Дирӯз, 3 октябр, дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонони соҳаи роҳу нақлиёт таҳти унвони «Дастовардҳои замони Истиқлол ва ҷавонон» баргузор гардид.
Муовини Вазири нақлиёт Фаррух Неъматзода зимни суханронии худ дар ин ҳамоиш зикр кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли масоили ҷавонон, тақвияти нақшу мақом ва фаъолияти онҳо дар ҷомеа, таъмини иштироки фаъоли ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар ниҳоди ҳар як намояндаи насли имрӯза тадбирҳои зиёд андешидааст ва меандешад.
Ба гуфтаи ӯ, дар қатори дигар соҳаҳо, ҷавонон дар амалӣ сохтани яке аз ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон – раҳо намудани кишвар аз бунбасти комуникатсионӣ ҳиссаи муносиб гузоштаанд.
«Имрӯз талош бар он дорем, ки ҷиҳати фароҳам овардани имкониятҳои боз ҳам бештар ва фарохтар барои насли оянда Тоҷикистонро ба як кишвари муосири транзитӣ табдил диҳем. Дар роҳи амалӣ намудани ин иқдоми нек ҷавонон бояд дар сафи пеш қарор дошта бошанд», - таъкид кард муовини Вазир ва ба чунин суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истинод намуд: «Ҳадафи бузурге, ки мо дар назди худ гузоштаем, яъне ба сатҳи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон баровардани давлати тоҷикон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки ҷавонони мо то чӣ андоза дар самти азхудкунии дастовардҳои илму техника ва технологияҳои муосир, инчунин, омӯхтани забонҳои хориҷӣ ҷаҳду талош менамоянд».
Мавриди зикр аст, ки ҳоло дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар 3526 нафар ҷавонон кор мекунанд, ки зиёда аз 1000 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.
Дар ҳамоиш муовини Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Умед Раҳимзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи роҳу нақлиёт Нисо Бобоева, раиси ташкилоти Иттифоқи ҷавонон дар Вазорати нақлиёт Ҳамза Пӯлодов, намояндаи ҷавонони фаъоли соҳа Сурайё Алимова ба сухан баромада, роҷеъ ба нақш ва масъулисти ҷавонон дар рушди кишвар изҳори назар намуданд.
Дар охир ба як қатор ҷавони фаъол сипосномаҳо тақдим гардиданд.