Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

Таҷлили Рӯзи кормандони нақлиёти автомобилӣ дар Вазорат

Санаи нашр: 25-07-2023 Просмотрено: 2216

Бахшида ба Рўзи кормандони наќлиёти автомобилї  25 июл дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамоиш доир гардид, ки дар он   собиқадорони соҳа, кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ аз минтақаҳо ва чамъиятҳои нақлиётӣ ва меҳмонони фахрӣ  ширкат намуданд.

Сараввал  Вазири нақлиёти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ҳозиринро ба ифтихори ин иди касбӣ табрик гуфта, аз таърихи таъсиси он, муваффақиятҳои бадастомада дар соҳа дар даврони Истиқлоли давлатӣ мисолҳо овард.

     Сипас, собиқадорони соҳа - собиқ вазирони нақлиёти кишвар  Фаррух Муҳиддинов, Абдураҳим Ашур, Олимҷон Бобоев, адиби шинохта Нависандаи халқии Тоҷикистон Ато Ҳамдам, собиқадори соҳа Робия Завқиева ва раиси Кумитаи Иттифоқи касабаи ҷумҳуриявии кормандони соҳаи нақлиёт ва хоҷагии роҳҳо Нисо Бобоева ҳозиринро бо иди касбиашон табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаашон муваффақиятҳо таманно намуданд.

      Дар фарҷоми кори ҷаласа як қатор фаъолони соҳаи нақлиёти автмобилӣ барои саҳами арзандаашон дар пешрафти кори соҳа ва ба ифтихори Рузи   кормандони соҳаи нақлиёти автмобилӣ бо Нишони сарисинагии “Нақлиётчии фахрӣ”, Ифтихорнома” ва Сипосномаи Вазорати нақлиёт сарфароз гардонда шуданд.