Пагоҳ, 28 июл, дар толори Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад. Оғози нишаст - соати 15:00.
Дар нишасти матбуотӣ натиҷаҳои фаъолияти вазорат, зерсохтор ва муассисаҳои тобеи он дар нимсолаи аввали солир 2023 ва вазифаҳо дар давраи минбаъда мавриди баррасӣ ва саволу ҷавоб қарор мегиранд.
Хотиррасон мешавем, ки нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳои мамлакат ҳар сол ду маротиба мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 доир карда мешаванд. Дар ҷараёни нишастҳои матбуотӣ роҳбарони аввали вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз натиҷаҳои фаъолияти худ ҳисобот дода, оид ба мушкилоти мавҷуда, роҳҳои бартараф кардани онҳо маълумот пешниҳод мекунанд.
Намояндагони ВАО имконият доранд, ки бевосита ба роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо муроҷиат карда, ба саволу пурсишҳои худ посух бигиранд.