• Tajik
  • Русский
  • English

  Тибқи Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 ноябри соли 2017, №74-ф ва қарори Раиси шаҳри Душанбе аз  23 ноябри соли 2017. №717 ва бо дастгирии бевоситаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз  тарафи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои сохтмону васлгарии Майдончаи варзишӣ воқеъ дар маҳаллаи Ҳосилот, назди хонаи истиқоматии №206, ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе пурра ва бо сифати баланд дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонида шуд.

  Дар рафти баистифода додани майдонча муовини Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Фирдавс Ҳамро, муовини вазири нақлиёти кишвар Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон ва раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед Афзал иштирок доштанд.

  Масоҳати умумии майдонча 2400 м2 буда, аз он ҷумла майдончаи умумии бозии кудакон 493,8 м2, масоҳати кабудизоркунӣ 502,4 м2, масоҳати умумии роҳравҳои бо тахтасангҳо рӯйпушкардашуда 863,8 м2 ва масоҳати умумии майдончаи универсалӣ (футболи хурд, баскетбол, волейбол)  540,0 м2-ро  ташкил дода, инчунин дар ҳудуди иншоот ду адад кӯталак барои лағжиш, 2 адад арғунчаки тарозушакл, 2 адад арғунчак (качели), 3 адад таҷҳизоти гимнастики, 1 адад бруси паралел, 2 адад турник, 4 адад нимкати такягоҳдор, 4 адад нимкат ва 2 адад мизҳои шоҳмотбозӣ таҷҳизонида шуда, барои истироҳату нишасти бошандагон ду адад соябонҳо сохта шуда, ҳамзамон дар ҳудуди иншоот тибқи лоиҳа 17 адад дарахтони ороишӣ ва берун аз лоиҳа майдони шафати он ҳамвор карда шуда, дар он 10 адад дарахтони ороишӣ ва 10 адад дарахтони мевадиҳанда шинонида шудааст.

   Равшаннамоии умумии иншоот, маҷмааи обёрӣ ва насби камераҳои мушоҳидавӣ пурра таъмин гардидааст.

  Лоиҳаи иншооти мазкур аз  тарафи Корхонаи фаръии КВД “Лоиҳакаш”-и шаҳри Душанбе бо арзиши сметавии 798,6 ҳазор сомонӣ омода гардида, сохтмони он аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Мостотрияд” бо сифати баланд ба анҷом расонида шудааст.

 Ҳамзамон, аз тарафи Вазорати нақлиёт роҳи ба иншоот барандаи маҳалла дар масоҳати зиёда аз 1000 м2 мумфарш карда шудааст.