• Tajik
  • Русский
  • English

  Санаи 12-уми январи соли равон дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи омӯзиш ва тарғиби Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 бо иштироки кормандони масъул, сардорони муассисаю корхонаҳои зертобеи Вазорат баргузор гардид.

  Нишастро муовини вазири нақлиёт Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон ифтитоҳ намуда, оид ба аҳамияти Паём дар пешрафти кори соҳа, нуқтаҳои муҳими баррасиёфта дар бораи маҷмааи роҳу нақлиёт ва дар амал татбиқ намудани ин нуқоти Паём маърӯза кард.

  Сипас, сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Курбонзода Хуршед, раиси Созмони ҷавонони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералиев Умедҷон ва Сардори шуъбаи кадрҳо  КВД “ПИТ ва ЛК” Хоҷаев Муҳаммадӣ сухан карданд. 

  Дар охир сардори Раёсати таҳлил ва дурнамои иқтисодӣ  Шоиста Саидмуродова лоиҳаи Нақшаи - чорабиниҳои Вазорати нақлиёт оид ба амалӣ намудани Паёмро ба саҳми ҳозирин расонд.

Маълумоти муфассал дар Ҳафтаномаинақлиёт”.