Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ДАР ПАРТАВИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ. Вазорати нақлиёт бо мақсади мусоидат ба содироти пиёзи барвақтӣ Гуруҳи корӣ таъсис дод

Санаи нашр: 22-05-2025 Просмотрено: 4024

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мусоидат ба содироти пиёзи барвақтӣ ба кишварҳои хориҷӣ Гуруҳи корӣ таъсис дод. 14 май аъзои гурӯҳ бо сарварии муовини вазир Шоиста Саидмуродзода ба вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод.

Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили меваю сабзавоти барвақтӣ идома дорад. Дар кишвар аллакай дар моҳҳои апрел-май себ, зардолу, олуча, гелос,  тарбуз, харбуза, пиёз пухта  мерасанд.

Аъзои Гурӯҳи корӣ, ки аз ҷониби Вазорати нақлиёти ҶТ барои мусоидат ба содироти пиёз ва дигар сабзавоту меваҷот таъсис дода шудааст, ин ҳафта ба вилояти Хатлон сафар кард.

Дар вилоят пиёзи барвақтии навъи ватании «Ҷайҳун» парвариш карда мешавад, ки ҷамъоварии ҳосили он дар ҳоли анҷомёбист.Танҳо дар як ноҳияи Панҷ барои он 370 гектар замин ҷудо карда шудааст ва хоҷагиҳои фермерӣ тасмим гирифтаанд аз ин миқдор замин на камтар аз 10 ҳазор тонна ҳосили босифат ҷамъоварӣ карда, маҳсулоташонро на танҳо ба бозори дохилӣ бароранд, балки ба кишварҳои ҳамсоя – Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон низ содир намоянд.

Дар сатҳи вилоят имсол дар 14054 гектар пиёз кишт карда шуда, деҳқонон ният доранд, ки 473131 тонна ҳосил ҷамъоварӣ кунанд.

КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 20 адад вагони холиро дар ҳудуди истгоҳҳои роҳи оҳани «Ҷ. Балхӣ», «Хатлон» ва «Шаҳритус»  барои интиқоли пиёз омода карда, барои интиқолдиҳандагон ва нигоҳубини ҳосил тамоми шароитро фароҳам сохтааст. Инчунин дар маҷмааи нақлиётӣ-нигоҳдории шаҳри Левакант барои бастабандии пиёз биноҳо ҷудо карда шудаанд. Маҷмаа дар мавзеи қулай нисбат ба роҳи автомобилӣ ва роҳи оҳан ҷойгир шудааст, ки ин имкон медиҳад воситаи мустақими боркунии «автомобил – вагон»  истифода бурда шавад.  

КВД «РОТ» беш аз 60 нафарро аз ҳисоби кормандони худ, инчунин занони хонашин аз шаҳрҳои Бохтар, Левакант ва ноҳияи Ҷ. Балхӣ барои бастабандӣ, боркунӣ ва  борфарорӣ  ҷалб намудааст.

Барои содироти маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пиёзи барвақтӣ тавассути истгоҳҳои роҳи оҳани «Ҷалолиддини Балхӣ», «Хатлон» ва «Шаҳритус» корхона то 80 фоиз тахфиф  пешниҳод намуда, ӯҳдадор шудааст, ки борро дар мӯҳлати муқарраршуда то истгоҳи «Келес»-и Ҷумҳурии Узбекистон мерасонад. Маъмурияти «Роҳи оҳани Узбекистон»  низ барои содироти пиёз то 60% тахфиф  эълон кардааст.

Ба ҳолати то 21 майи соли 2025 аз ҷониби истгоҳҳои роҳи оҳани вилояти Хатлон 4 вагон ё ба миқдори 240 тонна пиёзи барвақтӣ содир карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Семинар-машварати ҷумҳуриявӣ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ки 17 май дар ноҳияи Данғара баргузор гардид, чунин изҳор доштанд: «Вилояти Хатлон дорои иқтидори бузурги содиротии меваю сабзавот, бахусус сабзавоти барвақтӣ мебошад, аммо истифодаи пурраи ин имкониятҳо ҳанӯз  ба даст наомадааст».

Дар робита ба ин, Сарвари давлат дар бораи зарурати тақвияти корҳо оид ба сохтмони ду маркази агрологӣ дар ноҳияҳои Данғара ва Ҷалолиддини Балхӣ барои васеъ кардани иқтидори содиротӣ таъкид намуданд.

«Ғайр аз ин, – гуфтанд Пешвои миллат, - Агентии содирот, Хадамоти гумрук, Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон», роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки содироти меваю сабзавоти барвақтиро ташкил намуда, дар ин самт бо роҳи таъсиси  ситодҳои корӣ фаъолият намоянд».