Мулоқоти панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе 14-15 сентябри соли 2023 баргузор мешавад. Дар доираи он 13 сентябр вазирони нақлиёти панҷ кишвари минтақа бори аввал нишаст доир хоҳанд кард.
Дар назар аст, ки дар ин нишаст, ки таҳти раёсати Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим баргузор мешавад, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Қазоқистон Марат Карабаев, Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Қирғизистон Тилек Текебаев (дар ҳоли мувофиқа аст), Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Узбекистон Илҳом Маҳкамов ва Директори Агентии нақлиёт ва коммуникатсияи назди Девони вазирони Туркманистон Мамметхон Чакиев иштирок ва суханронӣ хоҳанд кард.
Нишасти нахустини вазирони нақлиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки 13 сентябри соли 2023 дар доираи Мулоқоти панҷуми Машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, барои муҳокимаи масъалаҳои марбут ба нақлиёт ва логистика ва ҳамоҳангсозии минбаъдаи он фазои муносиб хоҳад буд.
Солҳои охир дар сатҳи бисёрҷониба дар афзалиятҳои стратегияи нақлиётӣ дар самти татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори СММ, ҳавасмандгардонии рушди долонҳои нақлиётии мултимодалӣ тавассути шаклҳои нави маблағгузорӣ, рушди инфрасохтори нақлиётӣ, таъмини таҳрики устувор, рушди устувори шаҳрҳо, бехатарии ҳамаҷонибаи ҳаракат дар роҳ ва татбиқи рӯзномаи нави иқлим тағйироти сохторӣ ба амал омад. Тамоюлҳо ва тағйироти зикршуда баҳисобгирии стратегияи миллии нақлиётии давлатҳои Осиёи Марказиро барои татбиқи минбаъдаи он тақозо мекунанд.
Дар бораи имконияти истифодаи фишангҳо дар соҳаи нақлиёт бо мақсади татбиқи афзалиятҳои миллии сиёсӣ, иқтисодии хориҷӣ ва ҳамгироӣ роҳбарони кишварҳо ва созмонҳои иқтисодӣ торафт бештар таъкид мекунанд. Аз ҷумла, дар ин хусус дар Конфронси дуюми ҷаҳонии СММ оид ба нақлиёти устувор 13-15 октябри соли 2021 дар шаҳри Пекини Чин сухан гуфта шуд.
Дар нишасти нахустини вазирони нақлиёти давлатҳои Осиёи Марказӣ лоиҳаи Созишнома оид ба таҳкими вобастагии нақлиёти заминӣ дар Осиёи Марказӣ ба имзо мерасад.
Мақсади имзои ин созишнома ба даст овардани муносибатҳои қавӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика мебошад, аз ҷумла:
- фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиети заминӣ;
- таъмини муҳити рақобат дар бозори хизматрасониҳои нақлиетӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ;
- баланд бардоштани самаранокӣ ва ташаккули долонҳои нави байналмилалӣ, аз ҷумла долонҳои мултимодалӣ;
- содда кардани раванди интиқол ва транзит тавассути нақлиёти заминӣ;
- рушди хизматрасониҳои муосири нақлиётию логистикӣ;
- татбиқ ва истифодаи технологияҳои инноватсионӣ, аз ҷумла рақамисозии раванди ҳамлу нақли заминӣ;
- ташвиқ ва рушди амалияи истифодаи намудҳои экологии нақлиёт.
Аз рӯи натиҷаҳои мулоқоти худ вазирони нақлиёти панҷ кишвари минтақа инчунин Эъломияи муштарак қабул мекунанд.
Дар Душанбе вазирони нақлиёти кишварҳои минтақа мулоқотҳои дуҷониба баргузор мекунанд. Барои онҳо барномаи фарҳангӣ низ пешниҳод карда мешавад.