• Tajik
  • Русский
  • English

        Имрӯз дар Вазорат ҷаласа оид ба тарғиби сару либоси миллӣ,  бо иштироки Мудири Шуъбаи ташкилии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарама Азимова Маҳбуба баргузор гардид.

         Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба баланд бардоштани ҳисси ватандустӣ, ҳувияти миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ ва бо ин васила тарғиби сару либоси миллӣ, дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳҳои пешгирии бегонапарастии занону ҷавонон ва татбиқи босамари қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд фаҳмонида шуд.