Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 28 июли соли равон тахминан соати 18:05 дар натиҷаи болоравии ҳарорати ҳаво сатҳи об дар рӯдхонаи Сурхоб дар минтақаи Арчакаппаи ноҳияи Лахш афзуд. Ин боиси омадани сел шуд, ки муддати 30 дақиқа идома ёфт. Дар натиҷа ҳудуди 300-400 метр роҳи мошингард баста буда, ҳаракати нақлиёт муваққатан қатъ гардид.
Худи ҳамон рӯз муассисаҳои марбуттаи Вазорати нақлиёти Чқмҳурии Тоҷикистон, ки дар ноҳия ва минтақаи мазкур фаъолият мекунанд, бо техникаю таҷҳизот ва кормандони худ ба бартарафсозии паёмадҳои офати табиӣ шуруъ намуданд.
Ин бегоҳ ба бахши иттилооти фаврии вапзорат хабар расд, ки оқибатҳои борони сел бартараф ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи зикршуда аз нав ба роҳ монда шуд.
Ба таваҷҷуҳи ронандангони воситаҳои нақлиёт ва мусофирон мерасонем, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон, чанд рӯзи наздик низ дар ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд ва навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ хатари омадани сел, болоравии сатҳи оби дарёҳо, ярч ва резиши санг боқӣ мемонад.
Эҳтиёт кунед!