Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ҲАЙАТИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ БОНКИ ОСИЁИИ РУШД. Ҷалби сармояи иловагӣ ба соҳаи нақлиёт ва дигар соҳаҳои Тоҷикистон махсусан зарур дониста шуд

Санаи нашр: 07-10-2024 Просмотрено: 3536

 4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Шӯрои директорони Бонки Осиёии Рушдро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ин Бонк баррасӣ шуд, хабар медиҳад Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ.

Гуфта мешавад, ки дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд баррасӣ шуд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои гуногун дар кишвари мо изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дастгирии идомаи ислоҳоти иқтисодӣ, маблағгузории рушди соҳаи энергетика ва таъмини амнияти озуқаворӣ намунаи ҳамкории судманди Тоҷикистону Бонки Осиёии Рушд арзёбӣ гардид.

Барои тобовар намудани иқтисодиёти кишвар ба таҳдиду хатарҳо ва ҷалби бештари сармоягузориҳои шарикони рушд ба соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар табодули андеша сурат гирифт.

Таъмини рушди устувор, хусусан, ҷалби сармояи иловагӣ ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, обёрӣ, кишоварзӣ, нақлиёт, экология, инкишофи сайёҳӣ, инчунин ташаккули иқтисоди сабз ва идомаи рақамикунонӣ зарур дониста шуд.

  Мавриди зикр аст, ки  Бонки Осиёии Рушд (БОР) аз соли 1998 бо Тоҷикистон ҳамкорӣ карда, доираи васеи соҳаҳои муҳими стратегии кишварамон, аз ҷумла соҳаи роҳу нақлиётро дастгирӣ менамояд.

Ба ҳолати то 31 декабри соли 2023 БОР ба Тоҷикистон 158 адад қарз, грант ва кӯмаки техникӣ дар бахши давлатӣ ба маблағи умумии 2,4 миллиард доллар пешниҳод кардааст.

Ҳамкории байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва БОР соли 2000 оғоз гардида, аз он вақт инҷониб бо кӯмаки ин Бонк дар Тоҷикистон 12 лоиҳаи нақлиётӣ ба маблағи умумии 434,4 миллион доллар амалӣ гардидааст.  Тавассути дастгирии молиявии БОР марҳилаи якум ва дуюми лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди байналмилалии «Душанбе — Бохтар» бо дарозии умумии зиёда аз 75 километр амалӣ карда шуд, ки онро Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29 октябри соли 2021 дар вазъияти тантанавӣ ба истифода доданд.

Тазаккур дода шуд, ки марҳилаи аввали лоиҳа 33,2 км-ро дарбар мегирад, дар натиҷаи татбиқи он роҳ аз категорияи сеюм ба категорияи якуми «Б» гузаронида шуд. Паҳнои роҳ аз 16 то 25 метрро ташкил медиҳад.

Тибқи лоиҳа роҳ ба маблағи тақрибан 97 миллион доллар дар шакли грантҳо ва қарзҳои Бонки Осиёёи Рушд, Хазинаи ОПЕК ва беш аз 17 миллион доллар аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудошуда сохта шудааст.

Шӯрои директорони БОР моҳи декабри соли 2019  сароягузориро ба маблағи 110 миллион доллари ИМА дар шакли грант барои сохтмони роҳи автомобилгарди «Обигарм – Нуробод» бо дарозии 75 километр, ки соли 2021 бо супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз  пазируфта буд, тасдиқ кард.

Моҳи ноябри соли 2020 БОР барои сохтмони роҳҳои автомобилгарди «Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт» ва «Бохтар – Данғара – Гулистон» 67,5 миллион доллар ҷудо кард.

Соли 2022 БОР барои баланд бардоштани амният ва эътимоднокии шабакаи роҳҳо дар ҷануби Тоҷикистон сарсмоягузории иловагии грантиро ба маблағи 43,2 миллион доллари ИМА тасдиқ кард. Грант барои барқарорсозии қитъаи 40-километрии роҳ аз Окмазор то Бохтар дар вилояти сераҳолии Хатлон равона шудааст.

 Бо дастгирии молиявии БОР ба маблағи 56,6 миллион доллари ИМА, дар доираи лоиҳаи марҳилаи чоруми Барномаи «Беҳтар намудани гузаргоҳҳои минтақавии нақлиетӣ дар Осиёи Марказӣ», дар вилояти Суғд лоиҳаи сохтмон ва таҷдиди чор қитъаи шоҳроҳи автомобилгард ба дарозии 51,2 километр амалӣ карда мешавад.

Соли 2023 бо дастгирии БОР Тоҷикистон барои шиносномакунонии роҳҳои автомобилгард соҳиби таҷҳизоти замонавӣ гардид.  Тавассути он дороиҳои роҳҳо ҷамъоварӣ шуда, ченкунии дақиқи дарозӣ ва нобаробарии роҳҳо гузаронида мешавад, ки барои сохтани харитаҳои электронӣ ва муайян кардани сифати таъмир ва азнавсозӣ зарур аст.

 Илова бар ин, БОРизҳори омодагӣ кард, ки татбиқи лоиҳаҳои нақлиётиро дар Душанбе ҷиҳати беҳтар намудани инфрасохтори шаҳр, аз ҷумла сохтмони 10 эстакадаи сеқабата дар пойтахти Тоҷикистон, ки ду адади он он аллакай ба истифода дода шудаанд, дастгирӣ менамояд. Лоиҳаи пешниҳодшуда аз 10 ҷузъ иборат аст, ки арзиши умумии онҳо 35 миллион долларро ташкил медиҳад, ки ҳамчун грант ҷудо карда мешавад.

Маблағгузории иловагии БОР барномаи бехатарии ҳаракат дар шабакаи миллии роҳро дастгирӣ мекунад, ки метавонад беҳдошти нақбҳои мавҷуда, чорроҳаҳо, ҷойҳои хатарнок ва қитъаҳои вайроншудаи  роҳҳоро дарбар гирад.

Ёдовар мешавем, ки Бонки Осиёии Рушд (англ. Asian Development Bank) муассисаи молиявиест, ки соли 1966 таъсис ёфтааст ва ҳадафи асосии он ҳавасмандгардонии рушди иқтисодиёт дар Осиё ва Шарқи Дур тариқи пешниҳоди қарзҳои мустақим ба ин минтақаҳо ва расонидани кӯмаки техникӣ мебошад.