• Tajik
  • Русский
  • English

  Санаи 27- уми декабри соли равон дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Вазири нақлиёт ва ташкилотҳои нақлиётию мақомотҳои байналмилалӣ пешниҳоди рӯйнамо ва муҳокимаи лоиҳаҳои сармоягузорӣ доир ба амалӣ намудани имкониятҳои потенсиалии соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ дар маҷмааи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Аз ҷумла,

- лоиҳаи бунёди Маркази ягонаи иттилоотӣ-логистикии нақлиётӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳтаргардонии сатҳу сифати хизматрасонии нақлиётӣ ва васеъгардонии доираи хизматрасониҳои логистикӣ тибқи меъёрҳои амалкунандаи байналмилалӣ;

- лоиҳаи ба роҳ мондани коргоҳи миллӣ ва истеҳсолии корти рақамии тахографҳо барои воситаҳои нақлиёти байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эҳтиёҷоти воситаҳои нақлиёти байналмилалии минтақа ҷиҳати иҷрои талаботи Конвенсияи ЕСТР/AETR ,  мақомотҳои дахлдори байналмилалӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

- лоиҳа оид ба барномасозии намунаи электронии борхати молию нақлиётии шакли байналмилалӣ – CMR ҷиҳати соддагардонии истифодабарии он дар ҳамлу нақли байналмилалӣ дар доираи Конвенсияи КДПГ ва ба роҳ мондани ҳисоботҳои дақиқи омории ҳаҷми бори интиқолшаванда аз Ҷумҳурии Тоҷикистон.