Аз 7 то 10 феврал дар ҷумҳурӣ шароити ноустувори обу ҳаво якҷо бо боришот ва тағйирёбии ҳарорат пешбинӣ шудааст, ки метавонад ба ҳаёти ҳаррӯзаи сокинон ва фаъолияти воситаҳои нақлиёт таъсир расонад. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додааст.
Дар робита ба ин, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ронандагон тавсия медиҳад, ки то ҷое имкон доранд дар чунин шароити обу ҳаво ба сафар набароянд, аммо агар ба роҳ баромаданд, бисёр эҳтиёткор бошанд.
Бино ба маълумоти ҳавошиносон, 7 феврал дар аксари минтақаҳои кишвар ҳавои муътадил ва бидуни боришот дар назар аст. Аммо, аллакай аз рӯзи шанбе, 8 феврал, вазъ тағир хоҳад ёфт. То 10 феврал дар як қатор шаҳру ноҳияҳо, хусусан дар водиҳо ва минтақаҳои наздикӯҳӣ, боришот дар шакли борон ва барф пешгӯӣ карда мешавад. Шамол мӯътадил хоҳад буд, аммо шиддати он дар баъзе минтақаҳо то 18 м/с. мерапсад. Дар баъзе минтақаҳо туман мефарояд, ки он яке аз хатарноктарин озмоишҳои обу ҳаво барои ронандагон маҳсуб меёбад.
Дар моҳи феврал дар Тоҷикистон одатан туманҳои шадид ба амал меоянд, ҳарчанд тибқи пешгӯиҳои обуҳавошиносон боришот кам хоҳад буд.
Ба ақидаи ҳавошиносон, сабаби асосии пайдоиши туман нишастани ҳавои хунук ба хоки гарм ва бар асари боришоти қаблӣ намнок мебошад. Туман асосан дар соатҳои шом, шабҳангом ва ҳини дамаидани субҳ ба мушоҳида мерасад. Паҳншавии туман дар давоми рӯз пас аз баромадани офтоб бо баланд шудани ҳарорати ҳаво ба амал меояд.
Туман ё меғ мӯъҷиби коҳиш ёфтани сатҳи биниш мегардад, ки дар натиҷа барои идоракунии нақлиёти автомобилӣ шароити номусоид ба вуҷуд меояд.
Бинобар ин, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ронандагони воситаҳои нақлиёт чунин тавсия медиҳад:
1. Қабл аз сафар ҳатман чароғҳои пешро тафтиш кунед — ҳангоми баромадан ба роҳ бо чароғҳои корношоям шумо на танҳо худ, балки дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳро низ зери хатар мегузоред.Чароғҳои зидди туманро истифода баред - вақте сатҳи биниш дар роҳ аз 100 метр камтар аст, ин чароғҳо самаранок мебошанд. Чароғҳои дурнаморо истифода набаред – нури он ба мошин бархӯрда, мунъакис мешавад ва сатҳи бинишро бадтар месозад.
2. Суръати ҳаракатро то ҳадди ақал паст кунед, масофаи то мошини дигар муқарраршударо риоя намоед – масофаи байни мошинҳо бояд нисбат ба ҳавои соф ду маротиба бештар бошад. Аз баҳри манёврҳои ногаҳонӣ – якбора пеш гузаштан ё дигар кардани хати ҳаракат гузаред, дар вақти туман баъзе ашё ва ё мошинҳо назар ба воқеият дуртар ба назар мерасанд. Дар хотир доред, ки ҳар қадар масофа зиёд ва суръат камтар бошад, вақти вокуниш ва қарори амалкард дар ҳолати фавқулода бароятон бештар мешавад.
3.Шишаи пеши мошин ҳангоми ҳаракат бояд тоза бошад, шишатозакунакҳоро ба кор дароред, то ки қатраҳои тумани ба рӯи шиша нишастаро тоза кунанд.
4.Дар вақти туман дар роҳ аз тарафи рост ҳаракат кардан лозим аст. Шумо набояд ба хатти муқобил бароед, зеро чароғҳои мошини ба муқобили шумо ҳаракаткунанда вақте намудор мешаванд, ки аллакай шумо шояд барои ба садама дучор нашудан дер кунед. Диққат: дар вақти туман пеш гузаштан аз мошини дигар ва баромадан ба хатти муқобил манъ аст!
5. Ҳангоми сафар кардан дар ҳавои меғолуд бояд дар хотир дошт, ки дар он рангҳои манбаъҳои нур ба ғайр аз сурх тағир меёбанд: ранги зард сурхча ба назар мерасад ва сабзро бо зард омехта кардан мумкин аст. Ғайр аз он, дар туман дуруст муайян кардани манбаи нур душвор аст. Нури сафед дар пеш метавонад ҳам аз чароғҳои мошини рӯбарӯ ва ҳам аз чароғе дар назди хонае, ки дар наздикии канори роҳ аст ва ҳам аз ягон манбаи дигари берун аз роҳ бошад; нури сурх ҳатман маънои онро надорад, ки ин андозаи мошини пеш ё чароғҳои тормози он аст, он метавонад чароғе бошад, ки дар гузаргоҳи роҳи оҳан насб шудааст ва ҳам чароғе, ки ҳангоми корҳои сохтмону таъмири роҳ истифода мешавад.
6. Дар вақти туман муайян кардани он, ки мошини дигар ҳаракат мекунад ё не, хеле душвор аст, бинобар ин бо суръати баланд ба мошини дигар наздик нашавед. Ҳангоми ҳисоб кардани масофа то ашё ё мошини дигар ба назар гиред, ки дар туман он (масофа) назар ба воқеият тӯлонитар ба назар мерасад.
7. Агар шумо мехоҳед таваққуф кунед, пас ба ҳеҷ ваҷҳ ин корро дар канори роҳ накунед – беҳтараш дар таваққуфгоҳ, майдони истироҳат ё нуқтаи фурӯши сузишворӣ (НФС) истед. Ҳангоми таваққуф дар дилхоҳ вақти рӯз чароғҳои калонҳаҷм ва чароғи садамавиро фурӯзон нигоҳ доред.