9 октябри соли 2024 Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар мулоқот кард.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти ҳамлу нақли байналмилалӣ миёни Тоҷикистон ва Туркия, истифода ва густариши долони байналмилалии нақлиётии «Чин-Тоҷикистон-Ӯзбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия-Аврупо», инчунин баимзорасонии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамлу нақли байналмилалии омехтаи борҳо, ки соли 2022 мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шудааст, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҳамзамон ҷонибҳо дар бораи зиёд намудани шумораи рухсатномаҳои шакли Р-3 аз/ба кишвари сеюм, ҷорӣ намудани имтиёзҳо ҷиҳати дарёфти раводид барои интиқолдиҳандагони ватанӣ ва дигар масъалаҳои муҳими боркашонии байналмилалӣ миёни Тоҷикистон ва Туркия ибрози назар намуданд.
Мулоқот дар фазои созанда ва рӯҳияи дӯстию ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид.