• Tajik
  • Русский
  • English

    Ҷаласаи панҷгонаи Коршиносон оид ба масъалаи пайвастшавии роҳҳои оҳани Хитой – Қирғизистон – Тоҷикистон – Афғонистон – Эрон рӯзҳои 8 - 9 декабри соли равон дар меҳмонхонаи Тоҷикистон доир гардид.

     Ҷаласаро муовини якуми вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода раисӣ намуда, дар кори он намояндагони вазорату мақомоти соҳаи нақлиёт ва роҳи оҳани панҷ кишвари болозикр иштирок доштанд.

 Коршиносон аз ҷумла, оид ба масоили ҳолати кунунии соҳаи роҳи оҳан ва рафти корҳо дар самти рушди шабакаҳои роҳҳои оҳани ҷонибҳо, муайян намудани чорабинҳои минбаъда ҷиҳати татбиқи ташаббуси пайвастшавии роҳҳои оҳани панҷ кишвар, имконоти баргузории вохурии вазирони вазоратҳои марбута ва роҳбарони маъмуриятҳои роҳҳои оҳани Афғонистон, Қирғизистон,  Тоҷикистон, Хитой ва Эрон мубодилаи афкор намуданд. Пас аз таҳлили ҳамаҷониба аз тарафи роҳбарони гуруҳои коршиносон санади ниҳоӣ ба имзо расид.