Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар ҳамоиши «Минтақаи СПЕКА дар чорроҳаи Аврупо ва Осиё: рушди робитаҳои байниминтақавӣ дар заминаи эҷоди хатсайрҳои устувори мултимодадӣ», ки имрӯз дар Қасри миллатҳо дар Женева баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ кард.
Ҳамоиш аз ҷониби Котиботи Кумисиони иқтисодии Аврупои Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо (КИА СММ) дар доираи иҷлосияи 87-уми Кумитаи оид ба нақлиёти дохилии КИА СММ (11-14 феврали соли 2025) доир карда шуд.
Ҷаласаро Котиби иҷроияи КИА СММ Татяна Молчан ифтитоҳ намуд ва мудирияти ҳамоишро муовини ӯ Дмитрий Марясин бар уҳда дошт.
Дар оғози суханронии худ Вазири нақлиёти Тоҷикистон иштирокчиён ва меҳмонони фахрии ҷалсаро шодбош гуфта, ба Котиботи Комиссияи иқтисодии Аврупои СММ барои дар сатҳи баланд ташкил кардани ин ҳамоиш ва меҳмоннавозии гарму самимӣ изҳори сипос намуд.
«Кишваҳои иштирокчии СПЕКА шарикони муҳими тиҷоратии Тоҷикистон мебошанд. Имрӯз ҳиссаи онҳо беш аз 35% тамоми гардиши тиҷорати хориҷии ҷумҳурии моро ташкил медиҳад», - зикр кард ӯ ва ҳамзамон таъкид сохт, ки иқтидорҳои мавҷуда бо захираҳои бузурги меҳнатӣ ва табиии кишварҳои узви СПЕКА ҳанӯз истифоданашуда боқӣ мемонанд.
Ба гуфтаи ӯ, истифодаи самараноки ин иқтидорҳо метавонад ба беҳбудии некӯаҳволӣ ва шукуфоии иҷтимоию иқтисодии кишварҳои мо, инчунин таҳкими сулҳу амният дар минтақа мусоидат кунад.
Дар робита ба ин, ҷонибдории Тоҷикистон ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои ҳамаҷониба ва мутақобилан судманд дар соҳаи нақлиёт таъйид гардид.
Вазири нақлиёти ҶТ изҳори ақида кард, ки фаъолияти самараноки низоми нақлиётӣ на танҳо ба рушди тиҷорати байналмилалӣ ва ҳамкории иқтисодӣ дар қаламрави СПЕКА мусоидат мекунад, балки ҳамкории фаъолонаи байни халқҳоро таъмин намуда, миллионҳо одамонро ба раванди фаъолияти созанда ҷалб месозад. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ, бунёди долонҳои нави байналмилалӣ барои нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан, рушди долонҳои нақлиётии мултимодалӣ ва марказҳои логистикӣ тавассути истифодаи технологияҳои рақамӣ ва содда кардани расмиёти тартиб додани ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ, ташкили ҳамлу нақли мустақими контейнерӣ ва омехта барои суръат бахшидан ба интиқоли мол зарур аст.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, ки бо назардошти талаботи замони муосир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди долонҳои нақлиётӣ ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, рушди иқтисодии кишвар ва табдил додани он ба минтақаи муносиби транзитӣ аҳамияти махсус медиҳад. Бо ин мақсад дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи роҳу ақлиёти мамлакат бо ташаббуси бевоситаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва бо дастгирии ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ 64 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 2,8 миллиард доллари ИМА амалӣ карда шуд. Дар натиҷа, зиёда аз 2600 км роҳҳои автомобилгарди дорои аҳамияти байналмилалӣ ва дигар иншооти зарурии инфрасохтор, ки ба стандартҳои муосир ҷавобгӯ мебошанд, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Дар айни замон дар соҳа 18 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 1,2 миллиард доллари ИМА амалӣ карда мешавад.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон таъкид намуд, ки ҳамаи ин лоиҳаҳо аҳамияти минтақавӣ доранд.
Азим Иброҳим ба корҳои анҷомдодашуда дар соҳаи логистикаи нақлиётӣ алоҳида тамаркуз кард ва иттилоъ дод, ки дар кишвар лоиҳаҳо оид ба таҳкими инфрасохтори нақлиётӣ, ташаккули долонҳои транзитии нақлиётӣ, баромадан ба бандарҳои баҳрӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли минтақавӣ ва байналмилалии автомобилӣ амалӣ карда мешаванд. Дар замина ба рақамисозӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва истифодаи нақлиёти аз ҷиҳати экологӣ тоза диққати махсус дода мешавад.
«Дар робита ба ин, Консепсияи иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 қабул карда, корҳо оид ба рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёти кишвар ба роҳ монда шуданд. КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» таъсис дода шуд»,- тазаккур дод Азим Иброҳим ва илова намуд, ки пас аз таъсиси ин Марказ то имрӯз аз 5600 дар беш аз 5200 км роҳҳои автомобилгарди дорои аҳамияти байналмилалӣ бо мақсади шиносномакунии минбаъдаи онҳо ҷамъоварии дороиҳои роҳ ба анҷом расидааст.
Корҳо оид ба ҷоннок намудани фаъолияти долони мультимодалии «Чин – Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо» идома доранд, ки истифодаи он аз нуқтаи назари расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор муфид арзёбӣ мегардад.
Азим Иброҳим изҳори қаноатмандӣ кард, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ тайи солҳои охир азми худро ҷиҳати пешбурди ҳамкориҳои дохилиминтақавӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи нақлиёт нишон доданд. Ба гуфтаи ӯ, имзои Созишнома дар бораи таҳкими робитаи байни нақлиёти заминӣ дар Осиёи Марказӣ дар Ҷаласаи панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки 14 ва 15 сентябри соли 2023 дар Душанбе баргузор гардид, ба ин мисол шуда метавонад.
Дар маҷмӯъ, мулоқоти нахустини вазирони нақлиёти Осиеи Марказӣ дар Душанбе моҳи сентябри соли 2023 ва мулоқоти дуюми онҳо дар Остона дар моҳи августи соли 2024 ҳадафи давлатҳои минтақаро барои ба даст овардани натиҷаҳои мушаххас ва қабули қарорҳои муҳим, ки барои кушодани марҳилаи нав дар рушди ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи нақлиёт пешбинӣ шудаанд, тасдиқ кард.
Аз ин рӯ, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки татбиқи Эъломияи Душанбе, ки 27 ноябри соли 2024 дар доираи Форуми иқтисодии СПЕКА дар шаҳри Душанбе қабул шудааст, инчунин Харитаи роҳи СПЕКА барои рақамикунонии мубодилаи мултимодалии маълумот ва ҳуҷҷатҳо дар долони Транскаспий бо истифода аз воситаҳои ҳуқуқӣ ва меъёрҳои СММ, ки дар саммити СПЕКА 24 ноябри соли 2023 дар Боку ба тасвиб расидааст, қадами устувор барои расидан ба ҳадафҳои зикршуда хоҳад буд.
Дар ҳамоиш Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон дар Конферератсияи Швейтсария Шараф Шерализода ширкат кард.
Ёдовар мешавем, ки СПЕКА (Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ) майдони ҳамкории минтақавӣ мебошад, ки панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷонро муттаҳид мекунад ва соли 1998 аз ҷониби Комиссияи иқтисодии Аврупои СММ (КИА СММ) ва Комиссияи иқтисодии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ESCATO) якҷоя таъсис дода шудааст.
Мақсади барнома мусоидат ба кишварҳои иштирокчӣ дар рушди иқтисодӣ, ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ ба иқтисодиёти Аврупо ва Осиё мебошад.
Дар айни замон Озарбойҷон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон давлатҳои иштирокчии СПЕКА мебошанд.