Як гуруҳ сокинони ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд ба Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим нома навишта, бинобар расидагӣ ба муроҷиати онҳо изҳори сипос намудаанд.
Дар мактуб, ки зери он сокини шаҳраки Зафаробод, кӯчаи А. Умаров 13/2 Турсунов Аҳрор ва дигар сокинони ноҳия имзо гузоштаанд, аз ҷумла, омадааст:
“Мо ба Шумо дар ҳалли масъалаи кушодани хатсайри “Зафаробод-Истаравшан” тариқи “Газел”-ҳо* муроҷиат намуда будем. Чунки мардуми ноҳия солҳои зиёд дар ин масир бо мушкилиҳо ва нархҳои дандоншикан тариқи нақлиёти сабукрави мусофирбар (таксӣ) равуо мекарданд.
Бо кумак ва дастгирии бевоситаи Шумо ва сохторҳои Вазорат дар вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияи Истаравшану Зафаробод ин масъала ҳаллу фасл гардид.
Бинобар ин аз номи мардуми ноҳияи Зафаробод шахсан ба Шумо, Вазири муҳтарам ва кормандони соҳа изҳори сипос менамоем ва дар фаъолияти минбаъдаатон дар ҷодаи сохтмон ва таъмиру нигоҳдории роҳҳо, бунёди пулҳо ва дигар иншооти коммуникатсионӣ ва ҳалли мушкилоти мардуми кишвар бурдбориҳои беназир таманно менамоем”.
________________________
*Газел (ба русӣ: “ГАЗель”) - силсилаи автомобилҳои сабуки тиҷоратӣ: пикапҳо, фургонҳо ва микроавтобусҳои истеҳсоли заводи «ГАЗ» -и Русия.