Ронандагони мо, ки ба ҳамлу нақли байналмилалӣ машғуланд, бояд донанд, ки дар шоҳроҳҳои кишварҳои Иттиҳоди Аврупо (ИА) аломати нави роҳ дар шакли ромб (чоркунҷае, ки ҳама тарафҳояш баробар, аммо гӯшаҳояш нобаробаранд) дар заминаи кабуд пайдо шудааст, ки масири истифодаи муштаракро ифода мекунад.
Аломати нав дар роҳҳои Фаронса ва баъзе кишварҳои дигари Аврупо метавонад ҳатто ронандагони ботаҷрибаро ба иштибоҳ андозад. Ин аломат танҳо барои таксиҳо, нақлиёти ҷамъиятӣ ё мошинҳое, ки ҳадди аққал ду нафар, аз ҷумла ронанда нишастаанд, имкони ҳаракат дар масири муштаракро медиҳад. Вайрон кардани ин талабот, масалан, дар Фаронса метавонад мунҷар ба ҷарима ба маблағи 135 евро шавад, менависад нашрияи «Автосота».
Ҳадафи аломат ҷилавгирӣ аз монеаҳо ҳангоми пеш гузаштан аз мошин(ҳо)-и дигар ва ҳавасманд кардани одамон барои истифодаи бештари мошинҳои барқӣ ё нақлиёти ҷамъиятӣ барои коҳиш додани ифлосшавии ҳаво мебошад.
Дар ИМА чунин масири муштарак дер боз истифода мешавад ва баъзе ронандагон бо роҳи фиреб дар назди худ дар салон як манекенро мешинонанд. Аз берун чунин ба назар мерасад, ки ин як мусофир аст. Бо чунин манекенҳо ронандагон дар хатҳои муқарраршуда бо суръати баланд ҳаракат мекунанд. Ва баъзан пулис онҳоро боздошт мекунад.
Агар дар ИМА масири муштараки мошинҳо ба меъёр табдил ёфта бошанд, дар Фаронса ва умуман дар Аврупо ин падидаи нав аст.
Одатан, чунин масир дар тарафи чап ҷойгир аст. Мантиқан, ин хатти ҳаракати муштараки мошинҳо барои ҳавасманд кардани фаронсаваҳо ҷиҳати мубодилаи мошинҳои худ ба хотири кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ пешбинӣ шудааст.Тибқи таҳқиқоти экологҳо, далели оддии мубодилаи мошини шумо ин партовҳоро барои мусофирон тақрибан 10% коҳиш медиҳад.
Қаблан ин аломати роҳ дар Аврупо танҳо дар Фаронса истифода мешуд, ки дар он ҷо аз соли 2020 дар шаҳрҳои Лион, Гренобл ва Страсбург бори аввал санҷида шудааст. Танҳо дар як соли охир шумораи чунин аломати роҳ ба таври назаррас афзоиш ёфтааст: онҳоро дар Лион, Гренобл, Страсбург, инчунин дар Ренн, Нант ё қаламрави Париж пайдо кардан мумкин аст. Шаҳрҳои дигар, ба монанди Марсел, Лилл ё Экс-Ан-Прованс низ бояд онро ба зудӣ бубинанд.
Гуфта мешавад, ки дар Лион аллакай камераҳо насб карда шудаанд, то ҳаракати мошинҳоро дар доираи ин аломат назорат кунанд.
Аломати «ромб» ба хатти нақлиёти ҷамъиятӣ, таксиҳо ва мошинҳо бо стикери Crit'air ишора мекунад, ки маънои сатҳи пасти партовҳои газҳои гулхонаиро дорад. Он инчунин мошинҳои барқиро низ дарбар мегирад, ҳатто агар онҳо танҳо як ронанда дошта бошанд.
Яъне, агар мошин тиҷоратӣ ё танҳо ронанда дар он нишаста бошад, вай наметавонад аз ин хат истифода барад.
Аломатҳои шабеҳи ромб одатан дар лавҳаҳои электронӣ фаъол карда мешаванд. Диспетчерҳо вобаста ба вазъи роҳ онҳоро фаъол ё хомӯш мекунанд. Масалан, дар шоҳроҳи A7 байни Лион ва Сент-Этйен, он бештар дар соатҳои авҷи ҳаракат дар субҳ ва шом, вақте ки шиддати ҳаракати нақлиёт (трофик) баланд аст, фаъол карда мешавад.
Дар айни замон, ин аломат дар минтақаи Рона-Алпи Фаронса низ зуд-зуд пайдо мешавад. Дар он ҷо истифодаи ин аломат бинобар зарурати ҷилавгирӣ аз тамбашавӣ ҳангоми пеш гузаштани мошинҳо аз ҳамдигар, инчунин ташвиқи истифодаи мошинҳои барқӣ ва нақлиёти ҷамъиятӣ барои коҳиш додани ифлосшавии муҳити зист ба миён меояд.
Мавриди зикр аст, ки сарфи назар аз якрангӣ ва шабоҳати зоҳирӣ бо аломатҳои роҳҳои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ИДМ (аксари кишварҳои Аврупо Конвенсияи Венаро дар бораи аломатҳои роҳ ва сигналҳои соли 1968-ро қабул кардаанд), дар аломатҳои роҳҳои Аврупо фарқиятҳои назаррас мавҷуданд, ки асоситарини онҳо ба фарқиятҳои ҷуғрофӣ, фарқиятҳо дар маънӣ, истифодаи тарҳҳои гуногуни рӯшноӣ, истифодаи забонҳои маҳаллӣ (баъзан дузабонӣ) ва ғайра рабт доранд.
Ёдовар мешавем, ки аломатҳои роҳҳои Тоҷикистон бо Қоидаҳои ҳаракати роҳ дар асоси стандарти байналмилалӣ муқаррар гардида, бори охир бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2017 таҳти № 323 дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қоидаҳои ҳаракати роҳ тасдиқ гардидаанд.