12 майи соли 2025 дар Қазоқистон мулоқоти кории сеҷонибаи намояндагони маъмурияти роҳи оҳани Қазоқистон, Узбекистон ва Тоҷикистон баргузор шуд.
Ҳайатҳои ҶС «КТЖ-Боркашонӣ», ҶС «Узбекистон темир йуллари» ва КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» масъалаи афзоиши ҳаҷми боркашонӣ ва беҳдошти равандҳоро дар нуқтаҳои байнидавлатии пайвастшавии «Оазис» ва «Сариагаш» баррасӣ карданд.
Дар мулоқот ҳайатҳои се кишвар таҳти роҳбарии Ербол Тусупов, муовини директори генералии ҶС «КТЖ – Боркашонӣ», Абдувалӣ Кодиров, сардори департаменти ташкили ҳамлу нақли ҶС «Узбекистон темир йуллари» ва Раҷабмурод Одинаев, сардори хадамоти ҳамлу нақли КВД «Рохи оҳани Точикистон» ширкат намуданд.
Тавре зикр гардид, соли 2024 ҳаҷми боркашонӣ миёни Узбекистон ва Қазоқистон ба 11,5 миллион тонна расид. Таҳвили миёнаи шабонарӯзии қатораҳо тавассути НБП «Сариагаш» дар чор моҳи аввали соли равон 26 адад қатораро такшкил дод. Афзоиши ҳиссаи интиқоли контейнерҳо дар самти «Чин – Осиёи Марказӣ» дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 104% зиёд шуд, ки ба 144 қатораи контейнерӣ баробар аст.
Дар ҷаласа ба зарурати таъмини саривақтии қабул ва содироти борҳо, афзоиши ҳиссаи интиқоли контейнерҳо ва афзоиши ҳаҷми боркашонӣ миёни Тоҷикистан, Узбекистон ва Қазоқистон таъкид карда шуд.
Оид ба натиҷаи музокироти ҷонибҳо, ки дар фазои дӯстона ва созанда сурат гирифтанд, протокол ба имзо расид.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар моҳҳои январ-марти соли равон тавассути нақлиёти роҳи оҳан дар Тоҷикистон 1млн. 904,6 ҳазор тонна бор (бо назардошти боркунӣ, борфарорӣ ва транзити бор) ҳамлу нақл шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,8% зиёд аст. Дар интиқоли байналмилалии борҳои кишвар ҳиссаи нақлиёти роҳи оҳан зиёд аст – ба ин намуди нақлиёт 71,8% ҳаҷми умумии боркашонии байналмилалӣ рост меояд.
Тавре Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим 10 апрел дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи вазорат оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои семоҳаи аввали соли 2025 изҳор дошт, КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бояд дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои сохтмон ва таҷдиди парки роҳи оҳан, таъмини содироти маҳсулоти кишоварзии мамлакат тадбирҳои муассир андешад.
Хотиррасон мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Семинар-машварати ҷумҳуриявӣ, ки 17 майи соли равон бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ноҳияи Данғара доир гардид, ба Агентии содирот, Хадамоти гумрук, Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон», роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки содироти меваю сабзавоти барвақтиро ташкил намуда, дар ин самт бо роҳи таъсиси ситодҳои корӣ фаъолият намоянд.