкардааш пайдо мекунад.
Ин шакли пардохт махсусан барои ронандагоне, ки аксар вақт дар маркази пойтахт ҳаракат мекунанд, қулай аст. Онҳо худашон вобаста ба эҳтиёҷоти худ барои як ҳафта, як моҳ ва ҳатто як сол метавонанд абонемент харидорӣ кунанд.
Нархҳои дастрас:
«Ҳафта» – 1 ҳафта – 140 сомонӣ;
«Моҳона» – 1 моҳ – 500 сомонӣ;
«Семоҳа» – 3 моҳ – 1300 сомонӣ;
«Нимсола» – 6 моҳ – 2300 сомонӣ;
«Солона» –12 моҳ – 4000 сомонӣ.
Ҳама таваққуфгоҳҳои Neru ҷойҳои номаҳдуд доранд, то ронандагон дар бораи доштани фазои холӣ хавотир нашаванд.
Чӣ тавр абонементро бояд ба даст овард?
- ба сомонаи neru.tj ворид шавед ва бахши «Абонемент» - ро кушоед;
- нархи дилхоҳатонро интихоб намоед ва тугмаи «Харид» - ро пахш (клик) кунед;
- рақами давлатии мошин, силсила (ҳарфҳои лотинӣ) ва минтақаро ворид созед;
- маблағи абонементро бо «Корти миллӣ»-и дилхоҳ бонк ва ё тавассути рамзи QR пардохт намоед.
Шумо маблағро инчунин метавонед тавассути ҳамёни электронии ДС NEXT пардохт кунед:
- дар ҳамон сомона ба бахши «Пардохти хидмат» гузаред;
- нуқтаи «Дигар» - ро интихоб кунед, сипас нуқтаи «Хариди абонементи таваққуфгоҳи пулакии «Neru»-ро;
- маълумоти автомобил ва маблағи абонементро ворид кунед;
-тугмаи «Пардохт»-ро пахш (клик) кунед.
Макони ҷойгиршавии баъзе таваққуфгоҳҳои пулакӣ:
дар хиёбони Рӯдакӣ, дар назди Маркази савдои «Садбарг»;
дар кӯчаи Айнӣ дар назди Маркази савдои «Гелос» («Олами китоб»);
дар кӯчаи Мирзо Турсунзода – дар тӯли Боғи Куруши Кабир;
дар кӯчаи Ғаффор Валаматзода – аз МИҲД ноҳияи Шоҳмансур то фабрикаи «Ёкут-2000».
Арзиши таваққуфгоҳ: 10 дақиқаи аввал — ройгон ва баъд аз ҳар соат – 3 сомонӣ. Барои мошинҳои хадамоти фавқулодда, инчунин маъюбони гурӯҳҳои I ва II таваққуфгоҳ ройгон аст.
Шумо метавонед ҳамаи ҷойҳоро бо таваққуфгоҳҳои пулакӣ дар сомонаи www.neru.dc.tj ва дар барномаи мобилии Neru тамошо кунед.
Ёдовар мешавем, ки таваққуфгоҳҳои автоматикунонидашудаи пулакӣ (паркингҳо) дар Душанбе аз 20 июни соли 2024 ба кор шурӯъ карданд. Ҳадафи онҳо ба тартиб даровардани ҳаракати нақлиёт ва коҳиш додни тамбашавӣ дар роҳҳои пойтахт мебошад.
Ташкили таваққуфгоҳҳои пулакӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» аз 25 июни соли 2021 пешбинӣ гардидааст.
Таваққуфгоҳҳои пулакӣ дар доираи созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати кишвар ва консорсиуми сармоягузорон роҳандозӣ карда шудааст ва мақоми ваколатдор КВД «Smart City» («Шаҳри ҳушманд») мебошад. Лоиҳаи «Ташкили таваққуфгоҳҳои пулакӣ, истгоҳҳои барқдиҳӣ ва системаи автоматикунонидашудаи бақайдгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (NERU) ба татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025, Стратегияи рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 ва Барномаи давлатии рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 равона шудааст.
Лоиҳа ба воридоти техника ва технологияҳои муосир, беҳдошти хизматрасонӣ, ташаккули системаи назорати видеоӣ, бақайдгирии автоматии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, коркарди автоматикунонидашудаи маълумот дар бораи бақайдгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, коҳиш додани тамбашавии воситаҳои нақлиёт, таъмини сатҳи баланди бехатарӣ дар роҳҳои автомобилгард, ворид намудани маблағ ба буҷети давлатӣ, эҷоди рақобати солим дар соҳа ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад кард.