• Tajik
  • Русский
  • English

   Имрӯз дар Вазорати нақлиёт бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма  нишасти матбуоти оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаи нақлиёт дар нимсолаи якуми соли 2018 баргузор гардид. Вазири нақлиёт Худоёрзода Худоёр Завқибек аз ташрифи хабарнигорон изҳори сипос намуда, ба саволҳои сершумори хабарнигорон посухҳои қонеъкунанда доданд. Бояд ёдовар шуд, ки бештари саволҳои хабарнигорон вобастагӣ дошт ба нақлиёти шаҳрӣ. 

 Маълумоти муфассал дар ҳафтаномаи “Нақлиёт”