• Tajik
  • Русский
  • English

Моҷарои ҳавоӣ: Русия барои Тоҷикистон парвозҳоро манъ кард ва Тоҷикистон ҷавоби акс дод

Вақтҳои охир моҷарои ҳавоии миёни Тоҷикистону Русия шиддат гирифт. Тавре Муовини Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Набизода иттилоъ дод, рӯзи 30-юми март аз ҷониби Вазорати нақлиёти Русия ба ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва «Тоҷик Эйр» барқия омад, ки тибқи он аз шаби 2-юми апрел иҷрои парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Екатеринбург - Душанбе, Душанбе-Иркутск-Душанбе, Душанбе - Қазон - Душанбе, Душанбе - Краснодар-Душанбе, Душанбе – Красноярск - Душанбе, Душанбе - Санкт-Петербург - Душанбе, Душанбе – Сочи - Душанбе, Хуҷанд - Қазон - Хуҷанд ва Хуҷанд -Санкт-Петербург-Хуҷанд манъ карда шуд. Ҳамчунин муҳлати иҷозатномаи парвоз дар хатсайри Хуҷанд-Маскав-Хуҷанд аз 5 апрел ба охир мерасад.

Ба гуфти масъулин ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар барқияи "Росавиатсия” гуфта шудааст, ки манъи парвози ҳавопаймоҳои ин ширкат ва "Тоҷик Эйр" бо қарори Вазорати нақлиёти Русия сурат мегирад. Ин ширкат масъаларо ба тасдиқ нашудани дархости "Уралские авиалинии" дар мавриди иҷрои парвозҳо аз ҷониби Вазорати нақлиёти Тоҷикистон рабт дорад.

- Баъди дастрас гардидани барқиянома мо ба ҷониби Русия ҷавоб ирсол намудем, ки дар он гуфта шуда буд: «ин маҳдудият то музокироти дуҷониба байни Тоҷикистону Русия, ки рӯзҳои наздик баргузор хоҳад шуд, бояд мавқуф гузошта мешуд. Вале бо сабабҳои номаълум аз ҷониби Русия ягон паёме ворид нашуд. Аз ҳамин лиҳоз мо низ тасмим гирифтем, ки аз 2 апрел як қатор иҷозатномаҳои парвоз ба Душанбе ва Хуҷандро аз  Русия  бозпас гирем, ки ба 11 хатсайри ҳавоии зерин  дахл дорнад: Екатеринбург – Душанбе – Екатеринбург, Иркутский - Душанбе - Иркутский, Казан - Душанбе - Казан, Краснодар – Душанбе – Краснодар, Красноярский - Душанбе - Красноярский, Санкт - Петербург - Душанбе – Санкт- Петербург, Санкт - Петербург - Хуҷанд – Санкт - Петербург, Новосибирский - Хуҷанд - Новосибирский, Новосибирский – Душанбе - Новосибирский, Казан - Хуҷанд - Казан, Екатеринбург - Хуҷанд – Екатеринбург», - гуфт Азиз Набизода.

Ҷиҳати ҳалли мушкилоти бамиёномада барои иштирок дар гуфтушунид рӯзи 3 апрел ҳайати корӣ аз Тоҷикистон ба Маскав сафар карданд, ки ба он намояндагони Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёт, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ, вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва адлияи ҷумҳурӣ,  ҳамчунин ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон – Эйр» ва «Тоҷик - Эйр» шомил буданд.

- Умедворем, ки дар ҷараёни музокирот ба ҳалли мусбии ин мушкил хоҳем расид. Мо тарафдори онем, ки миёни давлатҳо дар иҷрои парвозҳо паритет, яъне баробарӣ риоя гардад, ки ҳадафи гуфтушунид низ ҳамин  аст, - афзуд Азиз Набизода.

Ёдрас мекунем, ки моҷарои ҳавоӣ миёни Душанбеву Маскав пас аз он сар зада буд, ки Тоҷикистон рӯзи 12-уми марти соли равон ба ширкати русии "Уралские авиалинии" иҷозати парвоз дар масири нави Перм-Душанберо надод. Русия таҳдид карда буд, ки аз чораҳои дигарро, аз ҷумла, қатъи парвози ҳавопаймоҳои Тоҷикистонро истифода мекунад.​ Ҷониби Тоҷикистон ширкатҳои русиро ба нақзи усули паритет ва ё баробарӣ айбдор мекунад. Ҷониби Русия парвози ширкатҳояшро ба созишнома мувофиқ медонад ва аз Тоҷикистон талаб дорад, ки ба парвози ширкатҳо иҷозат бидиҳад.

"Уралские авиалинии" рӯзи 27-уми март бо нашри як изҳорот дар посух ба даъвои ҷониби Тоҷикистон, ки ин ширкат пешакӣ барои дарёфти иҷозаи парвоз муроҷиат накардааст, гуфт, 50 рӯз қабл аз оғози мавсими нави парвоз, ба мақомоти Тоҷикистон дархост фиристода будаст. Ширкат мегӯяд, ҷониби Тоҷикистон бидуни огоҳӣ 30 фоизи парвози ҳавопаймоҳояшро кам кард.

Қаблан мақомоти Вазорати нақлиёти Русия барои ҳалли ин мушкил ҷониби Тоҷикистонро рӯзи 22 ва 23-юми март ба музокирот хонда буд. Аммо мақомоти тоҷик аз ҷониби Русия хост, ки музокирот то 2- апрел мавқуф гузошта шавад.

Сипас, рӯзи 8-уми март ҷониби Русия тасмим гирифт, ки барои ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва «Тоҷик Эйр» дар долони ҳавоӣ нуқтаҳои даромад ва баромад ба ҳудуди Русияро иваз намояд ва сабаби онро ба серпарвозӣ дар хатти ҳавоӣ рабт доданд. Ин амал барои ширкатҳо мушкилоти нав эҷод мекард, ки он ҳам вақти зиёд ва ҳам сарфи маводи сӯхти бештарро талаб карда, барои мусофирон нороҳатӣ ба миён меовард. Роҳбарони авиатсионии Тоҷикистон аз ин амал изҳори нигаронӣ намуда, ба ҷониби Русия нома ирсол кардаанд. Лекин дар муддати 7 рӯз ҷавоби мукаммал нагирифта, дар ҷавоби ин амал «чораҳои ҳамсон» дида, аз 16-уми март барои ширкатҳои ҳавоии Русия низ дар долони ҳавоӣ нуқтаи даромад ва баромадро иваз намуданд. Азиз Набизода ин амалро шарҳ дода гуфт, ки мо дар ҳама гуна ҳолат «паритет» - баробариро риоя мекунем.

Масъаларо пайгирӣ намуда, дар шумораҳои баъдии ҳафтаномаи «Нақлиёт» иттилои бештар пешкаш хоҳем намуд.