Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

Вазири нақлиёт бо намояндаи дафтари душанбегии Иттиҳоди Аврупо мулоқот кард

Санаи нашр: 04-10-2024 Просмотрено: 4136

3 октябр Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Мушовири калон - Роҳбари бахши ҳамкориҳои дафтари Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Душанбе хонум Изабел Уриз Эрнандес мулоқот кард.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти ҳамлу нақли байналмилалӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, истифода ва густариши долони байналмилалии нақлиётии Фарохазар (Транскаспийск), инчунин пайвастшавии шабакаҳои роҳҳои автомобилгарди кишварҳои Осиёи Марказӣ бо шабакаи роҳҳои автомобилгарди Аврупо (The Trans-European Transport Network, TEN-T) мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҳамзамон ҷонибҳо ба тадқиқоти Иттиҳоди Аврупо вобаста ба раванди пешбурди Стратегияи «Дарвозаи ҷаҳонӣ» - и Иттиҳоди Аврупо (EU Global Gateway) барои Осиёи Марказӣ ҷиҳати дарёфт ва муайян намудани долонҳои байналмилалии нақлиётӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.

Намояндаи дафтари ИА иброз дошт, ки дар давраи кӯтоҳмуҳлат Иттиҳоди Аврупо талошҳои худро ба ҷалби сармоягузории инфрасохторӣ, алалхусус барои рушди гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо як истгоҳ ва як маркази муштараки логистикӣ дар минтақаи гузаргоҳи сарҳади давлатии «Фотеҳобод», воқеъ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд, инчунин татбиқи системаи ҳамгирошудаи идоракунии сарҳад ва ҳамоҳангсозии шабакаҳои рақамии   Ҷумҳурии Тоҷикистон равона хоҳад кард.

Мулоқот дар фазои созанда ва рӯҳияи дӯстию ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.