• Tajik
  • Русский
  • English

 Имрӯз дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи панҷуми Кумитаи ҳамоҳангсозии “Лоиҳаи беҳтарсозии иқтидорҳо оид  ба пешгири ва бартарафсозии ҳолатҳои  Фавқулода” дар роҳҳои автомобилгард бо роҳбарии муовини вазири нақлиёт Вализода Рустам баргузор гардид.

 Дар ҷаласаи навбатӣ  намояндаи Агентии JICA ва роҳбарони муассисаю корхонаҳои сохтори вазорат иштирок намуданд ва маълумот оид ба иҷрои корҳо дар 6 моҳи охир, яъне аз моҳи май соли 2018 то охири октябри соли 2018 ва нақшаҳо оид ба фаъолиятҳое, ки дар чорчӯбаи лоиҳаи техникии мазкур дар давоми 6 моҳи оянда иҷро карда мешаванд маълумот дода шуд.

 Ба маълумоти шумо мерасонем, ки лоиҳаи техникии дар боло зикр карда шуда, аз моҳи апрели соли 2017 оғоз ёфта, моҳи июли соли 2020 анҷом меёбад.

 Хадафи асосии лоиҳаи техикӣ аз пурзур кардани сатҳи маллака ва қобилиятнокии мутахасисони сохторҳои тобеи Вазорати нақлиётро дар бар мегирад.