20 май Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба шаҳри Ню-Йорк (ИМА) барои иштирок дар чорабиниҳои Маҷмаи Умумии СММ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки 25 май таҷлил мешавад, сафари корӣ анҷом доданд. Дар ин бора www.majmilli.tj хабар медиҳад.
21 майи соли 2025 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Ню-Йорк бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш мулоқот кард.
Ҷонибҳо густариши ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои об ва тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо (дар арафаи конфронс дар Тоҷикистон 29-31 май) ва масъалаҳои амниятӣ, аз ҷумла мубориза бо терроризм ва вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд.
Ғайр аз ин, Рустами Эмомалӣ бо Президенти иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии СММ Филемон Янг мулоқот анҷом дод. Дар мулоқот нақши Маҷмаи Умумӣ, татбиқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, саҳми Парлумони Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, инчунин масъалаҳои об ва иқлим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
22 май Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маросими ботантанаи таърихии нахустин таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки дар Қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.
ТАЪРИХИ МАВЗУЪ
Азбаски футбол маъмултарин ва оммавитарин навъи варзиш аст ва яке аз роҳҳои беҳтарини таҳкими саломатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, инчунин воситаи муҳимтарини муттаҳидсозии халқҳо ва миллатҳои гуногун маҳсуб меёбад, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ 9 феврали соли 2024 бори аввал ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод карданд, ки нақши футболро дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф намуда, Рӯзи ҷаҳонии футболро бо қабули қатъномаи махсуси МУ СММ расман эълон намоянд.
Маҷмаи Умумии СММ ин пешниҳодро дастгирӣ кард ва 7 майи соли 2024 қатъномаи A/RES/78/281-ро қабул намуд, ки тибқи он 25 май Рӯзи ҷаҳонии футбол (World Football Day) эълон карда шуд.
Тавре ки дар матни қатънома гуфта мешавад, Маҷмаи Умумӣ қарор мекунад, ки 25 май Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон карда шавад, зеро соли 2024 аз замони баргузории аввалин мусобиқаи байналмилалии футбол бо иштироки намояндагони ҳамаи минтақаҳо дар доираи Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1924, ки дар Париж баргузор гардида буд, 100 сол пур мешавад.
Санади мазбур «фарогирии ҷаҳонии футбол ва таъсири он дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла тиҷорат, сулҳ ва дипломатия» - ро таъкид мекунад ва тазаккур медиҳад, ки футбол барои ҳамкорӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Дар рамзи Рӯзи ҷаҳонии футбол мо ашколеро мебинем, ки дар шакли тӯби футбол ба ҳам пайваст шудаанд, ки аз ваҳдати халқҳои ҷаҳон башорат медиҳанд.
ДАР ТОҶИКИСТОН ИН РӮЗРО ЧӢ ГУНА ҶАШН МЕГИРАНД?
Дар доираи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол аз 19 то 25 майи соли 2025 дар саросари кишвар чорабиниҳои зиёд ба нақша гирифта шудаанд, ки ба таблиғи футбол, таҳкими нақши он дар ҷомеа ва тарғиби тарзи ҳаёти солим нигаронида шудаанд. Аз ҷумла:
- беш аз 25 ҷашнвораи (фестивали) футбол барои кӯдакон дар тамоми минотиқи кишвар;
- бозии ситораҳои футболи Тоҷикистон ва Русия дар Душанбе;
- мусобиқаи Суперҷоми Тоҷикистон-2025 байни дастаҳои «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода);
- бозиҳои ниҳоии Суперлигаи Тоҷикистон-2025 оид ба футзал;
- оғози мавсими нави Лигаи Футболи занонаи Тоҷикистон;
- мусобиқаҳои кӯдакон ва наврасон дар минтақаҳои ҷумҳурӣ;
-гуруҳҳои коршиносии аршад бо иштироки бозигарони дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон;
- мусобиқаҳо байни ташкилотҳо.
НАҚЛИЁТ ВА ФУБОЛ ЧӢ ИРТИБОТ ДОРАНД?
Дастаҳои футболро аксар вақт бо мошин ва футболро бо нақлиёт муқоиса мекунанд. Чаро?
Масалан, дастаи мунтахаби Олмон, яке аз дастаҳои муваффақтарини миллӣ дар ҷаҳонро, ки дар чор чемпионати ҷаҳон (1954, 1974, 1990, 2014) ва се чемпионати Аврупо (1972, 1980, 1996) медалҳои тилло ба даст овардааст, «мошини олмонӣ» ("deutsche maschine") ном мебаранд.
Солҳои 80-ум ҳимоятгари марказӣ ва капитани дастаи «Помир» (Душанбе), Устоди варзиши ИҶШС Леонид Кириленкоро мухлисон ба таври шӯхӣ «танк» мегуфтанд, зеро ӯро устувортарин бозингари даста мешумориданд, гузаштан аз ӯ барои рақибон хеле душвор буд.
Соли 2023 ҳимоятгари украинии дастаи «Арсенал»-и Англия Александр Зинченко ҳамдастаи худ Виллям Салибро ба мошини Rolls-Royce шабеҳ донист.
Ҳимоятгари ҳамеша ҷавони бошгоҳи итолиёвии «Интер» Хавйер Дзанеттиро «Трактор» лақаб монда, ба ин васила ба қувва ва тобоварии ӯ эҳтиром гузоштанд.
Инак, чаро дастаҳои футболро бо мошин ва футболро бо нақлиёт муқоиса мекунанд?
Зеро кас дар футбол чун дар нақлиёт аст: бояд ҳамеша дар ҳаракат бошад, аксуламали муносиб нишон дода тавонад ва биниши (босираи) хуб дошта бошад.
Футбол ва нақлиёт ҷанбаҳои муайяни марбут ба ҳаракат, ҳамоҳангсозӣ ва стратегияро инъикос мекунанд. Мошинҳо системаи мураккабе мебошанд, ки кори ҳамоҳангшудаи ҳамаи қисмҳои онро талаб мекунад, ба монанди дастаи футбол. Дар навбати худ, нақлиёт рамзи ҳаракат ва ҳадафмандӣ ӣ мебошад, ки худи футболро ҳамчун намуди варзиш инъикос мекунад, ки дар он дастаҳо барои расидан ба ҳадаф (гол) кӯшиш мекунанд.
Мошинҳо бояд назорат ва нигоҳубин карда шаванд, ҳамон тавре, ки дастаи футбол бояд тавассути машқҳо, тактика ва ҳавасмандӣ дар ҳолати хуб нигоҳ дошта шавад.
Футбол, монанди нақлиёт, одамонро ба варзишгоҳҳо, клубҳо ва ҳамоишҳо мебарад.
Футбол дар байни дигар намудҳои варзиш, чун нақлиёт миёни дигар соҳаҳои иқтисодиёт, нақши калидӣ дорад.
Дар ҷаҳон мафҳумҳое амсоли «трансфер»(интиқоли бозингрон аз як даста ба дастаи дигар) ва «логистика дар футбол» (ҳамлу нақли дастаҳо) маъмуланд.
Эҳтимол тасодуфӣ нест, ки ду футболбози беҳтарин дар таърихи футболи тоҷик – Валерий Турсунов ва Вазген Манасян дар вақташ Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро (ҳоло ДДТ ба номи М. М. Осимӣ) - ро ба итмом расонидаанд ва аз ин ё он ҷиҳат бо техника алоқаманданд.
Дастаи футболи «Нақлиётчӣ»-и Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар мусобиқоти байни дастаҳои вазорату идораҳои кишвар бомуваффақият ҳунарнамоӣ мекунад. Умедворем, ки он дар Мусобиқаи кушод оид ба футболи хурд миёни дастаҳои вазорату идораҳо барои Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе, ки 19 майи соли 2025 ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол оғоз гардид, ширкат карда, муваффақ хоҳад шуд.
Ва, ниҳоят, дар арафаи Рӯзи ҷаҳонии футбол Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон барои иштироки фаъолона дар рушду тарғиби футбол ба роҳбарон ва масъулини вазорату идораҳо ва созмонҳои ибтидоии ҳизбӣ аксияи тақдими либоси варзишии футболро баргузор намуд. Либосҳои варзишии хотиравӣ, аз ҷумла, ба Вазири нақлиёти Тоҷикистон, Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Нақлиётчӣ» Азим Иброҳим, Сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Роҳиоҳанчӣ» Комил Мирзоалӣ ва Директори иҷроияи Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои Вазорати нақлиёти ҶТ, Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Роҳсоз» Нуралӣ Арабзода эҳдо гардиданд.
Хулоса, футбол ва нақлиёт соҳаҳои бегона нестанд, онҳо бо ҳам алоқамандии зиёд доранд.
Роҳбарияти Вазорати нақлиёт ва ҳайати кормандони соҳаи роҳу нақлиёт ба тамоми футболбозон ва ҳаводорони футбли Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии футбол ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистонро табрик мегӯянд!