21 май дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири нақлиёт Азим Иброҳим бо Миссияи Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) баргузор гардид. Дар мулоқот Роҳбари Дафтари Намояндагии БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Холгер Вифел низ иштирок намуд.
Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дар соҳаи роҳу нақлиёт мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Вазири нақлиёт изҳор дошт, ки ба шарофати сиёсати хирадмандона аа дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкорӣ бо ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла БАТР торафт бештар тавсеа мкеёбад, ки ин ба ҷалби сармоягузорӣ ба бахшҳои асосии иқтисодиёти кишвар мусоидат мекунад.
Ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба татбиқи Стратегияи ҳамкории Бонк бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2026 ва таҳияи лоиҳаи Стратегияи нави ҳамкорӣ барои солҳои минбаъдаро, ки аз ҷониби коршиносони Бонк дар ҳамбастагӣ бо намояндагони вазорату идораҳои кишвар таҳия мегардад, мавриди муҳокима қарор доданд.
Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим барои ҳамкории судманди Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд бо Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, самтҳои муҳим ва афзалиятноки соҳаи роҳу нақлиётро бо назардошти ҳадафҳои стратегии кишвар баён намуд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки имрӯзҳо дар соҳа ба бунёди инфрасохтори зарурӣ ҷиҳати таъмини рушди долонҳои нақлиётӣ, истифодаи иқтидорҳои транзитии кишвар, фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои рушди нақлиёти барқӣ, таъмини рақамикунонии соҳа ва рушди низоми логистика авлавият дода шудааст.
Ҷонибҳо вобаста ба сармоягузорӣ ва ҳавасмандии Бонк ҷиҳати иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои автомобилгарди «Обигарм- Нуробод» ва «Гулистон – Данғара», мусоидат дар роҳандозии низоми рақамӣ дар соҳаи нақлиёти кишвар, бунёди маркази логистикӣ дар гузаргоҳи сарҳади давлатии «Фотеҳобод» ва ғайра изҳори назар намуданд.
Бо назардошти масъалаҳои муҳокимагардида ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо дастрас гардидани лоиҳаи Стратегияи нави ҳамкорӣ, намояндогони Вазорат якҷоя бо намояндагони Бонк дар такмили лоиҳа ва тақвияти ҳамкориҳои минбаъда иштирок хоҳанд кард.