• Tajik
  • Русский
  • English

  Дар шаҳри Москва рӯзи 4- уми апрели соли равон гуфтушуниди миёни маъмурияти авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Руссия  анҷом ёфт. Иштирокчиёни гуфтушунид зиёдшавии ҳамлу нақли нақлиёти ҳавоиро миёни кишварҳо арзёбӣ карданд, ки он тибқи нишондодҳои соли гузашта 14% ташкил медиҳад. Ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки минбаъд ҳамкориҳоро дар соҳаи ҳавопаймоӣ байни ин ду кишвар густариш дода, ҷадвали парвозҳои таъиншудаи ширкатҳои интиқолдиҳандаро барои мавсими тирамоҳву зимистони солҳои 2017 - 2018 тасдиқ намуданд.

  Ширкатҳои интиқолдиҳандаи дар гуфтушунид иштирок дошта, аз натиҷаи он қаноатмандӣ изҳор доштанд.