1 августи соли 2023 бар асари боришот дар минтақаи Рашт соати 17:58 дар ноҳияи Лахш сатҳи об баланд шуда, сел омад. Дар натиҷа роҳи автомобилгард баста шуд.
Худи ҳамон рӯз муассисаҳои марбуттаи Вазорати нақлиёти Чқмҳурии Тоҷикистон, ки дар ноҳия ва минтақаи мазкур фаъолият мекунанд, бо техникаю таҷҳизот ва кормандони худ паёмадҳои офати табииро бартараф намуданд ва соати 18:51 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳии зикршуда аз нав барқарор гардид.
БА ТАВАҶУҲИ ронандангони воситаҳои нақлиёт ва мусофирон мерасонем, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон, чанд рӯзи наздик низ дар баъзе ноҳияҳои ВМКБ, вилояти Суғд ва навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ хатари омадани сел, болоравии сатҳи оби дарёҳо, ярч ва резиши санг боқӣ мемонад.
Эҳтиёт кунед!