• Tajik
  • Русский
  • English

 Имрӯз дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири нақлиёт Худоёрзода Худоёр ҷаласа  баргузор гардид, ки дар он кормандони Дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаю корхонаҳои зерсохтори Вазорат иштирок намуданд.

 Сарфароз гардонидани собиқадори соҳа – Сафаров Турсун бо нишони сарисинагии “Нақлиётчии фахрӣ” ва Хониши идоравӣ дар мавзуи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, “Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” рӯзномаи ҷаласаро ташкил доданд.