Бахши дерини мо “Ҳолати роҳҳо” – манбаи иттилооти қобили эътимод оид ба ҳолати роҳҳои Тоҷикистон мебошад. Дар ин бахш шумо метавонед дар мавриди шароити обу ҳавои оянда, ки ба ҳаракати нақлиёт таъсир мерасонад, дар бораи ҳолати кунии роҳҳо, маҳдудиятҳо дар роҳҳо, садамаҳо ва таъмири роҳҳо маълумот пайдо кунед.
28 июли тахминан соати 18:05 дар натиҷаи болоравии ҳарорати ҳаво сатҳи об дар рӯдхонаи Сурхоб дар минтақаи Арчакаппаи ноҳияи Лахш афзуд. Ин боиси омадани сел шуд, ки муддати 30 дақиқа идома ёфт. Дар айни замон ҳудудан 300-400 метр роҳи мошингард баста буда, ҳаракати нақлиёт муваққатан боздошта шудааст.
Худи ҳамон руз муассисаҳои марбуттаи Вазорати нақлиёти Чумҳурии Тоҷикистон, ки дар ноҳия ва минтақаи мазкур фаъолият мекунанд, бо техникаю таҷҳизот ва кормандони худ ба бартарафсозии паёмадҳои офати табиӣ шуруъ намуданд.
Ба таваҷҷуҳи ронандангони воситаҳои нақлиёт ва мусофирон мерасонем, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон, чанд рӯзи наздик низ дар ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд ва навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ хатари омадани сел, болоравии сатҳи оби дарёҳо, ярч ва резиши санг боқӣ мемонад.
Эҳтиёт кунед!
28 июли соли равон роҳи мошингарди кӯчаи Шевченко аз буриши кӯчаи Шероз то хиёбони Саъдии Шерозӣ пас аз навсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Корҳои навсозӣ дар роҳи мазкур моҳи майи соли 2022 оғоз гардида, пас аз таъмири пурра он мавриди истифода қарор гирифт.
Дарозии роҳи мазкур аз кӯчаи Шероз то хиёбони Саъдии Шерозӣ 850 метр буда, дар он тамоми аломату ишораҳо, ки бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин менамоянд, гузошта шудаанд.
Тибқи лоиҳа, дар таҷдиди роҳи мошингарди кӯчаи Шевченко навсозии пиёдароҳҳо, таъмиру навсозии хатҳои муҳандисӣ, аз қабили қубурҳои оби гарм, оби нӯшокӣ, хатҳои корезӣ, ноқилҳои баландшиддати барқӣ ва хатҳои алоқа, инчунин навсозии сутун ва чароғҳои равшанидиҳӣ пурра анҷом дода шудааст. Ҳамзамон дар доираи татбиқи лоиҳаи мавриди назар навсозии қитъаи сабзазори роҳ низ анҷом дода шуда, дар он хатҳои обёрӣ ва сохтмони обанбор барои захираи об ҷиҳати системаи обёрӣ низ бунёд шудаанд.
Фармоишгари корҳои навсозии роҳи мошингарди кӯчаи Шевченко, аз буриши кӯчаи Шероз то хиёбони Саъдии Шерозӣ Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе» буда, корҳои таъмириро муҳандисон ва сохтмончиёни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Идеал-Сервис» ба анҷом расониданд.
Бинобар корҳои барқароркунӣ ва беҳтарсозии бехатарии ҳаракати нақлиёт дар километри 36-ми роҳи автомобилгарди “Душанбе-Кӯлоб” шуруъ аз 28 июл то 17 августи соли равон ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи нақби “Хатлон” қатъ ва ба воситаи ағбаи “Чормағзак” ба роҳ монда мешавад.
Нақби “Хатлон” (собиқ нақби “Чормагзак”; соли 2014 бо қарори Ҳукумати ҶТ нақби “Хатлон” ном гирифт) дар роҳи “Душанбе -Ваҳдат –Кӯлоб- Хоруғ” ҷойгир аст. Нақби "Хатлон" 1 октябри соли 2013 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд: кортежи Сарвари давлат аввалин шуда нақби дорои қариб 4,5 километр масофаро тай кард.
Татбиқи лоиҳаи сохтмони нақби мазкур моҳи марти соли 2010 оғоз ефт. Лоиҳа аз ҷониби ширкати “Чайна Роуд” аз ҳисоби маблағҳои қарзии Ҳукумати Чин амалӣ карда шуд. Арзиши умумии лоиҳа тақрибан 300 миллион сомонӣ (тақрибан 70 миллион доллар) - ро ташкил дод. Пас аз ба истифода додани нақб, масофаи роҳи автомобилгарди «Душанбе - Ваҳдат – Кӯлоб», дар муқоиса бо масофаи роҳи автомобилгарди «Дёшанбе –Қурғонтеппа – Кӯлоб» 100 км коҳиш ёфтааст.