• Tajik
  • Русский
  • English

Хабарномаи махсус  оид ба харид

Даъватнома барои интихоби пешакӣ аз руи тахассус

Ҷумҳурии  Тоҷикистон 

 Лоиҳаи  таҷдиди роҳи Кулоб-Қалъаихумб, Қитъаҳои  А ва Ф

Таҷдиди роҳи  Кулоб-Қалъаихумб, қитъаҳои А ва Ф дар ду баст.

Намуди маблағгузорӣ: Қарз

Ин даъватнома барои интихоби пешакӣ аз руи тахассус баъди нашри даъватномаи  хабарномаи умумӣ оид ба харид, ки дар рузномаи Ҷумҳурият №56 (23 399) аз 16 марти соли 2018  чоп шуда буд, эълон мегардад.

Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҶикистон аз Бонки Исломии Рушд (БИР) ва Гуруҳи Ҳамаоҳангсози Араб (ГҲА) Ҷиҳати пушонидани хароҷотҳои Лоиҳаи барқарорсозии роҳи автомобилгарди Кулоб - Қалъаихумб, Қитъаи А Кулоб - Шурообод (км 00+000 - 32+730) ва қитъаи Ф Шкев - Қалъаихум (км 0+000 - 25+630) дархост барои маблағгузорӣ пешниҳод намудааст, ва ният дорад, ки қисми маблағро дар қарордоди  таҷдиди роҳи Кулоб - Қалъаихумб, Қитъаҳои А ва Ф (ду Қитъа) бо дарозии умумӣ 58 км истифода барад ва дар ин доира пешниҳодҳо аз руи тахасус барои як ё якчанд қарордод татбиқ мегардад.

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ният дорад, ки интихоби пешакии  пудратчиёнро ва ё ширкатҳоро аз руи тахассус барои лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Кулоб - Қалъаихумб, қитъаҳои А ва Ф, ҳамчун  бастаи (i) Лот 1: Таҷдиди роҳ дар Қитъаи А  Кулоб - Шурообод, бо дарозии умумии 32,7 км ва бастаи (ii) Лот 2: Таҷдиди роҳ дар Қитъаи Ф Шкев - Қалъаихумб, бо дарозии умумии 25,6 км гузаронад. Дар назар дошта шудааст, ки даъватнома барои иштирок дар озмун моҳи августи соли 2018 эълон мегардад.

Интихоби пешакӣ аз руи тахассус дар асоси Дастурамал барои хариди мол ва хизматрасонии Бонки  Исломии Рушд  аз майи соли 2009  ба роҳ монда мешавад ва  барои тамоми иштирокчиен озмун дастрастрас мебошад.

Иштирокчиени  манфиатдор метавонанд, ки маълумоти  иловагиро  аз Муаасисаи давлатии  Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе - Чанак,  ки суроғааш дар зер ифода мегардад, ҳамаруза аз соати 8:00 то 17:00 дарёфт намоянд.

 

Ба тавваҷуҳи:          Зафар Шарифзода Директори МТЛ

Суроға:                     Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кучаи Айни14

Тел:                            +(992-37)222-22-91

E-mail:                       piudch@mail.ru

 

Довталабон бастаи ҳуҷҷатҳоро бо забони англисӣ метавонанд бо суроғаи дар боло зикршуда, танҳо баъди  муроҷиати расмӣ ва пардохти  маблағ дар ҳаҷми 150 доллари ИМА ва  ё дигар намуди асъори хориҷии ба он баробаркардашуда дастрас намоянд.

Шакли пардохт метавонад нақдӣ ва ё ғайри нақдӣ бо шакли гузаронидан дар суратҳисоби бонкии зерин  сурат гирад:

 

Номи  Қабулкунанда

Муассисаи давлатии  Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе - Чанак”

Суроғаи  Қабулкунанда

 Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ш. Душанбе  кучаи. Айни 14

Суратҳисоб  No.

20206840310101008550

Бонки  Бенефициар

ORIENBANK

Суроғаи бонк

95/1 хиёбони Рудакӣ,  шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон

SWIFT

OTJKTJ22

Суратҳисоби кориспондентӣ No.

778400002772

Бонки миёнарав

Bank of China

Суроғаи бонк 

Beijing, China

SWIFT

BKCHCNBJ

 

Ҳуҷатҳо  дар шакли  почтавӣ  ва  ё дар шакли электронӣ  фиристода мешаванд.

Дархостҳо барои интихоби пешакӣ аз руи тахассус бояд маҳкам ва дар шакли  муҳрзада ба суроғаи дар поён дарҷгардида то санаи 16 июли соли 2018 бо дарназардошти дархости мушахас барои бастаи (i) Лот 1: Таҷдиди  роҳ дар Қитъаи А  Кулоб – Шуробод бо дарозии умумӣ 32,7 км ва барои  бастаи (ii) Лот 2: Таҷдиди  роҳ дар Қитъаи Ф Шкев – Қалъаихумб бо дарозии умумӣ 25,6 км пешниҳод карда шаванд.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Суроға:          ш.Душанбе кучаи Шотемур 27

УтоҚи №:     22, ошёнаи 2  

 Шаҳр:           Душанбе

ZIP Код:        734025

Давтат:          Ҷумҳурии  Тоҷикистон  

Тел/Факс:      (+992 37) 2211573, 2218384

E-mail:           goskominvestrt@mail.ru