Хабарҳо

slider_img
slider_img
slider_img
slider_img

ТОҶИКИСТОН МАСЪАЛАИ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ МИНТАҚАВИИ ДИПЛОМАТИЯИ НАҚЛИЁТИРО БА МИЁН ГУЗОШТ. Суханронии Азим Иброҳим дар Ҷаласаи машваратии вазирони нақлиёти кишварҳои узви СҲШ

Санаи нашр: 29-04-2023 Просмотрено: 2286

Бо назардошти воқеияти геополитикии муосир, Тоҷикистон зарур мешуморад, ки ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт дар сатҳи сифатан нав ба роҳ монда шавад. Дар робита ба ин, таъсиси маркази Минтақавии дипломатияи нақлиётӣ мувофиқи мақсад аст. Дар ин бора Азим Иброҳим дар Ҷаласаи 10-уми машваратии вазирони нақлиёти кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонҳой, ки 28 апрел дар пойтахти Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор шуд, изҳор дошт.

Дар Ҷаласаи машваратии вазирони нақлиёти кишварҳои узви СҲШ, ки рӯзи ҷумъа дар Ню-Деҳлӣ баргузор шуд, Вазири нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Ҳиндустон Нитин Гадкари раисӣ кард.

Ширкаткунандагони ҷаласа "Консепсияи ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ оид ба декарбонизатсияи нақлиёт, равнақи таҳаввулоти рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ барои ноил шудан ба самаранокӣ ва устувории бештар"-ро, ки ба баррасии онҳо пешниҳод шуда буд, дастгирӣ намуданд.

 Илова бар ин, Гурӯҳи кории махсус барои мусоидат ба ҳамкорӣ байни давлатҳои аъзои СҲШ дар соҳаи нақлиёт таъсис дода шуд. Ин гурӯҳ ба баргузории мулоқотҳо барои табодули дониш ва таҷрибаи пешқадами марбут ба коҳиши партовҳои карбон дар нақлиёт, равнақи таҳаввулоти рақамӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи нақлиёт мусоидат хоҳад кард.

Тавре Шри Гадкари изҳор намуд, таҳти роҳбарии Сарвазири ҶҲ Нарендра Моди Ҳиндустон чанде қабл 75-солагии истиқлолияти худро таҳти шиори “Азади Ка Амрит Махотсав” (“Фестивали бузурги истиқлолият”) ҷашн гирифт ва ба “Амрит Каал” (“Даврони тиллоӣ”) ворид шуд. Тибқи замони “Амрит Каал”, "афзоиши сабз" чун яке аз самтҳои калидӣ дар роҳи коҳиш додани иқтидори карбон дар иқтисодиёт, аз ҷумла пешбурди “ҳаракати сабз” муайян карда шудааст.

Роҳбари Вазорати нақлиёти автомобилии Ҳиндустон тазаккур дод, ки барои тағир додани усули кор тавассути гузариш ба сӯзишвории аз ҷиҳати экологӣ тоза, таҳияи технологияҳое, ки самаранокӣ ва эътимоднокии системаҳои нақлиётро баланд мебардоранд ва устувории рушди соҳаи роҳсозиро таъмин мекунанд, давлатҳои аъзои СҲШ бояд дар соҳаи таҳқиқот ва рушд ҳамкорӣ ва дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ навоварӣ кунанд, то ба ҳалли муассири мушкилоти муосир дар ин бахш бештар муяссар гарданд.

Мувофиқи маълумоти Кадкар, Ҳиндустон дар ҷаҳон аз ҷиҳати истеҳсоли мошинҳо ва таҷҳизот пас аз Чин ва ИМА дар мақоми сеюм қарор дорад. "Мо ҳоло стандарти EURO-6 - ро истифода мебарем, ки коҳиши партовҳои ихроҷро аз муҳаррикҳои дизелии автомобилӣ пешбинӣ мекунад, -гуфт ӯ. - Мо метавонем аҳолии худро бо "нақлиёти сабз" таъмин кунем. Имрӯз дар кишвари мо беш аз 6000 адад автобусҳои барқӣ истифода бурда мешаванд”.

Бо дарназардошти воқеиятҳои геополитикии муосир, Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур мешуморад, ки ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт дар сатҳи сифатан нав ба роҳ монда шавад ва он ба рушди устувори нақлиёт, коҳиш додани партовҳои карбон ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати зиндагӣ ва баланд бардоштани самаранокии системаҳои нақлиётӣ дар каламрави давлатҳои аъзои СҲШ мусоидат намояд. Дар робита ба ин, таъсиси Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ мувофиқи мақсад аст. Дар ин бора зимни суханронии худ дар Ҷаласаи машваратӣ Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим изҳор дошт.

"Дар айни замон, самтҳои ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, аз қабили нақлиёти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва “сабз”, ташкили долонҳои самараноки нақлиётӣ ва дар ин замина рушди роҳҳои автомобилгард, инфрасохтори канори роҳ ва нақлиёту логистикаи давлатҳои аъзои СҲШ ва истифодаи фаъолтари технологияҳои рақамӣ дар соҳаи нақлиёт аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ мебошанд", - гуфт ӯ ва таъкид намуд, ки барои ноил шудан ба самаранокӣ ва устувории бештар дар соҳаи нақлиёт ҳамкориро дар доираи СҲШ бо тадбирҳои мушаххас мукаммал гардонидан муҳим аст, ки манфиатҳои ҳамаи аъзои Созмонро, ки дар асоси принсипҳои ҳамдигарфаҳмӣ, эътимод ва ҳамкории мутақобилан судманд бино ёфтаанд, қонеъ гардонанд.

Азим Иброҳим зикр намуд, ки рушди соҳаи нақлиёти Тоҷикистон аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошад ва барои ноил шудан ба ин мақсад, бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, сармоягузории хусусӣ, инчунин бо дастгирии институтҳои байналмилалии молиявӣ ва кишварҳои эҳдокунанда (донор) то имрӯз дар соҳаи нақлиёти ҷумҳурӣ 60 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 2 миллиард доллари ИМА амалӣ гардидаанд.

Дар натиҷаи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ зиёда аз 2200 км роҳҳои автомобилгарди дорои аҳамияти байналмилалӣ ва дигар инфрасохтори нақлиётӣ, ки ба стандартҳои муосир ҷавобгӯ мебошанд, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Имрӯз дар соҳа 17 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 1 миллиарду 122 миллион доллари ИМА амалӣ карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки ин ба рушди ҳамкорӣ ва густариши гардиши мол бо кишварҳои ҳамсоя мусоидат кард, аз ҷумла бо кишварҳои аъзои СҲШ гардиши мол 126,4% ва аз рӯи вазни хос 67,3% афзоиш ёфт.

Тавре Вазири нақлиёти ҶТ иттилоъ дод, дар Тоҷикистон долонҳои афзалиятноки тиҷоративу транзитӣ муайян карда шудаанд, ки аз шарқ ба ғарб ва аз шимол ба ҷануб аз қаламрави мамлакат мегузаранд ва аҳамияти байналмилалӣ доранд. Имрӯзҳо корҳо оид ба ифтитоҳи долони нақлиётии мультимодалии* "Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия" бо баромадан ба қитъаи Аврупо фаъолона идома доранд. Ифтитоҳ ва истифодаи ин долони нақлиётиро Азим Иброҳим аз нуқтаи назари расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор муҳим арзёбӣ намуд. Аҳамияти дигари ин долон, ба андешаи вазир, он аст, ки тавассути роҳи автомобилгард қаламрави Тоҷикистонро бо Ҷумҳурии Мардумии Чин мепайвандад ва ба эҳёи Роҳи Бузурги Абрешим ва тавсеаи ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ мусоидат мекунад.

Тоҷикистон ба рушди соҳаи нақлиёт бо дарназардошти имкониятҳои технологияҳои рақамӣ диққати махсус медиҳад. Соли 2019 Консепсияи иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки бар Стратегияи миллии рушди кишвар барои давраи то соли 2030 асос ёфта, биниши умумии истифодаи технологияҳои муосири рақамиро ифода менамояд. Бо ин мақсад дар Тоҷикистон рақамисозии соҳаи нақлиёт ва роҳҳои кишвар ба роҳ монда шудааст.

Ба ақидаи Азим Аброҳим, барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор таъмини кори самараноки нақлиёт бо таваҷҷӯҳ ба рушди системаи мултимодалии* нақлиёт ва фаъолсозии бахши логистикӣ хеле муҳим аст. “Таъмини рақобатпазирии системаи нақлиёт, истифодаи имкониятҳои транзитӣ, беҳтар кардани сармоягузориҳои минтақавӣ ва муносибатҳои бозорӣ бо рушди логистика дар кишварҳои мо зич алоқаманд аст”, - таъкид намуд ӯ.

Маълум аст, ки мавҷудияти марказҳои муосири логистикӣ дар долонҳои байналмилалии нақлиётӣ калиди истифодаи самараноки иқтидорҳои транзитии кишвар мебошад. Бо назардошти ин, вобаста ба татбиқи тадбирҳо дар доираи барномаҳои қабулшуда, бо мақсади таъмини рушди кофии инфрасохтори нақлиёт, системаҳои байналмилалӣ ва логистикӣ, Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим як қатор пешниҳодҳои муфид ба миён гузошт:

1.Ҷорӣ намудани технологияҳои нав барои баланд бардоштани бехатарӣ ва самаранокии ҳамлу нақли байналмилалӣ, инчунин кам кардани хароҷоти молиявии нақлиёт барои интиқолдиҳандагон.

2. Таъмини системаи шаффофи иттилоотӣ дар соҳаи хизматрасониҳои нақлиётӣ-логистикӣ, таҳияи қоидаҳо ва тартибот бо назардошти ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ (системаи интеллектуалии нақлиётӣ).

3. Такмили системаи расмиёт ва қоидаҳои интиқоли борҳои хатарнок ва зуд вайроншаванда.

4. Андешидани тадбирҳо оид ба риоя ва ҳамоҳангсозии назорати сарҳадӣ дар нуқтаҳои гузариш ва баланд бардоштани масъулияти мақомоти дахлдор барои назорати ҳамоҳангшудаи сарҳадӣ.

5. Муттаҳид кардани кӯшишҳои давлатҳо барои ҳамгироии марказҳои логистикии кишварҳои минтақа бо мақсади ба даст овардани самараи муфид аз рушди ҳамлу нақли байналмилалӣ.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Ҳиндустон раиси амалкунандаи Созмони ҳамкории Шонҳой (СҲШ) мебошад. СҲШ созмони байниҳукуматӣ аст, ки дар Шонҳойи Ҷумҳурии Мардумии Чин 15 июни соли 2001 таъсис ёфтааст. Дар айни замон ба СҲШ ҳашт давлати аъзо шомиланд: Ҳиндустон, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Покистон, Тоҷикистон ва Узбекистон.

____________________________

 *Долони нақлиётии мултимодалӣ - масирҳои байналмилалӣ (ҳавоӣ, баҳрӣ, роҳи оҳан ва автомобилӣ) барои интиқоли мусофирон ва борҳо.

 АКС: PIB/ Маркази матбуоти Вазорати нақлиёти ҶТ