• Tajik
  • Русский
  • English

  Имрӯз дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омузишӣ оид ба татбиқи мукотибаи ҳуҷҷатгузории электронии байниидоравии барномаи “ВЕБ ТАСМИР” гузаронида шуд. Дар семинари мазкур кормандони Дастгоҳи марказии вазорати нақлиёт иштирок доштанд. Семинарро муовини якуми Вазири нақлиёт Мирзоев Суҳроб Бегматович ифтитоҳ намуд. Баъдан кормандони шӯъбаи итилоотии Раёсати таҳлил ва дурнамои иқтисодӣ бо роҳбарии Ёкубзода Суҳроб барномаи мазкурро муаррифӣ намуданд.