• Tajik
  • Русский
  • English

   Вазири нақлиёти кишвар Худоёр Худоёрзода  ва роҳбари гуруҳи омодагии тадқиқоти Агентии ҳамкориҳоии  байналмилалии Ҷопон (JICA) Кенсиро Танака  20 апрели соли равон Протоколи ҳамкорӣ оид ба оғоз гардидани корҳои тадқиқотӣ – лоиҳакашии таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе – Бохтар, қитъаи Қизилқалъа – Бохтарро ба имзо расонданд.

Дар маросими баимзорасонии протокол ҷонибҳо аз ҳамкориҳо қаноатмандӣ изҳор карданд. Қайд гардид, ки дар асоси мувофиқа ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати корбарӣ бо JICA оид ба маблағгузории қитъаи роҳи лоиҳавӣ аз самти шаҳри Бохтар ва бо Бонки Осиёии Рушд доир ба қитъаи роҳ аз самти шаҳри Душанбе, айни ҳол бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, БОР ва Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ корҳои сохтмони марҳилаи якуми лоиҳаи «Таҷдид ва азнавсозии роҳи автомобилгарди Душанбе - Бохтар» ҷараён дорад.

Ҳамчунин зикр гардид, ки JICA аз 17 апрели соли равон ба сафарбаркунии коршиносони худ ҷиҳати омўзиши қитъаи роҳ аз шаҳри Бохтар то мавзеи Қизилқалъа, ки 10 километр аст, барои омодакунии лоиҳа оғоз намуд.

Мутобиқи протокол корҳои тадқиқотӣ, таҳлилӣ ва таҳияи ҳисоботӣ ҷамъбастӣ як сол идома меёбанд.