• Tajik
  • Русский
  • English

  Агентии JIСA бо даъвати беш аз бист нафар хизматчиёни давлатӣ бо ҳадафи донишомӯзӣ дар Ҷапон аз соли соли 1993 бо Тоҷикистон ҳамкории башардӯстонаро шурӯъ намуда, то кунун дар соҳаҳои мухталифи кишвари мо саҳми бесобиқа гузоштааст. Соли 2006, дафтари намояндагии он дар Тоҷикистон таъсис ёфт ва аз ҷониби он лоиҳаҳои гуногун дар соҳаи мухталиф бо мақсади рушди сатҳи зиндагии мардум бо суръат амалӣ гаштаанд. Барномаҳои муҳиме ба мисли беҳсозии таъмини оби нӯшокӣ, ҳифзи саломатии модару кӯдак, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ тариқи рушди хоҷагии деҳот ва саноат, соҳаи энергетика, нақлиёт, назорати марз ва рушди иқтидор алъон аз барномаҳои муҳим дар амал ҷории ин созмон мебошанд.

  JIСA ҳамчун агентии иҷрокори кумаки расмии Ҷопон саҳми арзандаи худро барои рушди захираҳои инсонӣ, паҳн намудани технология ва беҳтарсозии инфрасохтор тавассути кумаки техникӣ ва кӯмаки бебозгашт дар заминаи ёриҳои дуҷониба қариб панҷоҳ сол боз ба роҳ мондааст. Ва инчунин масъалаи пешгирии офатҳои табии дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барномаи муҳимро доранд.

  Кӯмаку ёриҳоиJIСA дар Тоҷикистон бар заминаи усулҳои маъмули барномаи башардустонаи ҷаҳонӣ ниҳода шудаанд. Яъне дар олам бисёр мушкилоте ҷой доранд, ки ба танҳоӣ ҳаллу фасл намегарданд ва кӯмаки якҷояи ҷомеаи ҷаҳониро тақзо мекунанд. Ҷунин мушкилотро ба назар гирифта, дар илова ба дурнамои худ JIСA вазифаҳоеро назди худ гузоштааст, ки танҳо тавассути чаҳор амали стратегӣ: кӯмаки ҳамаҷониба, кумаки ҳамавақта, мусоидат намудан бо тараққиёти шарикӣ ва беҳтарсозии идоракунӣ амалӣ шуда метавонанд.

  Чандин сол боз як гурӯҳи ботаҷрибаи роҳсозону лоиҳакашони JIСA бо вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ҳамкорӣ намуда, дар амалӣ шудани лоиҳаҳои бозсозии роҳи автомобилгарди Дӯстӣ- Панҷи Поён, марҳилаи 1 ва 2 (анҷом соли 2010 ), роҳи Қӯрғонтеппа-Дӯстӣ (анҷом 2011), лоиҳаҳо доир ба беҳтар намудани таҷҳизот ва роҳҳои автомобилгарди Вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ (ба анҷом расиданд), лоиҳаҳои беҳтарсозии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, беҳтар намудани таҷҳизот ва нигаҳдории роҳҳои вилояти Суғд ва қисми шарқии вилояти Хатлон, оид ба рушди имконоти хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ, оид ба рушди имконоти пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ дар роҳҳо, ки то соли 2020 кумакҳои зеҳниву техникиву модии худро мерасонанд.

  Ҳадаф аз лоиҳа оид ба беҳтар гардондани нигаҳдории роҳҳои автомобилгард пеш аз ҳама расонидани кумаки техникӣ ба роҳдорон мебошад. Барои иҷрои ин кор дар минтиқаи Ҳисор ва Хатлон, Ҳуҷанд 2,3 миллион доллар маблағ ҷудо карда шуда, он барои гузаронидани семинарҳо оид ба санҷиши ноҳамвории роҳҳо, омӯзиш ва таҷдиди дастурамалҳо оид ба тафтиш ва таъмири роҳҳо, тафтиши роҳҳо дар минтақаи Ҳисор ва Қӯрғонтеппа, гузаронидаи семинар ва машқҳо оид ба таъмири роҳ ва таҳлили натиҷаи фаъолият оид ба таъмири роҳ ва таҳияи нақшаи корҳои таъмирӣ сарф гардидааст. Ба ин омӯзишҳо кормандони беш аз 22 МДНРА-ҳои минтақаҳои Ҳисор ва Қӯрғонтеппа фаро гирифта шуда буданд. Чунин семинарҳо ҳар моҳ дар ҳар як минтақаҳои дар боло зикри шуда гузаронида  мешаванд ва натиҷаҳои мусбиро нишон медиҳанд.

  Айни хол дар худи Вазорати нақлиёти мутахассисони JICA ба лоиҳаи пешгирии офатҳои табии машғул ҳастанд. Ки ин лоиҳа аз моҳи апрели соли 2017 кори худро дар Тоҷикистон оғоз намуд.

  Ҳадафи ниҳоии лоиҳа коҳиши намудани оқибатҳои офатҳои таббии дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ мебошад.

  Лоиҳаи мазкур кумаки  техники ва гузаронидани семинарҳои омӯзиширо ба  мутахассисони соҳаи роҳсозии минтақаи Ҳисор, Суғд, ва Раштро ба роҳ мондааст, то кунун семинари омӯзиши садди пешгири ва бартарфнамудани  офатҳои табии барои татбиқи маълумот ва қайди  офатҳо гузаронида шуданд, ки мутахассисон аз он таҷрибаи  кофӣ гирифтанд.  Ҳамчунин дар лоиҳаи мазкур харидории таҷҳизотҳо ва асбобҳои ченкуни аз тарафи ҷопониҳо датрас карда шуд.

  Сардори лоиҳа тасмим гирифт, ки соли равон мутахассисони Вазорати нақлиёт, ИХРА ва МДНРА- ҳо, ки шомили лоиҳа ҳастанд барои беҳтар ва хубтар омӯхтани барнома  ба давлати Ҷопон барои омӯзиш бифиристонанд. Ҳамчунин ният дорад, ки чунин амалро дар соли 2019 низ иҷро кунад.

  Ногуфта  намонад, ки лоиҳа то соли 2020 кори худро давом медиҳад.

  Аз рӯи талаботи лоиҳа бояд зиёда аз 80% иштирокчиён аз санҷиш мегузоштанд, аммо аз рӯи натиҷаи санҷиш зиёда 90% иштирокчиён аз санҷиш гузаштанд. Қисмати якуми дастурамал оид ба пешгирии офатҳои табиӣ тайёр карда шуда ба Вазорати наклиёт ва идораҳои зер тобеии пешниход шуданд.