Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ЧАРО ҲАМГИРОИИ ТОҶИКИСТОН БА ДОЛОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ШИМОЛ – ҶАНУБ» МУҲИМ АСТ? Директори Маркази тадқиқоти иҷтимоию иқтисодии Русия Алексей Зубетс дар бораи дурнамои рушди соҳаи нақлиёти Тоҷикистон

Санаи нашр: 03-02-2026 Просмотрено: 3361

Барои рушди ҳамаҷониба Тоҷикистон бояд шабакаи нақлиётро рушд диҳад, ки ин корро кишвар пеш бурда истодааст. Зеро рушди нақлиёт гарави рушди тамоми иқтисодиёт аст. Дар ин замина, ҳамгироӣ ба долони байналмилалии нақлиётии «Шимол – Ҷануб» муҳим аст, мегӯяд Директори Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти иҷтимоӣ-иқтисодии Русия Алексей Зубетс.

Тоҷикистон  алҳол иштирокчии мустақими долони нақлиётии «Шимол-Ҷануб» нест, аммо кишвар фаъолона тиҷорат мекунад, бахши нақлиётро рушд медиҳад, шоҳроҳҳо сохта мешаванд.  Имрӯз Тоҷикистон кадом имкониятҳои рушди бештари соҳаи нақлиётро дорад? 

 26 январи соли 2026 хабарнигори агентии Sputnik ба Директори Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти иҷтимоӣ-иқтисодии Донишгоҳи молиявии назди Ҳукумати Федератсияи Русия, доктори илмҳои иқтисодӣ Алексей Зубетс  чунин суол дод.

«Албатта, чун дар ҳама ҷо, мисли дигар кишварҳо, рушди роҳҳо яке аз шартҳои асосии рушди иқтисодиёт маҳсуб мешавад. Тоҷикистон аз захираҳои табиӣ, энергетика бой буда, барои  пешрафти соҳаи  кишоварзӣ имконияти фаровон  дорад. Ва барои тараққиёти  пурраи ҷумҳурӣ бояд шабакаи нақлиётро рушд диҳад, ки кишвар ин корро анҷом дода истодааст, – посух дод  Алексей Зубетс. – Аввалан, ин ба шабакаи дохилии роҳҳо дахл дорад: як қисми Тоҷикистон дар қаламравҳои душворгузар қарор дорад ва барои таъмини робитаи байни минтақаҳо кишвар шабакаи нақлиётро рушд медиҳад. Дуюм, маҳсулоте, ки дар кишвар истеҳсол шудааст, бояд ба бозорҳои хориҷӣ бароварда шавад. Барои ин роҳҳои берунии  нақлиётӣ лозиманд.

Дар ин замина,  ибрози назар кард  А. Н. Зубетс, муҳим аст, ки ҷумҳурӣ ба  долони васеътари «Шимол – Ҷануб» ва дигар долонҳои байналмилалии нақлиётӣ (ДБН) ҳамроҳ шавад – ин ба иқтисодиёт неруи нав мебахшад.

ҲАМРОҲШАВӢ БА ДБН ЧӢ МАЪНӢ ДОРАД ?

Ҳамроҳшавӣ ё ҳамгироии  шабакаҳои миллии нақлиёт ба долонҳои байналмилалии нақлиётӣ (ДБН) равандест, ки дар он роҳҳои миллии нақлиётӣ ба системаи ягона муттаҳид карда мешаванд ва интиқоли бемамониати борҳо ва мусофиронро тавассути марзҳои якчанд давлатҳо таъмин мекунанд.

ДБН ин сохтори логистикӣ мебошад, ки маҷмӯи намудҳои гуногуни нақлиёт (автомобилӣ, роҳи оҳан, баҳрӣ, дареӣ ва ҳавоӣ)-ро истифода мебарад ва бо маҷмӯи инфрасохтории дахлдор –  терминалҳо, анборҳо,  нуқтаҳои назоратва хизматрасонӣ таъмин карда шудааст.

ДАР БОРАИ ДОЛОНИ «ШИМОЛ – ҶАНУБ»

Долони байналмилалии нақлиётӣ (ДБН) «Шимол-Ҷануб» хатсайри мултимодалии интиқоли мусофирон ва борҳо мебошад, ки дарозии умумии он 7,2 ҳазор км,  аз Санкт-Петербург то бандари Мумбай (Бомбей)-ро дарбар мегирад. ДБН барои ҷалби ҷараёни интиқоли бор аз Ҳиндустон, Эрон ва дигар кишварҳои Осиё ва халиҷи Форс тавассути минтақаи Хазар ба қаламрави кишварҳои ИДМ ва минбаъд ба Аврупо таъсис дода шудааст.

Асоси долони нақлиётии «Шимол-Ҷануб» метавонад корези киштигузари  Хазар – халиҷи Форс бошад. Қобили зикр  аст, ки дурнамои он ҳанӯз дар аввали асри гузашта фаҳмо буд:  роҳбарияти ИҶШС бо мақомоти Эрон имкони сохтмони канали 700-километрии киштигузарро баррасӣ карда буданд.

Соли 1998 иштирокчиёни Конфронси байналмилалии Авруосиё оид ба нақлиёт дар Санкт-Петербург ба мувофиқа расиданд, ки таъсиси гузаргоҳҳои нақлиётии Авруосиёро суръат бахшанд. Соли 1999 ширкатҳои нақлиётӣ аз Русия, Ҳиндустон ва Эрон дар бораи интиқоли контейнерҳо тавассути долони байналмилалии нақлиётии Шри-Ланка – Ҳиндустон – Эрон – баҳри Хазар – Русия қарордод бастанд ва як сол пас, 12 сентябри соли 2000, Русия, Ҳиндустон ва Эрон Созишномаро дар бораи таъсиси Долони байналмилалии нақлиётии «Шимол – Ҷануб» ба имзо расониданд.

Тоҷикистон яке аз аввалин кишварҳои Осиёи Марказӣ буд, ки хоҳиши пайвастан ба ин созишномаро баён намуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Конфронси IX вазирон «Қалби Осиё – раванди Истанбул», ки 30 марти соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, изҳор доштанд, ки Тоҷикистон ният дорад лоиҳаи сохтмони роҳи оҳанеро, ки кишварро бо Афғонистон мепайвандад, амалӣ намуда, ба  долони  байналмилалии нақлиётии «Шимол – Ҷануб» ҳамроҳ шавад.

Тавре Сарвари давлати  Тоҷикистон зикр намуданд, Афғонистон дар қитъае ҷойгир аст, ки минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, бахусус Осиёи Марказӣ, Осиёи Ҷанубӣ ва Аврупо, Чин ва Ховари Миёнаро бо ҳам мепайвандад ва бунёди шабакаи нақлиетию транзитӣ яке аз самтҳои муҳими ҳамкории тарафҳо мебошад.

«Дар робита ба ин, мо барои ҳарчи зудтар амалӣ намудани лоиҳаи сохтмони роҳи оҳан миёни Тоҷикистону Афғонистон, аз ҷумла сохтмони қитъаи роҳи оҳан «Ҷалолиддини  Балхӣ – Панҷи поён – Бандари Шерхон» талош меварзем. Мо онро ба як қисми роҳи оҳани миёни Тоҷикистону Афғонистон ва Эрон табдил дода, пешниҳод менамоем, ки ба долони байналмилалии нақлиётии «Шимол – Ҷануб» ҳамроҳ карда шавад», - гуфтанд Пешвои миллат,муҳтарам Раҳмон.

Долони «Шимол – Ҷануб» моҳи майи соли 2002 ба истифода дода шуд.. Пас аз як сол Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба ин созишнома  шомил гардид: 13 майи соли 2003 Ҳукумати Федератсияи Русия қарор қабул кард, ки ба хоҳиши ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Салтанати Умон ба созишномаи таъсиси ДБН «Шимол – Ҷануб» розигӣ медиҳад.

Баъдтар ба созишномаи мазкур инчунин Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Булғористон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон, инчунин Сурия ва Туркия ҳамроҳ шуданд.

Мавриди зикр аст, ки хатсайри нав бо дарозии  7200 км ҳамчун ҷойгузини роҳи анъанавӣ тавассути канали Суэтс таъсис шудааст ва роҳи хеле кӯтоҳтар аст, аз ин рӯ мӯҳлат ва арзиши интиқолро коҳиш медиҳад. Илова бар ин, интиқоли контейнерҳо аз нақлиёти баҳрӣ ба роҳи оҳан дар доираи  долони  «Шимол — Ҷануб» имкон медиҳад, ки партовҳои газҳои гулхонаӣ ҳадди ақал 25% кам карда шаванд.

ЧӢ ТАДБИРҲО ДАР ИН САМТ АМАЛӢ МЕШАВАНД?

Моҳи июли соли 2024 Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) протоколи гуфтушунидҳоро дар бораи таҳияи Асосноккунии техникӣ-иқтисодии (ТЭО) лоиҳаи бунёди роҳи оҳани «Ҷалолиддини Балхӣ –  Панҷи поён»-ро имзо карданд.

«Мақсади асосии ин лоиҳа ба бозори кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ (Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон) ворид шудан аст», – изҳор дошт Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим.

«Дар сурати татбиқи бомуваффақияти лоиҳа Тоҷикистон ба кишвари ҷолиби транзитии роҳи оҳан мубаддал мегардад, ҳаҷми интиқоли молу маҳсулот бо кишварҳои ҳамсоя афзоиш меёбад, ки ин ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои дигар кишварҳои минтақа хеле муфид хоҳад буд»,–  гуфт Вазири нақлиёт.

И.в. Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ким Ҷун Сик изҳор дошт, ки лоиҳа як қадами дигар дар роҳи ояндаи пешрафтаи Тоҷикистон буда, ба Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 комилан мувофиқ мебошад. Ин ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ба баҳр дастрасӣ пайдо кунад ва пайванди калидии ҳамлу нақли байналмилалӣ гардад. Ба гуфтаи сафир, лоиҳа  ҳамчунин ба Ҳадафҳои рушди устувори СММ мувофиқат мекунад.

Бояд тазаккур дод, ки протоколи гуфтушунидҳо дар натиҷаи гузаронидани чанд даври вохӯриҳо байни тарафҳо тартиб дода шуда, тамоми ҷанбаҳои ташкилию ҳуқуқии раванди таҳияи Асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи бунёди роҳи оҳани «Ҷалолиддини Балхӣ – Панҷи Поён»-ро танзим мекунад.

Арзиши умумии Асосноккунии техникию иқтисодии (АТИ) лоиҳа 4 миллион долларро ташкил медиҳад, дарозии хатти роҳи оҳани сохташаванда то сарҳади Афғонистон 51 километр, шумораи пулҳо 28, қубурҳои обкашӣ 160 ададро ташкил хощанд дод.

8 январи соли 2026 дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи вазорат Азим Иброҳим ба муассисаҳо ва корхонаҳои дахлдори тобеи вазорат оид ба таҳияи АТИ, лоиҳакашӣ ва оғози сохтмони қитъаи роҳи оҳани «Ҷалолиддини Балхӣ –  Панҷи поён» супоришҳои мушаххас дод.